Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАХТАКОРӢ: ИЛМ, ТАҶРИБА ВА ДУРНАМО
Пахтакорӣ аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ аст, ки барои ба даст овардани ҳосили фаровон ба парвариши он бояд диққати ҷиддӣ дод. Дар ин мавзуъ бо Муҳиддин Абдуллоев, номзади илмҳои кишоварзӣ, мудири шуъбаи селексияи пахтаи миёнанахи Филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом додаем.
– МУҲТАРАМ МУҲИДДИН АБДУЛЛОЕВ, КАДОМ ОМИЛҲО БОИСИ КАМҲОСИЛӢ МЕГАРДАНД? БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ ПАХТА, БА КАДОМ КОРҲОИ МУҲИМИ АГРОТЕХНИКӢ БОЯД ДИҚҚАТИ ҶИДДӢ ДОД?
– Сабаби асосии камҳосилӣ, пеш аз ҳама, иҷро нашудани корҳои саривақтии агротехникӣ ва риоя накардани талаботи парвариш мебошад. Барои дарёфти ҳосили дилхоҳ, зарур аст, ки тамоми марҳилаҳои агротехникӣ – аз шудгори тирамоҳӣ то сарчинкунии пахта дар муҳлатҳои муқарраршуда бо сифати баланд анҷом дода шаванд.
Замин бояд пеш аз кишт хуб ҳамвор карда шуда, хок нарм гардонида шавад, то чигит баробар неш занад. Барои кишт танҳо тухмиҳои хушсифати кондитсионӣ (ба шароит мутобиқ)-ро, ки ба иқлим ва хок мувофиқ бошанд, истифода бурдан лозим аст. Хусусан, тухмии навъи элита ва репродуксияҳо (такрористеҳсолкунӣ)-и дараҷаҳои 1, 2 ва 3 тавсия дода мешавад, ки бояд дорои қувваи нашъунамои на камтар аз 90 фоиз бошанд.
Инчунин, чигит пешакӣ дар корхонаҳои пахтатозакунӣ заҳролуд карда шавад. Ҳангоми кишт ба қаторҳо ворид намудани нуриҳои фосфорӣ низ зарур аст. Риояи дақиқи муҳлати кишт ва оғози саривақтии коркарди байни қаторҳо аз давраи аввали сабзиш кафолати ҳосили хуб мебошад.
– РИОЯИ ДУРУСТИ АГРОТЕХНИКА ЧИСТ?
– Ҳар як амалиёти агротехникӣ, новобаста аз он ки дастӣ анҷом дода мешавад ё бо истифода аз техника, бояд сари вақт ва дар муҳлатҳои муайяншуда иҷро гардад. Танҳо дар ин сурат метавон ба рушди муътадили растанӣ ва ҳосили дилхоҳ ноил гардид.
– ОБДИҲӢ БОЯД ЧӢ ГУНА СУРАТ БИГИРАД?
– Барои ба даст овардани ҳосили фаровон ва хушсифати пахта, ниҳолҳо бояд дар ҳамаи давраҳои нашъунамо бо миқдори зарурии об таъмин гарданд. Муҳлати мусоиди обёрӣ барои пахтазор аҳамияти бебаҳо дорад. Обёрии замин дар давраи нашъунамо асосан ба се марҳила тақсим мешавад:
- давраи аввал – аз рӯзи неш задани чигит то оғози гулкунӣ,
- давраи дуюм – аз рӯзи гулкунӣ то пухта расидани кӯракҳо,
- давраи сеюм – аз пухта расидан то шукуфтани кӯракҳо.
Дар марҳилаи то гулкунии ниҳолҳо, замин бояд баробар то чуқурии 50-70 см намнок карда шавад. Талаботи ниҳолҳои пахта ба об дар давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ афзуда, муҳлати ҷоришавии об бояд то сиёҳтоб шудани пуштаи ҷӯякҳо дароз карда шавад.
Дар заминҳои сабук ва миёна, ки оби зеризаминӣ дар чуқурӣ ҷойгир аст, давомнокии обёрӣ бояд 1,5-2,0 шабонарӯз ва дар заминҳои хокашон вазнин 2,5 шабонарӯзро ташкил диҳад.
Бо мақсади пешгирӣ аз рехтани шонаву гул дар давраи ҳарорати баланд, обёрии шабона аҳамияти махсус дорад. Дарозии ҷӯякҳо вобаста ба намуди замин набояд аз 80-120 метр зиёд бошад.
Дар давраи пухта расидан ва оғози шукуфтани кӯракҳои пахта талаботи ниҳолҳо ба об коҳиш меёбад. Дар ин давра ба пахтазорҳо оби сабук яъне, ҷӯяк дар миён об мондан лозим аст.
– ИСТИФОДАИ НУРИҲО ВА ТАРТИБИ ҒИЗОДИҲӢ БОЯД ЧӢ ГУНА АНҶОМ ДОДА ШАВАД?
– Дар давраи нашъунамои ниҳолҳои пахта ду-се маротиба додани нуриҳои минералӣ мувофиқ буда, натиҷаи хуб медиҳад. Нурии якум бояд то пайдо шудани 2-3 барги ҳақиқии ниҳолҳо гузаронида шавад. Дар ин марҳила аз омехтаи нуриҳои азотӣ ва фосфор истифода мебаранд.
Нуридиҳии дуюмро дар давраи саросар шонабандии ниҳолҳои пахта иҷро кардан лозим аст, зеро дар ин давра ниҳол ба нуриҳои азотӣ ва калий ниёз дорад. Аз ин рӯ, ба он омехтаи нуриҳои азотӣ ва калийро ворид мекунанд.
Барои ба даст овардани ҳосили 35-40 сентнер ва бештар, меъёри солонаи нуриҳои минералӣ бояд чунин бошад: азот – 150-200 кг, фосфор – 120-140 кг ва калий – 50-60 кг дар як гектар. Ин миқдор дар самаранокии парвариши пахта нақши муҳим дорад.
– ОЁ МУБОРИЗА БО ҲАШАРОТИ ЗАРАРРАСОН ВА КАСАЛИҲО МУҲИМ АСТ? АГАР ҲА, ЧӢ ТАДБИРҲО БОЯД АНДЕШИДА ШАВАНД?
– Бале, мубориза бо ҳашароти зараррасон ва касалиҳо дар давраи нашъунамои ниҳолҳои пахта аҳамияти калидӣ дорад. Барои ҳосили хушсифату фаровон гирифтани пахта, хоҷагиҳои пахтакор бояд чораҳои зарурии муборизаро бо истифода аз усулҳои агротехникӣ, кимиёвӣ ва биологӣ сари вақт анҷом диҳанд.
Саривақт ва дуруст гузаронидани ин чорабиниҳо имконият медиҳад, ки аз хароҷоти зиёдатӣ ва талафоти ҳосил пешгирӣ шавад. Аз ҷумла, зараррасонҳое чун тортанаккана, шира ва кирми ғӯза метавонанд ба пахтазорҳо хисороти ҷиддӣ ворид созанд.
Аз ин рӯ, бо пайдоиши аввалин нишонаҳои ҳашароти зараррасон бояд фавран ба пошидани воситаҳои кимиёвии ҳифзи растанӣ оғоз кард.
– ДАР РОБИТА БА ОМОДА НАМУДАН ВА Ё ТАЪМИНОТИ КАДРҲОИ СОҲИБТАҶРИБА ЧӢ НАЗАР ДОРЕД? ДАР ИН САМТ НОРАСОГИИ МУТАХАССИСОН ЭҲСОС НАМЕШАВАД?
– Яке аз масъалаҳои муҳим ва мушкил ин таъмини кадрҳои соҳибтаҷриба мебошад. Аз чӣ сабаб бошад, ки баъд аз хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, бисёре аз мутахассисони ҷавон ба корхонаҳои илмӣ ба кор намеоянд. Ин ҳолат ба рушди соҳа монеъ мешавад ва зарурати эҷоди шароити ҷалби мутахассисони баландихтисосро тақозо мекунад.
– АЗ ҲАМКОРИИ ДЕҲҚОНОН БО МУТАХАССИСОН ВА ОЛИМОН ҚАНОАТМАНД ҲАСТЕД?
– Ҳамасола аз ҷониби олимони Филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон ду-се маротиба семинарҳои илмию амалӣ ва 6 –7 маротиба рӯзҳои саҳро баргузор мегарданд. Дар доираи ин чорабиниҳо вохӯриҳо бо кишоварзон ва мутахассисон баргузор шуда, тавсияҳои зарурии илмӣ пешниҳод мегарданд. Аммо, бо вуҷуди ин, шумора ва фарогирии чунин чорабиниҳо ҳанӯз ҳам кам аст. Олимон имкони вохӯрӣ бо тамоми хоҷагиҳо ва деҳқононро надоранд, бинобар ин зарур аст ҳамкорӣ боз ҳам густариш дода шавад.
– ВОБАСТА БА ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИҲОИ ТУХМИПАРВАРӢ ЧӢ НАЗАР ДОРЕД? ОЁ МЕТАВОНАНД ТАЛАБОТИ КИШОВАРЗОНРО ДАР ТАЪМИНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ҚОНЕЪ НАМОЯД?
– Дар вилояти Хатлон феълан 57 хоҷагии тухмипарварӣ фаъолият дорад. Вазифаи асосии ин хоҷагиҳо иборат аст аз:
1. Таъмини пурраи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ бо тухмии хушсифати ватанӣ;
2. Афзоиш додани тухмӣ ва ҷорӣ намудани намудҳои нави тезпазу серҳосил ба истеҳсолот.
Хоҷагиҳои тухмипарвар бояд танҳо тухмии тозаи навъҳои серҳосилро кишт намоянд, ки тозагии онҳо барои тухмии элита 100 фоиз, репродуксияи (такрористеҳсолкунии) якум 99 фоиз, дуюм 98 фоиз ва сеюм на камтар аз 96 фоизро ташкил диҳад.
Ҳар як хоҷагии тухмипарварӣ бояд танҳо як навъи пахтаи тасдиқшудаи ноҳиябандишударо истеҳсол намояд. Парвариши навъҳои дигар дар чунин хоҷагиҳо манъ аст.
Мутаассифона, на ҳамаи хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба ин талабот ҷавобгӯянд, ки ин метавонад ба сифати тухмӣ ва ҳосилнокии умумӣ таъсири манфӣ расонад.
– БА ШУМО ТАШАККУР, КИ БА ВОСИТАИ МАҶАЛЛАИ «САФО» ЧУНИН ТАВСИЯҲОИ МУФИДРО БА КИШОВАРЗОН ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕД.
– Ба шумо ва аҳли қалами «Сафо» низ сипос мегӯем, ки ба чунин мавзуи муҳим таваҷҷуҳ кардед.
Суҳбаторо М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо
ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД