Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
29 окт 16:21АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақолаҳо
Мамнуъгоҳи “Даштиҷум”- нодирае аз табиати биҳиштосо
Тоҷикистони биҳиштосои мо бо табиати афсункор, кӯҳҳои сар ба фалаккашида, гуногунрангӣ, ғанӣ будани олами набототу ҳайвоноташ миёни бисёр кишварҳои дунё фарқ мекунад.
Аз ҷумла, минтақаи Кӯлоб, ки 8,4 фоизи масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад, 84 дарсади ҳудуди онро кӯҳҳо ишғол намудааст ва дорои табиати зебою назаррабову афсонавӣ мебошад. Дар ин минтақа парваришгоҳҳо, мамнуъгоҳҳо ва боғҳои табиие мавҷуданд, ки бо тарзи ҷойгиршавӣ ва хусусиятҳои хоси худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Ҷолибиаш дар он аст, ки баъзе набототу ҳайвоноти ин маҳал дар дигар минтақаҳои кишвар дида намешавад. Аз мавзеъҳои махсус ҳифзшавандаи минтақаи Кӯлоб мамнуъгоҳи давлатии табиии “Даштиҷум”, ки дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин воқеъ гардидааст ва таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ба худ ҷалб месозад. Мамнуъгоҳ дорои табиати зебою нотакрор мавзеъҳои хеле хушбоду ҳаво, биҳиштосо, кӯҳҳои осмонбӯс ва растаниҳову чашмаҳои шифобахш мебошад.
Мамнуъгоҳ ҳанӯз соли 1983 ташкил шуда, дар майдони 19,7 ҳазор гектар доман паҳн намудааст. Моҳи ноябри соли гузашта 40- солагии таъсисёбии он дар сатҳи баланд ва бо иштироки бевоситаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷашн гирифта шуд.
Мамнуъгоҳ бо мақсади ҳифзу нигоҳдории ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла бузи пармашохи морхӯр, ки ягона дар ин мамнуъгоҳ боқӣ мондааст, инчунин, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, бабри барфӣ ва дигар навъҳои нодири олами набототу ҳайвонот мебошад.
Диловар Икромзода, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки ҳар сол теъдоди ҳайвоноти нодир дар маҷмуъ 7- 8 дарсад афзоиш меёбад.
Тибқи мушоҳидаҳои мутахассисон, кормандони мамнуъгоҳ ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳолати будубоши ҳайвоноти нодир, аз ҷумла оҳуи бухороӣ, бузи пармашохӣ “Морхӯр”, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, бабри барфӣ ва дигар намудҳои нодири ҳайвонот муътадил мебошад.
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёд, ҳифзу нигаҳдории мавзеъҳои табиӣ ва мамнуъгоҳҳо бағоят бузург аст. Дар ин робита якчанд қарору қонунҳо ба тасвиб расидааст, ки яке аз онҳо Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнуъгоҳи табиии давлатии “Даштиҷум” барои солҳои 2021-2025” мебошад.
Бо мақсади ҳифзи нигаҳдории олами парандагону ҳайвоноти ваҳшӣ дар мамнуъгоҳ ҳамасола чорабиниҳои аз фасли зимистон беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандаҳо, амалиёти ҷумҳуриявии “Ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ” ва иқдоми “Наҷоти парандагон” гузаронида мешавад. Ҳамасола дар мамнуъгоҳ зиёдшавии олами ҳайвоноти нодир дар шароити табиати ёбоӣ, равандҳои инкишофёбӣ ва зиёдашавии мавҷудоти зинда, инчунин ташаккулёбии минтақаҳои рекреатсионӣ ба мушоҳида мерасад.
Бо иқдоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист сайёҳии илмӣ –экологӣ ташкил ва ба роҳ монда шудааст.
Дар мамнуъгоҳ бо мақсади таъмини шароити мусоид барои рушди сайёҳии экологӣ ва солимгардонии аҳолӣ таҳияи 18 хатсайри сайёҳии экологӣ, 20 ҷойи таваққуфгоҳӣ ва ҷойҳо барои истироҳати сайёҳон дар минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) роҳандозӣ гардидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои муфид аз тарафи роҳбарият ва кормандони мамнуъгоҳ намунаҳои табиии ҷангалзор арча, писта, бодом ва популятсияи дигари табиии экосистемаи ҷангал дар мамнуъгоҳ хеле хуб нашъунамо доранд.
Дар доираи амалигардонии пурраи маҷмуи тадбирҳои ташкилӣ ва маблағгузории “Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнуъгоҳи табиии давлатии “Даштиҷум” барои солҳои 2021-2025” барои афзоиши табиии ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бузи кӯҳии пармашох, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, бабри барфӣ ва дигар намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Натиҷаи самараи чорабинию тадбирҳои зарурию мақсаднок аст, ки саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ аз 9 то 16 фоиз, захираҳои генетикии ҷангал аз 9 то 12 фоиз афзоиш ёфта, реҷаи гидрологии захираҳои об ва идоракунии самараноки захираҳои гуногуни биологӣ таъмин мегардад.
Хурсандиовар аст, ки ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ ва меҳмонон ба мамнуъгоҳ хеле афзоиш ёфтааст.
Бо мақсади нигоҳдорӣ ва беталаф баровардани олами ҳайвоноти нодир дар мамнуъгоҳ ба миқдори зарурӣ алафҳои табиӣ, коҳ, беда, шохчаю барг, ҷав, рези гандум, донагиҳои гуногун ва намак захира карда шудааст.
Кормандони мамнуъгоҳи табиии давлатии “Даштиҷум” ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия парваришу нигоҳубини намудҳои нодири ҳайвоноту набототро хеле хуб ба роҳ монда, онҳоро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ медоранд.
Аъзам Бобоев
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ



