Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад
Кишоварзони пуртаҷрибаи ноҳияи Панҷ дар натиҷаи пурмаҳсул меҳнат намудан азм доранд рӯзҳои наздик ҳосили пиёзи барвақтиро ба бозор бароранд.
Тавре зимни суҳбат Сиҷоуддин Саидов, сардори Идораи кишоварзии ноҳияи болозикр иброз кард, тибқи дурнамо соли равон дар майдони 340 гектар кишти пиёзи барвақтӣ ба роҳ монда шудааст, ки нашъунамои он хуб буда, то 20-уми апрел ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ бароварда мешавад.
Ноҳияи Панҷ яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, деҳқонони чашмикордони он ҳамасола баҳри рушд бахшидан ба самтҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва барои ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тоза талош намуда истодаанд.
Табиату хоки зархези ноҳияи Панҷ баҳри фаровонҳосилии тамоми маҳсулоти кишоварзӣ мусоид буда, бошандагони он аз ин имконот ба таври васеъ истифода карда, дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа ҳиссаи арзандаи хешро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегузоранд.
Деҳқонони ин ноҳия нақша доранд дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин навъи маҳсулоти серистеъмол, ҳамчунин қисмати дигари онро ба хориҷи кишвар содирот намоянд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ



