Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 22 июни соли 2026 дар шаҳри Бохтар Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст, масъалаи ахбороти раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №45 мавриди баррасӣ қарор гирифта, ваколати вакили навинтихобшуда тасдиқ гардид.
Сипас, рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 июли соли 2024 таҳти №159 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024, №327 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024–2028» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки татбиқи барнома дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об ва рушди соҳаи кишоварзӣ натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, корҳои амалишавии он дар шаҳру ноҳияҳо идома доранд.
Ҳамчунин, ҳисоботи сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 ноябри соли 2022, №344 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022, №484 «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022–2027» шунида шуд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, таъсиси муассисаҳои нави хусусии таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои таълимӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.
Дар идомаи иҷлосия масъалаҳои ҷорӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба пешбурди корҳои ободониву созандагӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар фарҷоми иҷлосия ба роҳбарони сохторҳо ва мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда, таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА




