Бойгонӣ

ВАҲДАТ МИЛЛАТРО БА ҲАМ ОВАРД


Ҷоизи қайд аст, ки 27-июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан, таъмини сулҳу субот, сарҷамъи миллат ва зиндагии ороми мардуми мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ҳаргиз аз хотири сокинони ватандусти он зудуда нахоҳад шуд.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон аст, ки ҳамасола 27 уми июнро ҳамчун Рӯзи баимзорасии санади муҳими таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд.

Ба ин хотир бо чанд суоле атрофи роҳҳои бадастоварии Ваҳдати миллӣ, нақши Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти мардум ба Назарзода Бахтиёр Худоёр сардори Раёсати молияи вилояти Хатлон муроҷиат намудем.

- Азбаски вилояти Хатлон маркази гарми даргириҳои соли 1992 буд, мардуми вилояти Хатлон ин ҷанги бемаъниро бештар бо чашми сар дидаанд ва бештар аз дигарон аҳамияти таърихии сулҳу созишро дарк мекунанд, баҳри пойдории амнияти давлат ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷаҳду ҷадал менамоянд. Бо меҳнати созанда дар таҳкими сулҳу ваҳдат ҳисса мегузоранд.

Асоси ваҳадти миллӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳ бо мухолифии гуфтушунидҳо оғоз гардид ва дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳим тањия ва тасвиб гардида, дар натиҷа, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба  имзо расид. Баъди ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ дар мамлакати мо марҳилаи нав-сулҳу суббот, ба ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи барқарорсозии харобиҳои ҷанг оғоз ёфт.

Инак, аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон 23-сол пур шуд. Маҳз самараи ваҳдати сартосарии мамлакат буд, ки имрўз сатҳи иқтисодиёти давлат пеш рафт, зиндагии шоиста насби мардуми Тоҷикистон шуд.

Воқеан ҳам ин санади муҳим дар таърихи навини тоҷикон сарнавиштсоз ва ҳалкунанда буд, зеро ин созишнома ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид. Барои оғози рушди давлатдори тоҷикистон, ҳаёти орому осудаи мардум замина гузошт. Ваҳдати миллӣ далелест барои пойдории давлат ва бақои миллати тоҷдори Тоҷикистон.

Маҳз самараи Вахдати сартосарии кишвар кормадони соҳаи молияро ба комёбиву музаффариятҳои баланд расонид. Ҳамзамон қайд намудан лозим аст, ки маҳз ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри Ватан ва муқаддасоти миллӣ- истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву аҳлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшиш намояд. Ваҳдати миллӣ бо талошу љонбозиҳои фарзонафарзандонаш чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати азияткашидаи тоҷик муяссар гардид.

- Барҳақ шоир Лоиқ Шералӣ гуфт буд:

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ ба диёри мо омад.

Ба ростӣ, чӣ маҳфуми зебоест Ваҳдати миллӣ. Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад.

Вазифаи ҳар сокини бедордилу худогоҳ, худшиносу ватандӯсти диёр аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоя намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.

Далер Шарипов, котиби матбуоти Сарраёати молияи вилояти Хатлон

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019