Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода

Паёми

табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода 

бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳамдиёрони азиз!

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва шинохти асолати миллӣ заминаи боэътимод гузошта, имкон фароҳам овард, ки дар ин муддати кўтоҳи таърихӣ бузургтарин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба анҷом расонида шавад.

Маҳз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мамлакат даст ба ҷабҳаи меҳнат ва ободкорӣ зада, дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.

Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз насиб гардонид.

Тоҷикон дар масири таърих аз шебу фароз ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошанд ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашонро нигоҳ доштаанд. Заковату хирадмандӣ, ватандўстию хештаншиносӣ ва мардумсолории Пешвои муаззами миллат ва мардуми тоҷик буд, ки бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» Истиқлолият ба даст омад ва тўли 29 сол аст, ки дар кишвар ҳукмфармо гардидааст.

Истиқлолият барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Соли 2020 новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳон, таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ, барои вилояти Хатлон соли таърихӣ ва пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди маҳал ба шумор меравад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро анҷом додаанд. 

Ба истиқболи ин ҷашни фархунда бунёду азнавсозии 7667 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ 4700 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз он ҷумла 330 адад иншоот дар соҳаи маориф, 531 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 123 муассисаи фарҳангӣ, 287 иншоот дар самти варзиш, 241 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, 31 иншоот дар самти кишоварзӣ, 73 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сохтмон ва таъмири 98 пул, мумфаршкунии роҳҳои афтомобилгард 1300 километр, сангфаршкунии роҳҳо 1501 километр, 631 маркази хизматрасонӣ ва савдо то ин давра ба истифода дода шудаанд.

Раванди бунёдкорию созандагӣ дар вилоят бо мароми баланди меҳнатӣ идома дорад, ки гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи шаҳрвандон, бахусус соҳибкорон ва мардони бонангу номус, барои фардои ободу осуда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва заҳмату талошҳои шабонарўзии Пешвои маҳбубу муаззами миллат буда, самараи сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти комили мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар мушкилтарин лаҳзаҳо, марҳилаи авҷи пандемия ғамхории Пешвои муаззами миллатро мардуми Хатлон эҳсос карда, аз кумакҳои роҳбарияти олии сиёсии кишвар бархўрдор гардиданд. Воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ, таъсиси муассисаҳои нави тиббӣ имконият фароҳам овард, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ зина ба зина беҳтару хубтар гардад. 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба тамоми қишрҳои ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии ҷавонон ва варзишгарон, оммавигардонии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим шароитҳои мусоид фароҳам оварда истодааст.

Дар пеш маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро интизор аст. Интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, нишонаи олии давлатдорӣ мебошад. Боварӣ дорам, ки мардуми вилояти Хатлон дар ин маърака иштироки фаъолона намуда, ба тарафдории номзади арзанда овоз медиҳанд ва саҳми муносиби худро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз мегузоранд.

Тадриҷан афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ, зиёд шудани маоши кормандони касбу кори гуногун, таъмини рушди соҳаҳои кишоварзию саноат, сохтмон, бунёду азнавсозии роҳу пулҳо, иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва маишӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз дастовардҳои муҳими давлатдории мо ба ҳисоб меравад, ки бояд ба қадри ин неъматҳои бузурги Истиқлолият расем. 

Бигузор роҳи кишвари соҳибистиқлоламон ба сўйи ояндаи дурахшон, ба сўйи пешрафту тараққиёт ҳамеша ҳамвору нурбор ва пур аз фатҳу зафарҳо бошад.

Таманно дорам, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаланду сарфароз бошад.

29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони сарбаланди вилоят самимона табрик гуфта, сари баланду неруи тоза ва комёбиҳои навро орзумандам.

Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Пояндаю ҷовидон бод, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ!

Раиси вилояти Хатлон                                           Қурбон Ҳакимзода

Добавить комментарий