Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТОҶИКИСТОН -ХОНАДОНИ ҶОВИДОНИ ВАҲДАТ
27-июн аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол сипарӣ мешавад. 23 сол инҷониб ваҳдати миллӣ дар саросари кишвари азизамон тантана дорад. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ мардуми барӯманди кишвар дар фазои сулҳу амният, осмони софу беғубор рӯзгори осуда доранду ба ин васила Истиқлолияти давлатӣ пойдору барқарор аст.
Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар натиҷаи он ҳамаи 15 ҷумҳурӣ ҳамчун оилаи ягона маҳсуб меёфтанд, ба давлатҳои мустақилу соҳибихтиёр табдил ёфтанд. Яъне онҳо бе хунрезӣ соҳибистиқлол гардиданд.
Мутаассифона, дар ҷумҳурии мо қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ вазъи номусоиду ногувори иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро баҳона карда, гурӯҳҳои мухолифинро бар зидди ҳукумати конститутсионӣ бархезониданд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари ободу осудаи моро ба доми оташ кашид ва ба мамлакат зарари бузурги иқтисодиву маънавӣ расонид. Дар натиҷаи ин ҷанги бемаънӣ садҳо биноҳои маъмурию истиқоматӣ, роҳҳою купрӯкҳо, мактабу кӯдакистонҳо валангор гардиданд. Аз ҷониби гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст ғоратгарӣ ва дуздию талаву тороҷгарӣ авҷ гирифта, ба амали муқаррарӣ табдил ёфта буд. Маҳсулу дастранҷи солҳо ҷамъовардаи мардум барбод рафт. Хисороти моддии ба мамлакат расонидаи ҷанг бештар аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод. Ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони ин ҷанги таҳмилӣ мешуданд. Ба қавли шоир «Хоки Ватан аз мурда безор буд».
Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ натиҷаи ниҳоии гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва мураккабҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик мебошад, ки моҳи
апрели соли 1994 (дар Теҳрон) оғоз ёфта, моҳи июни соли 1997 (дар Москва) бомуваффақият анҷом пазируфт.
Оре, табиати сулҳҷӯёна, сабру таҳаммулгароӣ, хислати миллии тоҷикон (менталитети миллӣ), ки ҳамеша ба авфу бахшиш, гузашт ва созиш моил аст, мардумро дубора ба муросою мадоро овард.
Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳу ваҳдатро мустаҳкам месохт, ин ба Ватан баргардондани гурезаҳои иҷборӣ, ки тибқи оморҳои расмӣ шумораи онҳо аз 800 ҳазор нафар зиёд буду дар хоки бегонаи кишвари ҷангзадаи Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя азоби ғарибӣ мекашиданд, ба ҳисоб мерафт.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷасорату иродаи қавӣ барои баргардонидани ҳамватанони дар ғарибӣ буда ҷон дар кафи даст, дар ҳоле, ки ягон кас, ягон гурӯҳе бехатарии ӯро кафолат намедод, ба хоки ҷангзадаю ноороми Афғонистони ҳамсоя рафт. Ҳазорон ҳамватанони гурезаро ба ҷои зисти муқимиашон баргардонид. Мардум хушбахтона ба ҳам омаданд.
Ба қавли Бедили бузург:
Дӯстони якҷиҳатро дур гаштан хатост,
Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанон, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ ва ояндаи неку дурахшон гарм намуд.
Бояд мардонавор ва бо ифтихор гуфт, ки дар таъмини сулҳи деринтизор ва ризоияти миллӣ нақши Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хеле бузург аст.
Имрӯзҳо ҳамагон шоҳиди онанд, ки тамоми халқ бо азму иродаи қавӣ, бо якдилию иттиҳод кишвари ҳамешабаҳори худро муташаккилона ободу зебо ва сарсабзу назаррабо гардонида истодаанд. Бунёди садҳо корхонаҳои хурди саноатӣ, НБО-и Сангтуда 1, Сангтуда-2, НБО-и Роғун, муассисаҳои замонавии таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳҳо, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ, майдончаҳою толорҳои варзишӣ, пулу нақбҳо ва роҳҳои оҳану автомобилгард, рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ далели гуфтаҳои болоянд. Албатта, ҳамаи ин бунёдкориҳою созандагиҳо ва рушди бемайлони Тоҷикистон самараи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошанд.
Таърихи башарият исбот намудааст, ки таҳкими ваҳдат ва ягонагии мардум дар ҳама давру замон рушди давлатдорӣ, инкишофи илму маърифат ва расидан ба ҳадафҳои олии миллиро таъмин менамояд.
Натиҷаҳои созандагиву бунёдкориҳои замони истиқлол ва ваҳдати миллӣ аст, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ берун гардида, дар роҳи тезтар таъмин намудани амнияти энергетикӣ ва озуқавории мамлакат низ корҳои бузург амалӣ ва қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Акнун ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат роҳандозӣ шуда истодааст.
Тамоми минтақаҳои мамлакат имрӯз бо роҳҳои ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ пайваст буда, шабакаи ягонаи барқии кишвар бунёд гардидааст, ки он ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизамонро таҷассум менамояд.
Оре, имрӯз Тоҷикистон ба Ватани ҳамаи тоҷикистониҳо ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфтааст.
Боиси ифтихор аст, ки чандин давлатҳои дунё бо тавсияи Созмони Милали Муттаҳид ва бо истифода аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба сулҳи деринтизорашон расиданд. Яъне, таҷрибаи сулҳи таърихии моро омӯхтанд.
Дар ҳақиқат Ваҳдат иди шодию нишот, фараҳ ва зебою бузургтарин баҳори рӯзгори мост. Зеро ҳамаи хушиҳои зиндагӣ ва барору комёбиҳои фаъолияти мо аз он сарчашма мегирад. Барои ҳамин ҳамаи моро мебояд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Таманнои онро дорем, ки Ваҳдати миллии мо ҳамеша пояндаву ҷовидон бошад ва аз забони шоир мегӯем:
Тоҷикистон, канори ту диёри Ваҳдат аст,
Хоки ту зархез з-оби чашмасори Ваҳдат аст.
Домани кӯҳат макони поки аҷдодони ман,
Офтобат пурсаховат аз шарори Ваҳдат аст.
Аъзам БОБОЕВ, рӯзноманиго
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД