БОРОНИ СЕЛ БА НОҲИЯИ ХУРОСОН ЗАРАР ОВАРД

Бар асари офати табиӣ- омадани сел санаи 14 майи соли 2020 як сокини ноҳияи Хуросон  ба ҳалокат расидааст.   Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи фавқуллода  дар вилояти Хатлон хабар додааст.


Ба иттилои манбаъ, ин нафар сокини 55 солаи  деҳаи Пахтаобод аз Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ будааст.


Гуфта мешавад, ки борони бардавоми  санаи 14 май дар ҳудуди  Ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ ва Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон беш аз 3 соат идома карда, омадани селро ба дунбол дошта, ба манозили зисти мардум хисорот расонидааст.


Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон khatlon.tj иттилоъ додааст, ки зери роҳбарии Умед Зоҳирзода- муовини раиси вилояти Хатлон Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон аллакай ба фаъолият шурӯъ карда аст. Комиссияи мазкур ҳаҷм ва миқдори хисороти расидаро муайян мекунад.


Дар  ҷойи ҳодиса кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон  ва хизматчиёни ҳарбии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар ба корҳои бартарафкунии офати табиӣ машғуланд.  


Дар ҳамин ҳол Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то санаи 19 май  дар ҳама манотиқи кишвар ҳавои ноустуворро пешгӯӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки бар асари боришоти зиёд дар баъзе манотиқ эҳтимолияти баланд шудани оби дарёҳо, зери об мондани заминҳои наздик ба соҳил, кӯчиши замин ҷой дорад.


Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар робита ба ин шаҳрвандони кишварро ҳушдор додааст, то дар рӯзҳои боришот бе зарурат сафар накунанд ва дар сурати ба вуқуъ омадани ҳолати фавқулода ва ё рӯйдоди нохуш бо  телефонҳои 93 880 28 19; 221-91-19; 223-13-11 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар диҳанд.

                                                                                                        А. ФАЙЗАЛӢ

Добавить комментарий