Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
15 ноя 13:32АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод / Мақолаҳо / Чеҳра
Эмомалӣ Раҳмон- бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ
Агар ба таърихи навини ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ду қарни охир назар андозем, ба таври аёнӣ мушоҳида мегардад, ки тули ин даврон танҳо он давлатҳое рушд кардаанд, ки онҳоро сиёсатмадорони дорои қобилияти баланди сарварӣ, ташаббускор ва ислоҳотгар идора намудаанд. Аз зумраи чунин сиёсатмадорони ислоҳотгар ва сарварони муваффақ одатан Франклин Рузвелтро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Конрад Аденауэрро дар Олмон, Маргарет Тэтчерро дар Англия, Дэн Сяопинро дар Чин ва Ли Куан Юро дар Сингапур номбар мекунанд, ки тавассути соҳиб будан ба мактаби хоси давлатдорӣ ва низоми мушаххаси идоракунӣ кишварҳои худро рушд бахшидаанд. Ҳар яке аз ин шахсиятҳо бо такя ба принсипҳои муайяни низоми давлатдорӣ, ки ба шароити даврон ва макони худ мувофиқат доштаанд, ба комёбиҳои назаррасу бесобиқа дар сарварии давлату миллати худ ноил гаштаанд.
Аз чунин нуқтаи назар ташаккул, устуворшавӣ ва рушди давлати муосири Тоҷикистон ва дастовардҳои он дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ низбе шакку шубҳа ба мактаби давлатдории шахсияти барҷастаи таърихи имрӯзаи мо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ доранд, ки тавассути роҳбарӣ ва роҳандозии принсипҳои асосии давлатдории ӯ кишвари мо рӯз то рӯз рушд намуда, ба комёбиҳои беҳтарин ноил гашта истодааст. Ҳамасола дар Тоҷикистони азизи мо рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонҷашн гирифта мешавад. Дар доираи ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳо бомардум, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.
Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум бо раъйпурсии умумӣ қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Ватани мо, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳогардид. Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ руҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфиятиҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст. Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, пайванди мустаҳкам дорад. Аз ин рӯ, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, заҳмату ҷонфидоӣ ва давлатсозиву миллатпарварии шахсияти таърихии тоҷикон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу ташаббусҳои бузурги ӯ дар роҳи худшиносӣ ва муаррифии давлату миллат пеши рӯй меоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсияш қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди бузург табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти вай ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.
Бинобар ин, имрӯз мо бо камоли масъулият дар баробари руҳи бузурги ниёгонамон, дар пеши таърихи пурфоҷиаи миллатамон дар баробари руҳи ҷовидони қурбониёни ин роҳи муқаддас ва дар назди халқҳои ба мо дӯсти ҷаҳон эълон намоем, ки рисолати таърихии худро ба ҷой овардем, давлати худро соҳибӣ кардем, ҳифз намудем ва ҳифз хоҳем намуд. Ин аст дастоварди муҳимтарини фаъолияти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди Ватан ва Пешвои миллат. Акнун Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ташаббускору кордон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамояд. Бо дарназардошти ҳассосияту печидагии фазои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, дар чунин марҳалаи печидаи таърихӣ ин мамлакат бояд чунин пешвои пухтакору озмудае дошта бошад. Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмуъ ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад.
Пас Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон фақат як мансаб ё як унвони ҳуқуқӣ нест, балки Пешвои миллат будани ӯ як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба ҷой овардааст. Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣаз як шахсро гирифтааст,ҷонибдорӣазӯба маъноиҷонибдорӣаз ояндаи устувори давлатдории миллӣ,аз истиқлолиятисиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар як шаҳрванди кишварамонро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардои дурахшон, ба ояндаи босаодати фарзандон ва рушди устувору босуботи давлату миллат менамояд. Ин ҳолат аз эътимоди нодирест, ки мардум ба Роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ бовар ва эътиқод дорад.
Ҳамдамзода Хурсанд Акбар,
муовини ректор оид ба таълими ДДБ ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД