Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Шинохти дӯст
Дар бораи инсонҳо навиштан кори осон менамояд, аммо дар асл муаррифии ҳатто шахсе, ки хуб мешиносӣ, мушкил будааст. Гумон мекунӣ, ки дигарон ҳам дар бораи ӯ маълумоти зиёд доранд. Душворӣ дар он аст, ки аз кадом кору хислат ва комёбиҳояш ҳарф занӣ, камӣ мекунад. Дар ин маврид мо одатан , “ ба муаррифӣ ҳоҷат надорад” мегӯем.
Дар арафаи шастсолагии муҳаққиқи варзида, рафиқу ҳамкорам Давлаталӣ Алимов меҳрномае нигоштан маро ба андеша бурд. Дар бораи кадом самти фаъолияташ нависам? Олим буданаш, устод буданаш, узви шуроҳои диссертатсионӣ будану барои илми таърихи тоҷик саҳм доштанаш ё ба сифати як шахсияти самимиву хоксор буданаш ? Медонам, ки дар бораи ӯ бисёриҳо навиштаанд. Дар донишномаҳои донишгоҳиву маълумотномаҳои энсиклопедӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо нигоштаҳои ҳамкасбону шогирдони олим С. Маҳмуд, Муродиён Ҳ. Наимзода Қ., Ш. Азизулло, Р. Худоёрзода, Р. Абдулҳаев, С. Шарипов, М. Ҷалилов, Ф. Наботов ба нашр расидаанд. Сифати устод Алимов чун ситораи пурҷилои илми таърих ва соҳибрутба, муҳаққиқе аз Хатлонзамин, равшанбахши роҳи фардои шогирдон, таърихнигори фарҳехтаи тоҷик барои арҷгузорӣ ба меҳнати илмиву устодии ӯ мувофиқанд.
Ба қавле “олим шудан осону одам шудан не”-ро ба инобат гирифтаму диди хешро аз ин зовия баён кардам. Зеро шахсияти инсон ҳамеша муҳим боқӣ мемонад. Бо Давлаталӣ аз рӯзҳои аввали шиносоӣ бо забони русӣ муошират мекунем. На барои он ки забони адабии тоҷикро хуб намедонем ё бо шева суҳбат кардан намехоҳем. Мутахассисони даврони шуравӣ забони русиро хуб медонанд. Аз рӯйи масъулияти доштааш устод Алимов, ки солҳои зиёд дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳри Душанбе адои вазифаи ҳарбӣ кардааст, донистану муоширати русӣ зарурат буд. Барои хизмати содиқона ба Ватан то рутбаи подполковник расидани Давлаталӣ Алимов гувоҳи он аст, ки дар ҳар вазифае фаъолият дошт, аз сидқи дил ва виҷдон муносибат кардааст.
Шӯхиомез якдигарро “большой друг “ меномем. Воқеан, ҳар навъ будани дӯстон пӯшида нест. Дар забони русӣ дӯстони ҳақиқиро чунин ном мебаранд.
Онҳое, ки ӯро аз наздик мешиносанд, ба неру, талоши иҷрои кор ва меҳнатдӯстиаш қоиланд. Устод намунаи одамони пурэнержӣ, серҳаракат ва қадршиносӣ вақту натиҷаи кор мебошад.
Ҳамчун муҳаққиқ ба пажӯҳиши таърихи Хатлон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва масъалаҳои сохтмони хоҷагии об ва азхудкунии заминҳои навкорами ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон дар асри 20 тасмим гирифтани Д. Алимовро бояд на танҳо чун таҳқиқоти илмии соҳаи таърих қабул намоем. Дар онҳо эҳсоси худшиносӣ ва ҳувияти миллиро дарёфтан мумкин аст, ки аз муҳаббати ӯ ба зодгоҳ, вилояти Хатлон маншаъ гирифтааст.
Таълифи китобҳои илмӣ, монографияҳо, барномаву дастурҳои таълимӣ , маърузаҳо дар конфронсҳо ҷузъи муҳими фаъолияти илмиву методии Д. Алимов аст. Ӯ ба эҷоди маводи журналистӣ низ шавқ дорад. Дар мавзуи ватандориву ҳифзи марзу бум ва тарбияи ҷавонон пайваста маводи журналистӣ менависад. Чун узви Иттифоқи журналистон бо бисёр воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.
Д. Алимов устоди раҳнамо аст. Чун устодонаш Х. Абдуназаров, Р. Абдулҳаев барои тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ саҳм мегузорад. Шогирдонаш, номзадҳои илм Ф. Наботов, М. Ҷалилов ва М. Назаров дар раванди таълими фанҳои таърих бо омода кардани мутахассисони оянда қадамҳои устувор мегузоранд.
Давлаталӣ Алимов ҳамчун доктори илмҳои таърих , профессори кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар шуроҳои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия низ фаъолияти густурда дорад. Ҳамчун ихтисосманд барои арзишдиҳӣ ва тасдиқи рисолаҳои илмии муҳаққиқон муносибати ҷиддӣ дорад.
Дар пасманзари ҳамаи ин кору пайкор, фидоӣ будан ба касби омӯзгориву муҳаққиқӣ меҳнати инсони комилу дар зиндагӣ дар такопӯ буда гӯё пинҳон аст. Медонем, ки ҳеҷ дастовард бе заҳмату талош ба даст намеояд. Сабру таҳаммул, шабзиндадорӣ, машварату муҳокимаҳои рисолаву эҷоди мақолаҳои илмиву журналистӣ, барои комёб шудани шогирдон баробари онҳо масъулият доштанро шахсе дар ниҳоди худ дошта метавонад, ки барои амалӣ шудани ормону мақсадҳояш пайваста, бо иродаву боварӣ пеш меравад.
Итминони комил дорам, ки Давлаталӣ Алимов боз солҳои зиёд барои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишҳои соҳаи таърих саҳм мегузорад ва барои равшанӣ андохтан ба паҳлуҳои кашфношудаи таърихи миллати тоҷик тасмим мегирад. Зеро ӯ чун шахсият, зиёӣ ва устоду муҳаққиқ инро вазифаи худ меҳисобад. Подоши ин эҳтиром ва ҷойгоҳи хоса пайдо кардани Д. Алимов хоҳад буд.
Маҳкамзода Дилором Юнус, дотсенти кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК



