МАМНУЪГОҲИ «БЕШАИ ПАЛАНГОН»
Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои мавзеъҳои хушбоду ҳаво, олами набототу ҳайвонот, парандагони нодир, гулу гиёҳ ва кӯлу дарёҳо мебошад. Ин мавзеи табиӣ, ки қариб 50 ҳазор гектар ҳудуд дошта, дар вилояти Хатлон ҷойгир буда, бархе аз мавҷудоти он дар китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» яке аз зеботарин мавзеи мамлакатамон ба ҳисоб рафта, аҳамияти калони экологӣ дорад. Он дар қисмати ҷанубу-ғарбии кишвар дар болообӣ дарёи Аму, соҳили рости дарёи Панҷ ва поёнобӣ дарёи Вахш љойгир аст.
«Бешаи палангон» ном гирифтани мамнуъгоҳ аз ибтидои солҳои 30-50-уми асри гузашта ба яке аз намудҳои ҳайвоноти нодир-паланги тӯронӣ, ки дар ин мавзеъ умр ба сар бурдааст, иртибот дорад. Мавзеъҳои ҷойгиршавӣ ва гашту гузори паланги тӯронӣ ин туғайзори қад-қади дарёи Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, соҳили дарёи Қизилсу ва Ёхсу ба ҳисоб мерафт. Охири солҳои 50-уми асри гузашта, бо сабаби шикори ғайриқонунӣ ва маҳдуд гардидани макони сукунат паланги тӯронӣ ин мавзеъро тарк намудааст. Дар соли 1959 охирон изи пойи паланги тӯрониро мушоҳида намудаанд, ки сарҳади Тоҷикистонро убур карда, ба давлати ба мо ҳамсоя Афғонистон гузаштааст. Айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест. Ба ақидаи бархе аз олимони соҳаи зоология ин намуд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми рӯйи Замин нест шудааст.
Тибқи маълумотҳои ба дастомада дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” қариб 50 намуди хайвонот ва зиёда аз 480 намуди дарахту гиёҳҳо мављуд буда, баҳри ҳифзи ин дороиҳои табиии диёр Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешидааст. Айни замон ҳудуди мамнуъгоҳ ба 4 минтақа, 9 дидбонгоҳ ва 65 квартал тақсим гардидааст, ки дар онҳо кормандони масъул шабонарӯз фаъолият мекунанд.
Аз намояндагони синфи ширхӯрон дар ҳудуди мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ, ғизол, гурбаи қамишзор, кафтор, мири мушон, хуки ваҳшӣ, ҳашаротхӯри пакана, ҷайраи ҳиндӣ ва ғайра дучор мешаванд. Яке аз зеботарин намуди ширхӯрони мамнуъгоҳ ин гавазни бухороӣ мебошад, ки дар туғайзорҳо паҳн шудааст. Мутаассифона, дар давраи нобасомониҳои солҳои 1992-1993-ум саршумори ин намуд аз сабаби шикори ғайриқонунӣ коҳиш ёфта буд. Лекин бо саъю кӯшиши кормандони мамнуъгоҳ солҳои охир саршумори ин намуд рӯ ба афзоиш овард ва тибқи маълумотҳои солҳои охир дар мамнуъгоҳ 250 гавазни бухороӣ вомехӯрад.
Ҳоло дар дохили мамнуъгоҳ ду парваришгоҳ барои нигоҳубин ва зиёд намудани парандагони нодир ва бештар намудани саршумори оҳуҳо ташкил карда шудааст, ки дар он се намуди оҳу- гавазни бухороӣ, сайгак, ҷеран мавҷуд аст. Ба гуфтаи табиатшинос Таваралӣ Соҳибназаров хӯроки асосии гавазни бухороӣ ин саксавул мебошад. Аз ин лиҳоз дар ҳудуди мамнуъгоҳ аз ҷониби масъулин майдони кишти ин намуди растанӣ васеъ карда шудааст.
«Бешаи палангон» бо дороиҳои гуногуни табииаш дар миёни дигар мамнуъгоҳҳои дунё мавқеи хоса дорад. Зеро дар ҳудуди он бисёр унсурҳои табиие, ки барои мавҷудияти ҳайвоноту парандагони зиёди нодир лозим аст, мавҷуд мебошад. Ба монанди талу теппаҳо, қумистон, регистон, бешазор, қамишзор ва кулу дарёҳо - афзуд, Т. Соҳибназаров.
Мувофиқи маълумоти олимони Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди мамнуъгоҳ 122 намуди парандагон ба қайд гирифта шудааст, ки чор намуди онҳо - каргаси сиёҳ, тазарви тоҷикӣ, ҷек, мурғи сахо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» ворид шудааст.
Ба гуфтаи Толиб Салимов, ходими илмии мамнуъгоҳ парандагони муқимӣ ин мавзеи табиӣ-мурғи даштӣ, кафтар, гунҷишк, лаклак, мурғобӣ, акка, булбул ба шумор мераванд. Ба парандагони мавсимӣ бошад турнаҳо, ғозҳо, мурғобӣ, лаклакҳо, қашқанак, бакланҳои калон ва хурд-авганка мансубанд.
Мамнуъгоҳ манзараҳои гуногуни табиӣ дорад, аз як тараф минтақаи биёбон, аз тарафи дигар минтақаи туғайзор, кӯлҳои сершумори мамнуъгоҳро иҳота намудаанд, ки ба табиати он зебоӣ ва гуногунрангӣ мебахшад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ, инчунин, поёноби дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Айни ҳол дар мамнуъгоҳ зиёда аз 20 кӯл боқӣ мондааст. Кӯлҳо макони зисти обсабзаҳо, содатаринҳо, харчангҳо, гамбускони обӣ, нармтанҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвоноти обӣ мебошанд. Дар кӯлҳои мамнуъгоҳ айни ҳол 16 намуди моҳӣ мављуданд, ки баъзеи онҳо намудҳои эндемикӣ, яъне доираи паҳншавии маҳдуддошта мебошанд.
Кӯлҳои мамнуъгоҳ макони зимистонгузаронии парандагони минтақаҳои сард мебошад. Бо фарорасии фасли зимистон ба кӯлҳои мамнуъгоҳ баъзе намуди парандагон аз Сибири Россия, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Чин кӯчиш намуда, то фарорасии фасли гармо дар ин ҷо мемонанд. Дар қисмати нимбиёбон ва туғайзори мамнуъгоҳ аз намояндагони синфи хазандагон сангпушти осиёимиёнагӣ, геккони шонаангушт, лундасараки регӣ, куброи осиёимиёнагӣ, гурза ва дигар намудҳои нодир вомехӯранд.
Яке аз калонтарин калтакалосҳои замони муосир сусмори хокистаранг (эчкамар) дар минтақаи биёбони мамнуъгоҳ дучор мешаванд, ки онро «тимсоҳи биёбон» низ меноманд. Экосистемаҳои мамнуъгоҳ макони зисти доимии парандагони муқимӣ буда, барои зимистонгузаронии парандагони муҳоҷир низ шароити мусоид дорад. Бо кӯшишу заҳмати масъулини мамнуъгоҳ бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори парандагони нодир соли 2012 парваришгоҳи махсусе сохта шудааст, ки дар он шутурмурғ, тазарв, кабк, дуғдоғ парвариш карда мешавад.
Аз ҳайвоноти бесутунмуҳра дар ҳудуди мамнуъгоҳ намояндагони содатаринҳо, исфанҷҳо, гидраҳо, кирмҳо, нармтанҳо, тортанакшаклон ва ҳашаротҳо васеъ паҳн шудаанд. Аз ҳама сершумортарин гурӯҳи ҳайвоноти мамнӯъгоҳ ин ҳашаротҳо мебошанд, ки ҳаёташон бо дарахту буттаҳои мамнуъгоҳ зич алоқаманд аст. Аз ҳашаротҳо дар мамнуъгоҳ сӯзанаки кириченко, сӯзанаки императорӣ, гаҳвораҷунбони дарахтӣ, амблитесписи мишенко, мантиси саркалон, кирминаи қирмизии талхак, ганданафасаки тӯронӣ, чӯбхӯраки қиррамӯйлаб, махаон, шапалаки сафеди томирис ва ғайра дучор мешаванд.
Олами набототи мамнуъгоҳ низ хеле бой аст. Мувофиқи маълумотҳои олими соҳа дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди растаниҳо мерӯянд. Аз ин миқдор 322 намуд растаниҳои хӯроки чорво, 49 намуд растаниҳои техникӣ, 44 намуд растаниҳои дармонӣ, 10 намуд растаниҳои муфтхӯр ва 22 намуд растаниҳои заҳрнок мебошанд.
Дар биёбони мамнуъгоҳ зағоза, саксавул ва ҷулғун вомехӯранд. Дар атрофи кӯлҳо ва резишгоҳи дарё намудҳои зиёди растаниҳо аз авлодҳои бед, сафедор, ангат, санҷид паҳн шудаанд. Дар туғайзорҳо бошад, най, найшакар, эриантус, лух, шутурхор ва дигар алафҳои баландпоя дида мешаванд. Аз ҷиҳати шакли зист асоси флораи мамнуъгоҳро растаниҳои алафӣ ташкил медиҳанд, ки миқдорашон ба 524 намуд мерасад.
Аз намудҳои нодир ва камшумори растаниҳо дар ҳудуди мамнуъгоҳ занбурӯғи даштӣ, усманияи поячааш дарози хам, лолаи Тюберген, каперси Розанов, дубаргаи бухороӣ ва ғайра дида мешавад, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.
Олами ҳайвоноту наботот чун як ҷузъи табиати зинда, яке аз манбаҳои муҳими зебогии он мебошад ва масъалаи муҳофизати табиат аз нуқтаи назари нигоҳ доштани намудҳои гуногуни ҳайвоноту наботот яке аз масъалаҳои мубрами рӯз дар тамоми сатҳи рӯйи Замин гаштааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи соҳа, ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ дар роҳи ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи устувори гуногунии биологии ин мамнуъгоҳ нақша-чорабиниҳои гуногунро амалӣ менамоянд, то ҳолати табиии мамнуъгоҳ ба стандартҳои байналмилалии ҳудудҳои ҳифзшаванда ҷавобгӯ бошад ва он статуси «мамнуъгоҳи биосферавӣ»-ро соҳиб шавад. Аз ин рӯ, муносибати оқилона ба табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа омилҳои асосие мебошанд, ки дар оянда ҷиҳати ҳифзу нигаҳдории гуногунии биологӣ нақши муассир мегузоранд.