Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДӮСТӢ. ОБОДОНӢ БА МУСОБИҚАИ ҲАМАГОНӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Дӯстӣ ба майдони васеи корҳои созандагӣ табдил ёфта, бо саҳми мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон симои он рӯз ба рӯз зеботар мегардад. Бунёди иншооти нав, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз дастовардҳои муҳими ин давра ба ҳисоб мераванд.
Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланду меҳнаткаши ноҳияи Дӯстӣ давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири пешрафт ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам оварданд, ки ноҳияи Дӯстӣ рӯз то рӯз ободу зебо гашта, сокинони шарафманди он дар фазои орому осудаи Тоҷикистони биҳиштосо хушу хурсандона умр ба сар мебаранд.
Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ Ҷӯрабек Идибекзода иброз намуд, феълан корҳои созандагию бунёдкорӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия ба мусобиқаи ҳамагонӣ табдил ёфтааст.
– Истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, албатта, бунёди иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатист, ки хурду бузурги ноҳияи Дӯстӣ барои он талош меварзанд. Тавре мебинем, корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳия ҷараёни тоза гирифта, симои меъмории ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия хеле дигаргун гардидаанд, – гуфт дар оғози суҳбат Ҷ. Идибекзода.
Ба иттилои ӯ, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 267 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки феълан 99 фоизи он – яъне 266 бинову иншоот сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Вусъати корҳои ободониро ба инобат гирифта, роҳбарияти ноҳияи Дӯстӣ ба хулосае омадаанд, ки нақшаи иловагиро тарҳрезӣ намуда, шумораи иншооти сохташавандаро зиёд намоянд. Ба гунаи мисол, танҳо давоми соли 2026 дар ҳудуди ноҳия бунёди 25 иншооти гуногунтаъйинот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 2 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар 17 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Ҷӯрабек Идибекзода дар идомаи суҳбат афзуд, ки маблағи умумии иншооти бунёдгардида зиёда аз 374 миллион сомониро дар бар гирифта, қисмати зиёди онҳо бо саҳми соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ бунёд шудаанд.
Яке аз чунин соҳибкорони ҳимматбаланд роҳбари ҶДММ «Манзараҳои Вахш» Саидолим Саломов мебошад, ки бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ корхонаи саноатии истеҳсоли шиферҳои асбестиро бунёд кардааст. Айни ҳол дар ин корхона 45 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимии маошаш муносиб таъмин мебошанд.
Соҳибкори дигар Ҷумахон Назаров дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бо харҷи 550 ҳазор сомонӣ корхонаи коркарди маҳсулоти ширии ҶДММ «Шири Дӯстӣ»-ро таъсис додааст. Ин корхона дар як шабонарӯз то як тонна ширро коркард намуда, 5 намуди маҳсулоти шириро ба бозори дохилӣ пешниҳод мекунад. Дар он 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Ҳамин гуна соҳибкорони ватандӯст дар ноҳияи Дӯстӣ зиёданд, ки пайваста саҳми худро дар ободии ноҳия мегузоранд.
Ба иттилои Ҷӯрабек Идибекзода, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатпеша аз соли 2022 то инҷониб 45 иншоот дар соҳаи маориф, 16 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, як иншоот дар соҳаи фарҳанг, ду иншоот дар соҳаи варзиш, 4 иншоот дар соҳаи кишоварзӣ, 31 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, 23 маркази савдо ва хизматрасонӣ ва 106 бинову иншооти дигар сохта ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо 477 ҷойи кори доимӣ ва 28 ҷойи кори мавсимӣ фароҳам гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ яке аз самтҳои муҳими дигар мумфарш ва сангфарш кардани роҳҳо мебошад. То имрӯз зиёда аз 23 километр роҳҳо асфалтпӯш ва 58 километр сангфарш гардидааст ва ин корҳо идома доранд.
– Бовар дорам, ки сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Дӯстӣ дар пайравӣ ба сиёсати оқилонаву дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона меҳнат намуда, бо шукргузорӣ аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ барои наслҳои оянда диёри ободро мерос хоҳанд гузошт, – гуфт дар фарҷоми суҳбат Ҷӯрабек Идибекзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ, ноҳияи Дӯстӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН




