Бойгонӣ

ИНЪИКОСИ ВОҚЕЪБИНОНАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ЖУРНАЛИСТИКАИ МУОСИР

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари дорои таҷрибаи нодири сулҳсозӣ шинохта шудааст. Саҳифаи таърихи навини Тоҷикистон маҳз аз Иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардида, баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ваҳдати тоҷиконро устувор гардонид. Ба ваҳдат овардани як миллати ба сангарҳои муқобил ҷудошуда кори саҳлу осон набуд. Барои ин панҷ соли талошу аз худ гузаштан баҳри аз вартаи нобудӣ раҳо кардани миллати тоҷик, ҳашт давраи музокирот, гуфтушунидҳо дар сатҳҳои гуногун лозим шуд. Халқи тоҷик тавонист бо иродаву сарсупурдагии фарзандони меҳанпарасташ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон алорағми душманонаш истиқлолияти худро ҳифз кунад. Ин сабақи таърих барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистон омӯхтанист, то ки ба ин давра воқеъбинона баҳо дода тавонад, ба қадри ҷоннисориҳои насли калонсол бирасад. Дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ китобу хотираҳои зиёде таълифшудаву рисолаҳои илмӣ навишта шудааст. Ваҳдати тоҷикон мавзӯи асосии эҷодиёти адибон мебошад. Бояд қайд кард, ки журналистика дар кори инъикоси ҷанг ва сулҳсозии ҳаммиллатон нақши бориз дорад. Журналистика аз рӯйи рисолати хеш бо сиёсат робитаи қавӣ дорад. Он на танҳо воқеаҳои сиёсӣ, фаъолияти ҳизбу сиёсатмадоронро бозтоб менамояд, балки барои таҳрик додани андешаи сиёсии аудитория мусоидат мекунад.

Фаъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо идеологияи бунёдгаронаи исломӣ дар солҳои 90-уми асри 20 барои кишвари мо чи фоҷиаро ба бор овард, ба ҳама маълум аст. Дар қатори ҳазорҳо қурбоншудагон журналистони тоҷик ҳам буданд. М. Шерализода, М. Олимпур, О. Латифӣ, С. Раҳимзод Афардӣ, Ҳ. Ҳайдаршо, Ҷ. Ҳотамӣ, В. Никулин, С. Ситковский ва аз вилояи Хатлон Т. Қобилов, Ш. Кишвардухт, П. Сатторӣ, З. Суярӣ, Ш. Қосимов ва дигар кормандони воситаҳои ахбори омма маҳз барои касби журналистиашон аз тарафи мухолифин қатл ва ё беному нишон гардиданд. Онҳо рисолати воқеъбинона инъикос кардани ҳаводиси он давр, фош намудани мақсадҳои нопоку тахрибкоронаи бунёдгароёни исломиро бо баҳои ҷон иҷро карда, ба пешаи худ содиқ монданд.

Ҷои таассуф аст, ки дар ҳайати ташкилотҳои террористию экстремистии ба Тоҷикистон душман, аз ҷумла Паймони миллӣ дар Аврупо журналистон, собиқ мухбирони нашрияҳои мустақил амалҳои хиёнаткоронаи худро нисбати Тоҷикистон ва миллати худ идома медиҳанд. Иғвогариҳои иттилоотии онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, радио ва телевизионҳои онлайнӣ паҳн мешаванд. Муҳтавои иттилооти фейкӣ, яъне бардурӯғ ва таҳрифшуда, ки воқеияти ҷомеаи Тоҷикистонро инкор карданӣ мешавад, талвосаи ҷонкании даррандаи захмдорро мемонад, ки тавони мубориза надорад.

Рӯзи аввали конфронс дар Лаҳистон се нафар – ду мухбир, наворбардор бо логотипи АТВ назди мо омада, барои мусоҳиба карданамон иҷозат хостанд. Ҷавонони тоҷик худро намояндагони телевизиони мустақили осиёмиёнагӣ муаррифӣ карданд. Вақте аз доштани аккредитатсия пурсон шудем, ба ташвиш афтоданд. Маълум буд, ки онҳо чеҳраи аслии худро ошкор карданӣ нестанд ва мехоҳанд бо роҳи фиреб мусоҳиба кунанд. Имрӯз технологияи иттилотӣ чунон пеш рафтааст, ки сохтани фейк, таҳрифи факт имкон дорад. Онҳо ин корро хуб омӯхтаанд.

Вақте ки аз минбари конфронсҳои байналмилалӣ ин тӯдаи гумроҳшудагон бо даъвои демократия, озодии сухан, таъқиби журналистон, ҳифзи ҳуқуқи инсон баромад мекунанд, аз он бӯйи ғараз, маҳалгароӣ, таҳқири инсон ва манфиати шахсӣ меояд. Гӯё онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфтан мехоҳанд, ки дар ғамиТоҷикистонанд. Дар асл барои манфиати шахсӣ қодиранд барои хоҷагони худ дилхоҳ иттилоотро омода намоянд. Дар суҳбат бо мухбири телевизиони «Садои мардум» аз Беҳрӯзи Тағойзода оид ба набудани миллати тоҷик, форсӣ будани адабиёти тамаддуни мо шунидам, дарк кардам, ки мағзшӯйи ҷавонон онҳоро на танҳо аз Ватан, балки аз ному насаб, мазҳабу дин ҳам дур кардааст. Ба Салмон тағйир додани номи аслии тоҷикона, бо лаҳни шикастаи форсӣ сухан кардани ӯ ба кадом хоҷагон хизмат кардани ин қабил ҷавонони гумроҳро мефаҳмонд. Ба саволи ман, ки дар шиносномааш миллаташ чӣ сабт шудааст, дар ҷавоб лол мондани ӯ маълум кард, ки иҷрои ин нақшаи ҷиддиро дигарон назорат мекунанд.

Коргардонҳо Темури Варқӣ, Равшани Темуриён барин журналистоне буданд, ки аз Амрикову Канада омада, ба шогирдонашон маводу баромад тайёр мекарданд. Ба андешаи онҳо озодии баён ва тавозуни афкор бояд тамоман садде надошта бошад. Ҳумайрои Бахтиёр бошад, худро сиёсатдони гузаро меҳисобад. Дар журналистика як чизи муҳимро фаромӯш кардан нашояд, ки ба ғайр аз уҳдадорӣ масъулият барои сухани худ, мусоидат ба муттаҳидию нафъи ҷомеа асосист. Озодии сухан нисбатан аст ва мутлақ буда наметавонад. Ин журналистон аз сарпарастон ва муассисони худ вобастаанд. Камбудиҳои ҷомеаро гуфтан аз муғризона ва қасдан эрод гирифтан ба мушкилоти иҷтимоӣ, паст задани Ватану миллат дар назди дигарон фарқ дорад. Ин тоифа худро бо журналистони Тоҷикистон «ақидатӣ дигар» меҳисобанд. Ин тафовут дар тарғиби ташкили давлати исломӣ, риояи қонунҳои шариат дар солҳои навадум дар навиштаҳои журналистони маҳалгарову шӯрангез низ мушоҳида мешуд ва аз ҳамон давра сарчашма мегирад. Имрӯз муҳтавои маводҳояшон мазмуни дигар касб кардааст. Иддаои озодии мутлақи сухан, гирдиҳамоиҳо, озод кардани маҳбусони сиёсиро дар чаҳорчӯбаи демократия ҷилва доданӣ мешаванд. Баста шудани воситаҳои ахбори оммаи мушкилоти иқтисодӣ дошта, ба хориҷа рафтани журналистони ҷавон дар кадом давлати олам нест. Ин раванди табиӣ ба ҳамаи давлатҳо хос аст.

Дар фазои иттилоотӣ бо сармоягузории хадамотҳои ҷосусии давлатҳои хориҷӣ нисбати Тоҷикистон даҳҳо сомонаҳо ташкил шудаанд, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Ахбор. ком, Озодандешон. орг, Восток-нюс, Кимиё-ТВ, радиои Паём, Зиндониён. ком, Рисолат. Тҷ барои танқиди роҳбарияти кишвар, ҷудоиандозӣ, даъват ба норизоӣ садҳо барномаҳоро таҳия мекунанд. «Фабрикаи ҷавоб» пайваста маводҳои ғаразнок омода карда, тахрибкорӣ менамоянд. Мутаассифона, сухани сӯзанда барои нодида гирифтани дастовардҳои истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст. Фаъолияти Мирзои Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин мисоли равшани он мебошад. Аз бетаҷрибагиву зудбоварии журналистони ҷавон истифода намуда, онҳоро ба фаъолияти махфии хиёнаткорона ҷалб кардан низ чиро мефаҳмонад? Иғвоангезӣ ва пастфитратиро. Фозилов Хуршед, Исмоилова Саодат, Маҳмадаминов Шаҳридин, Азимов Рустамбек, Афзалов Фурӯзон, Давлатова Маҳина шояд аз қонунгузории соҳаи ВАО ва Меъёрҳои ахлоқии рафтори журналистӣ дар Тоҷикистон хабаре надоранд. Иттилооте, ки онҳо онро чун мол фурӯхтаанд, ба ивази шикастани савганди журналистӣ - хизмат ба халқу ҳақиқат сурат гирифтааст. Дастнигари маблағгузории хориҷиён будан аз ору номуси ватандорӣ авлотар донистани ҳирси молу дунё мебошад.

Барои бо иттилоъ оид ба ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон дастрасӣ доштан ва фарогирии аудитория дар ҷумҳурӣ имконияти васеъ фароҳам омадааст. Интишори садҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, даҳҳо таъсиси радио ва телевизионҳои давлатию ҷамъиятӣ, агентиҳои иттилоотӣ, марказҳои матбуотӣ, созмон ёфтани Академияи воситаҳои ахбори омма, фаъолияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, амалӣ гардидани лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти журналистон, риояи стандартҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ вазъи муосири журналистикаи даврони соҳибистиқлолиро ифода мекунанд. Силсила барномаҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, сарнавишти тоҷикон - аз ҷанги бародаркуши таҳмилӣ то сулҳу ваҳдати комили миллат, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории муосир, бунёдкориву ободии диёр тавассути ҳамаи шабакаҳои радио ва телевизионҳо аз масъулияти журналистони тоҷик дар инъикоси дастовардҳои имрӯзаи халқи тоҷик шаҳодат медиҳад. Дар давраи таҳоҷуми иттилоотии душманони миллат сари вақт вокуниш намудан, дар ин мубориза фаъол будани журналистонро тақозо мекунад. Воқеъбинона ва сареъ бозтоб гардидани рухдодҳо ба ҷомеа барои ояндаи беҳтару шоиста боварӣ мебахшад.

Барои мардуми тоҷик ваҳдат маънии зиндагист ва ин неъмат барои ҳаёту меҳнат дар кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёду демократӣ кафолат медиҳад. Боз ҳам обод шудани диёр, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар зеҳни ҳар яки мо ҷой гирифтааст. Дар ҳамин рӯҳия навиштани маводи журналистӣ баҳри устувории Ваҳдати тоҷикон мусоидат хоҳад кард.

                                       Дилором МАҲКАМОВА, дотсенти кафедраи рӯзноманигории

                                     ДДБ ба номи Носири Хусрав

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019