Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Омӯзгори асил
“Агар ҳадафи мо бунёд кардани ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд бо дастаҷамъӣ рӯй ба ҷониби мактабу маориф оварем”
Эмомалӣ Раҳмон
Меҳру шавқи омӯзгор дар дили Лутфия Ҳафизова ҳанӯз ҳини таҳсил дар зинаи поёнии мактаб маъво гирифта буд. Дар синфҳои ибтидоӣ муаллимаи пуртаҷрибаю соҳибэҳтиром Иқбола Маҳмадшоева ба онҳо таълим медод. Чӣ қадар омӯзгори мушфиқу меҳрубон ва ҳамдами шогирдон буд. Натиҷаи дарсҳои пурмазмуну шавқовараш буд, ки шогирдон зуд навиштану хонданро ёд гирифтанд. Чунон дилсӯзу ғамхор буд, ки шогирдон дар симои ӯ модарашонро медонистанд.
Ана ҳамин меҳру муҳаббат ба касби омӯзгорӣ буд, ки Лутфия баъди хатми бомуваффақияти мактаби миёна ба Филиали Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор дар ноҳияи имрӯза Абдураҳмони Ҷомӣ дохил шуд. Коллеҷи омӯзгориро бо сари баланд хатм намуда, ба мактаби азизаш – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 ба кор омад. Боз бо устодонаш, аз ҷумла бо омӯзгори синфҳои поёнӣ Иқбола Маҳмадшоева, ки баъдтар баъди хатми донишгоҳ хонандагонро аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт, паҳлу ба паҳлу истода, ба шогирдон таълиму тарбия медод. Аз устоди мактабиаш Иқбола Маҳмадшоева, ки баъдтар хушдоманаш гардид, пайваста сиру асрор ва нозукиҳои касби омӯзгориро омӯхт. Таҷриба гирифт, пухта шуд. Бо дониши баланд ва маҳорати хуб, машғулиятҳои пурмазмуну шавқовар ва хислатҳои ҳамидаи инсониаш байни шогирдону ҳамкорон ва мардум обрӯманд гардид. Маҳз меҳру муҳаббат ба касб ва шавқу дилбастагӣ ба шогирдон ӯро ба кор дилгарм месозад.
Лекин ҳис менамуд, ки барои оянда комёб шудан ва ба даст овардани дастовардҳо дар соҳаи таълиму тарбияи насли наврас донишу маҳорат ва ҷаҳонбиниашро бояд баланд бардорад.
Омӯзгори пешқадаму ботаҷриба Лутфия Ҳафизова бо маслиҳати падар ва хушдоманаш ба факултаи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд. Пандҳои падараш ҳамеша омили пешравии фаъолияти омӯзгорӣ ва рӯзгори босаодаташ ҳастанд, ки мегуфт: “Духтарам илму дониш ва маърифат бузургтарин неъмат дар рӯйи заминанд. Омӯзгорӣ касби пуршараф, вале мушкил аст. Кӯшиш намо бо донишу таҷрибаи баланд, хоксорию меҳрубонӣ, дилсӯзию ғамхорӣ дар дили кӯдакон ҷой гирӣ ва онҳоро фарзандвор дӯст бидорӣ .”
Омӯзгорӣ асил Лутфия Ҳафизова ҳамеша кӯшиш менамояд, ки бо дарсҳои пурмазмуну шавқовар дар қалби кӯдакон шуълаи илму донишомӯзӣ, меҳру муҳаббат ба Ватани азиз, меҳнатдӯстӣ хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги қадимаи ниёгонамонро фурӯзонтар намояд.
Педагоги машҳур К. Д. Ушинский дар ин маврид чӣ хуб гуфтааст: “Талаба зарф нест, ки онро пур кунӣ, балки машъалест, ки онро бояд биафрӯзӣ”.
Лутфия Ҳафизова, ки ба қавли педагоги бузург А. Макаренко “ҷонашро ба тифлон додааст”, ба савганди омӯзгор (аз лиҳози арзишҳое, ки Суқрот додааст) содиқ аст. “Насли наврасро дар руҳияи созандагӣ тарбия намуда, ба сӯи оламе, ки барои зистан арзиш дорад, раҳнамун месозам”. Заҳматҳои пайвастааш дар самти таълиму тарбия барабас нарафт. Дониши баланду қобилияти ташкилотчигиашро ба эътибор гирифта, ӯро муовини директор оид ба корҳои таълимии муассиса таъйин намуданд. Ҳамчун мактабшиноси ботаҷриба ба дарсҳои ҳамаи омӯзгорон даромада, баъди таҳлилҳо ба онҳо маслиҳатҳои судманд медод. Маслиҳату дастурҳои худро дареғ намедошт. Омӯзиши пайваста, ҷаҳонбинии васеъ дониши баланд, ташкилотчигию масъулиятшиносӣ ӯро зина ба зина ба боло мебарад.
Роҳбарияти ноҳияву шуъбаи маориф фаъолияти пурсамару дастовардҳояшро дар таълиму тарбияи насли наврас ба назар гирифта, соли 2022 ӯро директори МТМУ № 6 таъйин намуданд. Воқеан ҳам ин мактаб барояш азиз аст. Зеро 11 сол дар муассиса таҳсил кардаву 31 сол боз ҳамчун омӯзгору ҳамакнун роҳбар фаъолият дорад.
Мактаби номбурда ҳанӯз соли 1975 бунёд гардидаву солҳо боз ба таъмиру тармим эҳтиёҷ дошт. Бо ташаббусу заҳмат ва талошҳои директори кордону ботаҷриба соли гузашта муассиса аз таъмири асосӣ пурра бароварда шуд. Толори маҷлисгоҳи муассиса низ, ки дорои 400 ҷойи нишаст мебошад, бо сифати баланд таъмир ва таҷҳизонида шуд.
Имрӯз 1310 нафар хонандагон дар 31 синфхонаҳои тозаву барҳаво ва 6 кабинетҳои фаннии хуб таҷҳизонидашуда ба таълиму тарбияи самаранок фаро гирифта шудаанд.
Дастовардҳои шогирдон дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ таи солҳои охир қаноатбахшу хурсандиовар аст. Дар солҳои 2022-2023 хонандаи синфи 10 Фарзона Давлатова аз фанни забони русӣ ва хонандаи синфи 8 Анушервон Наҷмуддинов аз фанни химия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар соли таҳсили 2023-2024 бошад хонандаи синфи 8 Меҳрафрӯз Замонова дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ соҳиби ҷойи дуюм гашт.
Соли таҳсили гузашта хонандаи муассиса Ғаниева Шукрия дар озмуни вилоятии “Хонандаи сол” ҷойи ифтихориро соҳиб шуд.
-Соли равон хонандаи синфи 11-ум Гулиҷон Рӯзибоева дар озмуни вилоятии “Илм- фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ” соҳиби ҷойи дуюм шуд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Дар оянда мо дастовардҳои аз ин ҳам зиёдтарро умедворем, -гуфт дар суҳбат омӯзгори муваффақ ва роҳбари кордон Лутфия Ҳафизова.
Тавре мегӯянд, ҳеҷ меҳнату заҳмат бе подош намемонад. Хизматҳои бисёрсолаю фаъолияти пурсамари ӯ низ то имрӯз бо даҳҳо ифтихорномаву сипосномаҳо ва мукофотҳои гуногуни хотиравӣ қадрдонӣ шудааст. Фурсат ёфта дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона иштирок менамояд. Хизматҳои шоистаю фаъолияти пурсамари ӯ дар таълиму тарбияи насли ояндасози ҷомеа ва рушди соҳаи маориф мисраъҳои зерини шоирро ба хотир меорад:
Равшанчароғи хонаи дилҳо муаллим аст,
Машъал ба роҳ ҷониби фардо муаллим аст.
Ҳар давру ҳар замон сабақдеҳи зиндагист,
Дар байни халқ аз ҳама боло муаллим аст.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.
Добавить комментарий
Ахбор
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 14:28Қурутҳои кӯҳистон 15:25САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН 15:20“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД 14:50БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД 12:27БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД 13:25ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН 12:41ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН АФЗУДААСТ 15:51
Серхонандаҳо
Эмомалӣ Раҳмон- бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ
Дӯстӣ. Нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуд
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
“ВАХШИ ЗАРНИСОР” ЧЕМПИОН ШУД
Санаҳои ифтихории миллат
БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН АФЗУДААСТ
ШАРОРАИ ХОТИРАҲО
ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРРАСИИ ВАЗЪИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ