Бойгонӣ
Май 2025 (3)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)

ИММУНИЗАТСИЯ- НАҶОТИ ҲАЁТ

Таҳкурсии устувори солимии ҳар як инсон аз аввали зиндагии кӯдакиаш поягузорӣ мешавад. Яке аз марҳилаҳои асосии ин поягузорӣ, ки дар соатҳои аввали ҳаёти кӯдак cap мешавад, иммунизатсия мебошад. Иммунизатсия равандест, ки тавассути он масунияти бадан дар натиҷаи гузаронидани ваксина баланд шуда, ба бемориҳои сироятии ба воситаи ваксина идорашаванда таъсирнопазир мегардад.
Миллионҳо одамон то давраи истифодабарии иммунизатсия ҳамчун усули пешгирии бемориҳои сироятшаванда, гирифтори бемориҳои гуногуни сироятӣ шуда, баъзе аз онҳо ба маъюбшавӣ ва баъзеашон мубталои фавт мегардиданд. Тавассути иммунизатсия инсоният тавонист аз чунин бемориҳои сироятии хатарнок - ҳамчун нағзаки табиӣ (натуральная оспа), гулӯзиндонак, фалаҷ, сурхча ва ғайраҳо раҳоӣ ёбад.
Иммунизатсия яке аз самтҳои асосии соҳаи тиб ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он таъмин намудани солимии ҷомеа мебошад.
Фаъолияти соҳаи иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ» амалӣ гардида истодааст, ки мақсади асосӣ пеш аз ҳама маҳв намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда ва паст кардани маъюбшавию фавти кӯдакон аз ин бемориҳо мебошад.
Бо шарофати дуруст ба роҳ мондани соҳаи иммунопрофилактика дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сатҳи бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда оҳиста-оҳиста паст шуда истодааст ва гуфтан ба маврид аст, ки айни замон чунин бемориҳои сироятӣ ба монанди фалаҷ, гулӯзиндонак ва сурхчаю гулафшон дар марҳилаи маҳвшавӣ қарор доранд.
Иммунизатсия одамонро аз кадом бемориҳо эмин медорад?
Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди 10 намуд бемориҳои сироятӣ иммунизатсия гузаронида мешавад, аз ҷумла бемориҳои фалаҷ (полиомиелит), гепатити В, сил, кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузози навзодон, сирояти гемофилии намуди b, сурхча, гулафшон ва диареяи кӯдакон, ки сабабгорашон ротавирусҳо мебошанд.
Баъзе намудҳои иммунизатсия танҳо як бор, баъзеаш вобаста ба хосияти иммунобиологиашон якчанд маротиба дар давоми ҳаёти кӯдак гузаронида мешаванд. Муҳимаш он аст, ки кӯдак бояд мувофиқи Тақвими миллӣ ҳамаи намуди иммунизатсияро қабул кунад.
Аз ин лиҳоз, дар таваллудхона кӯдак дар давоми 24 соати аввали баъди таваллуд иммунизатсияро бар зидди бемориҳои фалаҷ ва гепатити В бояд қабул кунад. Дар рӯзҳои 3-5-уми баъд аз таваллуд бошад, бар зидди бемории сил иммунизатсия гузаронида мешавад. Баъдан, дар 2, 3 ва 4- моҳагӣ, кӯдакон бар зидди бемориҳои фалаҷ, кабудсулфа, гулӯзиндонак, кузози навзодон, сирояти гемофилии намуди b ва диареяи кӯдакон, ки сабабгорашон ротавирусҳо мебошанд, бо вояҳои 1, 2 ва 3-юми ин ваксинаҳо фаро гирифта мешаванд. Дар 12 моҳагӣ бошад, иммунизатсияро бо вояи 4-уми ваксинаи зидди фалаҷ ва вояи 1-уми ваксинаи сурхча/гулафшон мегиранд. Баъд аз 1-солагӣ (дар давоми 16- 23 моҳагӣ) дар кӯдакон иммунизатсияҳои такрорӣ бо ваксинанҳои АКДС, сурхча/гулафшон ва дар 6- солагӣ вояи такрории сурхча/гулафшон) дар якҷоягӣ бо ваксинаи АДС (яъне зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз) гузаронида мешавад. Саривақт, мувофиқи нақша иммунизатсия гирифтан, масунияти баланди кӯдаконро бар зидди бемориҳои сироятии идорашаванда таъмин менамояд. Доимо дар хотир бояд дошт, ки пешгирии беморӣ чандин маротиба осонтар ва камхарҷтар аз табобати он аст. Аз ин лиҳоз ба тамоми волидайн муроҷиат намуда, фаҳмонидан лозим аст, ки танҳо иммунизатсия кӯдакони онҳоро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз менамояд. Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад ва бояд ҳатман бар зидди бемориҳои сироятӣ иммунизатсия карда шавад.
Падару модарон кӯдаконро ба иммунизатсия бояд чӣ гуна омода намоянд?
Ҳар як падару модар оид ба гузаронидани иммунизатсия аллакай дар таваллудхона огоҳӣ меёбад. Тавре дар боло қайд намудем, вояҳои аввали ваксина, дар соатҳои аввали баъд аз таваллуд дар таваллудхона гузаронида мешавад. Кормандони тиб баъд аз гузаронидани иммунизатсия ба волидайн шиносномаи иммунизатсияи кӯдакро тақдим мекунанд. Шиноснома ҳамчун ҳуҷҷати хотиррасон оид ба иммунизатсия ба волидайн хизмат мерасонад. Ҳангоми шиносоӣ бо ин ҳуҷҷат, волидайн ба ҳама саволҳои худ нисбати иммунизатсия маълумоти пурра пайдо менамоянд.
Дар ин ҳуҷҷат, ному насаби кӯдак, санаи таваллуд, ҷойи истиқомат, муассисаи хизматрасон, сабти иммунизатсияи кӯдак, маълумот дар бораи бемориҳои сироятие, ки ба воситаи иммунизатсия идорашавандаанд ва моҳияти гирифтани иммунизатсия дарҷ шудааст. Инчунин, дар Тақвими миллии иммунизатсия бо эзоҳояш, ки дар он намуди ваксина ва бар зидди кадом беморӣ истифода бурда мешавад, маълумот пешниҳод шудааст.
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки корманди тиб дар ин ҳуҷҷат санаи гирифтани вояи навбатии иммунизатсияро қайд мекунад ва аз волидайн хоҳиш менамояд, ки бо шиноснома ба муассисаи тиббии маҳалли зист дар санаи қайдшуда ҳозир шаванд.
Дар муассисаи тиббӣ ба ҳар як кӯдак корти қайди иммунизатсия (шакли 63) пур карда мешавад. Ҳар як иммунизатсия аз тарафи корманди тибби соҳибтаҷриба дар муассисаи тиббии ҷойи зист ройгон гузаронида мешавад.
Дар гирифтани иммунизатсияи кӯдак пеш аз ҳама падару модар бояд масъулияти моҳияти сари вақт гирифтани иммунизатсияро ба зимма гиранд. Нозукии дигари ин масъала дар он аст, ки фосилаи байни вояҳо бояд риоя карда шавад, вагарна масунияти қавиро бар зидди бемориҳои мақсаднок ба даст оварда наметавонем.
Ҳар як кӯдак пеш аз гирифтани иммунизатсия ҳатман бояд аз муоинаи тиббии табиби оилавӣ ва ё минтақавӣ гузарад. Табиб дар навбати худ бояд дар ҳуҷҷати шакли 024 ҳолати кӯдак, омодабошии ӯ ба иммунизатсия ва қабули вояҳои навбатии онро сабт кунад.
Баъд аз иммунизатсия онҳо чӣ корҳоро бояд анҷом бидиҳанд?
Волидайн, баъд аз иммунизатсия бояд дар муддати 15-20 дақиқа то ором шудани кӯдак дар ҳудуди муассисаи тиббӣ монад. Ба ҳар як волидайн дастур дода мешавад, ки баъд аз гузаронидани иммунизатсия пеш аз ҳама ба ҳолати умумии кӯдак, назорати ҳарорати бадан ва ҷойи гузаронидани тазриқ (ҷойи сӯзангузаронӣ) диққат диҳанд.
Онҳо набояд аз баланд шудани ҳарорати бадан, бемадорӣ ва инҷиқии кӯдак муддати 2-3 рӯз дар изтироб бошанд, чунки ин ҳолати муқаррарии аксуламали бадан нисбати вояи гузаронидашуда мебошад, ки ҳосилаш пайдоиши масунияти қавии бадан аст. Ҳарорати баланди баданро набояд бо дорувориҳои ҳароратпасткунанда поён оранд, чунки барои пайдо намудани масунияти табиии бадан монеагиҳо ба вуҷуд меоранд. Баландшавии ҳарорати бадан баъд аз гузаронидани иммунизатсия то ба 380С муътадил ба ҳисоб меравад.
Барои чӣ падару модар аз иммунизатсия даст мекашанд?
Бояд қайд кард, ки ҳолатҳои дасткашии волидайн аз иммунизатсия ба назар мерасад. Дар бораи ҳолатҳои баъди иммунизатсия бо волидайн пеш аз гузаронидани ваксинатсия суҳбатҳо анҷом дода мешаванд, вале на ҳамаи онҳо инро хуб дарк менамоянд. Аз ин лиҳоз, дар маҳалҳо ҳолатҳои дасткашӣ аз иммунизатсия ба мушоҳида мерасад. Пайдоиши ҳолатҳои номатлуб пас аз иммунизатсия мувофиқи нишондодҳои оморӣ ба 100 000 нафар аҳолӣ ҳисоб карда мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки ваксинаҳои ба ҷумҳурӣ воридшаванда дорои сертификати Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ буда, дар онҳо эҳтимолияти рух додани ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия хеле паст мебошад.
Оқибатҳои дасткашӣ аз иммунизатсия:
Тавре ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Аз ин рӯ дар ҳолати дасткашии волидайн аз иммунизатсия фарзанди ӯ маҷбуран ё тариқи зӯроварӣ бо иммунизатсия фаро гирифта намешавад. Аммо дар чунин ҳолатҳо, аз волидайн забонхат дар бораи дасткашии онҳо аз иммунизатсияи кӯдакашон гирифташуда, дар Шакли 024 дӯхта мешавад.
Оқибатҳои дасткашӣ аз иммунизатсия барои ҳар як кӯдак бисёр ташвишовар аст, чунки пеш аз ҳама чунин кӯдакон дар ҳолати дучор шудан бо барангезандаҳои беморӣ зуд ва ба осонӣ ба ин бемориҳо гирифтор мешаванд. Зеро дар бадани онҳо масуният нисбати пешгирии беморӣ вуҷуд надорад. Паҳлуи дигари хатари дасткашӣ аз иммунизатсия дар он аст, ки новобаста аз оне чунин кӯдакон худ бемор мешаванд, дар навбати худ сабабгори паҳншавии бемориҳо гашта, дигаронро зери хатар мемонанд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд хуб дарк намоянд, ки танҳо дар мавриди ба пуррагӣ фарогирии кӯдакон бо иммунизатсия мо метавонем пеши роҳи паҳншавии бемориҳоро гирем.
Мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №4 «Оиди таҳлили ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия» дар назди Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии иммунизатсия» гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Дар ҳолати бақайдгирии чунин ҳодисаҳо, ин гурӯҳ сабаби рух додани ҳолатро таҳти таҳлил қарор медиҳад. Дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бошад, мутахассисони соҳавӣ оид ба қайдгирӣ ва саривақт муайян намудани чунин ҳолатҳо бояд коргузорӣ намоянд.

Абдулазиззода Парвиз,
директори Маркази саломатии шаҳри Бохтар
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019