Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
13 май 13:36АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Мақолаҳо / Сохтмон ва меъморӣ
ЛЕВАКАНТ ДАР МАСИРИ РУШД
Истиқлоли давлатӣ боис гардид, ки тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати беҳсозии вазъи кору хизматрасонӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат тақвият ёбад. Имрӯзҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои ободонӣ вусъат ёфта, иншооти зиёди гуногун, ки боиси таҳкими инфрасохтори шаҳру ноҳияҳо мегарданд, бунёду навсозӣ мешаванд.
Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Левакант низ бомаром идома дошта, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ин шаҳри зебо ба куллӣ симояшро дигар кардааст.
БУНЁДИ 71 ИНШООТ ДАР НАҚША
Тавре зимни суҳбат раиси шаҳри Левакант Мастура Табарӣ иброз намуд, шаҳри Левакант бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар давоми солҳои охир ба дастовардҳои назаррасе ноил гардидааст. Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр гувоҳи он аст, ки заҳматкашони он дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаҳои арзанда саъю талош менамоянд.
– Имрӯз ҷумҳурии азизамонро ба корзори бузурги сохтмонӣ шабеҳ мебинем, ки шаҳри Левакантро метавон амсилаи хурди он ном бурд. Бунёдкорӣ, махсусан солҳои охир дар раванди омодагиҳои умумимиллӣ ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ равнақи тоза гирифта истодааст. Ба ин хотир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант то ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 71 иншооти таъйиноти гуногунро бо арзиши беш 1,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифтааст, ки аз ин шумора аллакай қисмати зиёди онҳо бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, – мегӯяд Мастура Табарӣ.
Ба иттилои ӯ аз иншооти банақшагирифташуда 14 иншоот ба соҳаи истеҳсолу саноат, 7 иншоот ба соҳаи кишоварзӣ, 10 иншоот ба соҳаи маориф, 1 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 6 адад ба соҳаи варзиш ва сайёҳӣ, 13 иншоот ба соҳаи роҳу нақлиёт, 1 адад ба соҳаи таъминот бо об ва 19 адади боқимонда ба дигар соҳаҳои иҷтимоию маишии шаҳр рост меоянд.
– Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда баҳри пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои созанда ва бо мақсади вусъати корҳои ободонию созандагӣ, махсусан, дар деҳот, бо назардошти афзоиши аҳолӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҳамаи ҷаҳду талошҳои мо баҳри боз ҳам зебову дилрабо гаштани Ватани маҳбуб ва беҳтар шудани шароити зисту зиндагии сокинон равона карда шудааст, – гуфт дар идомаи суҳбат М. Табарӣ.
СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиребу маконҳои сайёҳиаш феълан макони тамошобобе барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ шудааст. Дар ин радиф шаҳри Левакант низ бо мавзеъҳои дилрабояш сайёҳони зиёди дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб месозад.
Левакант дорои захираҳои бой ва мавзеъҳои нодир барои рушди сайёҳӣ буда, дар он имкониятҳои рушди сайёҳии экологӣ, агросайёҳӣ, истироҳатӣ, куҳнавардӣ, варзишӣ ва аспсаворӣ фароҳам мебошад.
Тавре Мастура Табарӣ мегӯяд, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти он мавзеъҳои таърихию сайёҳии зиёде мавҷуд буда, барои истироҳату фароғати сокинони маҳалливу сайёҳон тамоми шароити лозимӣ фароҳам оварда шудааст. Дар шаҳр 6 мавзеи сайёҳӣ, 10 хомстей, ду боғи фарҳангию фароғатӣ, ду осорхона, як китобхонаи марказӣ, ду меҳмонхона, як тарабхона, 14 ошхона ва 15 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ тибқи талабот фаъолият намуда истодаанд. Инчунин, дар Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” – дар соҳили дарёи Вахш аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ меҳмонхонаҳою мавзеъҳои фароғатӣ сохта шудаанд, ки ҳамарӯза барои қабули меҳмонон омода мебошанд.
Хулоса
– Дар маҷмуъ, дар шаҳри Левакант дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ корҳои назаррасе ҷараён дошта, итминони комил дорем, ки сокинони заҳматқарини он дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои нек ва дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки сокинони шаҳр сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, барои рушду шукуфоии ин гӯшаи зебои кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд, – гуфт дар фарҷоми суҳбат Мастура Табарӣ.
Сулаймон СУЛТОНОВ, ш. Левакант
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



