Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШАРОРАИ ХОТИРАҲО
Чи одате дорам, ки вобаста ба ҳар иду ҷашн хотираҳоям рӯ мезананд, алалхус пеш аз омад - омади онҳо. Ин дафъа низ ҳамин тавр шуд. Гарчи дар бистарам, ёддоштҳоям ба рӯзҳои аввали ба сари давлат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аввалин суханрониҳояшон бархӯрд. Онҳо мисли шарораҳои хурду бузург ҳам аз пеши назарам гузаштанду ҳам дар лавҳи хотирам пайдо шуданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!»
Ин сухани рӯҳбахшу ҷонфизо аз забони он кас дар дақиқаҳои аввалини ба сари қудрат омаданашон, дар Қасри Арбоби ш. Хуҷанд, дар Сесияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки барои тоҷику Точикистон тақдирсоз буд, садо доданд.
Он кас ба ваъдаашон вафо намуданд. Ҷангро барҳам заданду сулҳро пойдор карда, бо ҳамин Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ раҳониданд. Аммо барқароркунии сулҳ ба он кас ба осонӣ даст надод. Зеро барои ба ҳам овардани ҷонибҳои даргир қумандонҳои мухолифин розӣ набуданд. Баъзе қумандонҳои ҷонибдори худи ҳукумат ҳам. Баъзе аз ҳамсафони худашон ҳам. Дек он кас дар ваъдаашон: «Ман ба шумо сулҳ меорам!» устувор истоданд ва Сулҳ оварданд!
Ҳалолашон бод!
«То он замоне, ки як гуреза берун аз хоки Ватан бошад, ман ором намегирам».
Ва ором нагирифтанд. Бо давлатҳое, ки гурезагони тоҷик паноҳ мебурданд, сафир фиристода, масъаларо дар сатҳи давлатӣ ҳал карданд. Намояндагони худро ба назди гурезаҳо фиристода, бо онҳо гуфтушунид карданд. Радиои «Хоки Ватан»-ро таъсис дода, гуфтугӯи гурезагонро бо хешутаборони дар Ватан будаашон ба роҳ монданд. Ҳамин гуна гуфторҳоро ба воситаи радиоҳои давлатҳои ҳамсоя ҳам роҳандозӣ карданд. Аз Созмони Милали Муттаҳид дархостанд, ки дар Тоҷикистон сохтори махсусеро барои баргардонии гурезаҳо таъсис диҳад. Хушбахтона ин дархост дар кӯтоҳтарин муҳлат иҷро гардид. Ин сохтори нави байналхалқӣ дар қатори бисёр корҳои дигар дар ҳамаи ноҳияҳои сарҳадӣ радиостансияҳо кушода, гуфтугӯйи мустақими хешутаборони дуҷониби дарёҳои Панҷу Омӯро ташкил кард. Худи Ҷаноби Олӣ дар баромадашон ба воситаи чандин радиоҳо, гурезагонро барои баргаштан ба Ватан даъват карданд. Аз ҷумла гуфтанд, ки «Мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Аммо як бурда нон ва як пиёла оби ҷӯше, ки дорем, бо ҳам мебинем».
Ба ҷуз ин, Ҷаноби Олӣ шахсан худашон ба назди гурезаҳо рафтанд. Бо онҳо суҳбати рӯ ба рӯ ва чашм ба чашм намуданд. Натиҷа он шуд, ки гурезаҳо ба Ватан баргаштанд ва дар хориҷи кишвар ақаллан як нафаре бо номи нангини «гуреза» боқӣ намонд. Яъне, ки роҳбари ҷавони тоҷикон ин ваъдаашонро ҳам иҷро карданд. Лек кишвари ҷангзада ғарқи гуруснагӣ буд. Аз ин рӯ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин мушкилот низ ташаббуси бесобиқа нишон дода, 75 ҳазор гектар замини ҳосилхезро ба мардум тақсим карданд. Дар баробари ин ба СММ, ба кишварҳои ҷаҳон муроҷиат намуда, ёрӣ хостанд. Дар натиҷа халқи кишварро бо зуддӣ аз гуруснагӣ раҳонданд.
Аҳсанашон бод!
Тоҷикистонро замони Шӯравӣ дар сатҳи ҷаҳон одамони хеле кам медонистанд, дар сатҳи худи давлат ҳам. Чун Тоҷикистонро ном мебурдед, «Это Тошкент?» гуфта мепурсиданд. Он замон забони модарии мо дар ҳоли маҳвшавӣ буд. Дар ягон сохтори давлатию ҷамъиятӣ, ҳатто одитарин фармоиш ё номаро ба забони русӣ менавиштанд. Аз ҷумла коргузории ҳамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳам ба забони рӯсӣ роҳандозӣ мегашт. Аҷиб он буд, ки барандаҳои тӯйҳои арӯсию домодӣ низ бо забони рӯсӣ барандагӣ мекарданд.
Ҷиҳати ташаббусҳои бевоситаи сарвари давлат, забони модарии мо имрӯз аз баландтарин минбари ҷаҳон – СММ садо медиҳад, дар муҳимтарин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор мегирад. Худи Тоҷикистон бошад, аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аст. Бо 190 кишвари ҷаҳон робитаҳои гуногун дорад.
То ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби барфпӯшшавии роҳҳо Тоҷикистон ҳамасола тайи 6 моҳ ба се қисм ҷудо мешуд: Вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд. Тавассути ҷаҳду талошҳои Президенти кишвар, ҳоло дар тамоми 4 фасли сол, ҳамаи минтақаҳои кишвар аз тариқи роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бо ҳам пайвастанд. Натанҳо ба ҳам, балки бо тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ҳам.
Баробари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон гирофтори мушкилоти сахти энергетикӣ гардид. Бисёр ноҳияҳо аз барқ маҳрум шуданд. Ягона роҳи дуруст, таҷдид ва бозсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги нав буд, ки муҳимтарини онҳо НБО-и Роғун аст. Дар натиҷа Тоҷикистон натанҳо ба Истиқлолияти пурраи энергетикӣ расид, балки изофаи барқро ба кишварҳои ҳамсоя интиқол мекардагӣ шуд.
Ҳамаи ин бе шакку шубҳа дастовардҳои роҳбари кишвар, Президенти ману мо аст! Биноан, аз мағз-мағзи дилу ҷон бо суханони шоир мегуем:
Тоҷиконро бо ҳазорон ҳурмату ҳам эҳтиром,
Ошно кардӣ ба олам, тоҷикӣ кардӣ калом.
З-ин сабаб бо меҳри беандоза гӯем: «Офарин!»,
Ҷашни фирӯз бод муборак, Пешвои некном!
Ҳ. Ю. Файзбахш
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



