Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Номи наку ёфта аз заҳмати хеш
Бо шарофати таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ сол то сол дар кишвар рушд карда, духтурону ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони соҳа дар таъмини ҳифзи саломатии мардум саҳми арзанда мегузоранд.
Ҷумъагелдӣ Ҳакимов аз табибони номвари ноҳияи Дӯстӣ аст, ки бо садоқат ба касбу хизмати шоён ба халқ миёни мардум соҳибэҳтиром гардидааст.
Рӯзе, ки мо вориди ҳуҷраи кории ӯ шудем, ҳанӯз суҳбатро оғоз набахшида падару модари ҷавон писари 5- солаашонро дар ҳолати вазнин ба назди духтур оварданд. Соате суҳбати мо ба таъхир афтоду дар ин миён табиби осебшинос Ҷумъагелдӣ Ҳакимов пойи шикастаи кӯдакро гачбандӣ намуд. Аз пурсиш бо зодмандони кӯдак маълум гардид, ки ҳангоми рондани дучарха пойи писари онҳо даруни чарх дармонда аз қисми соқ (буҷулак) шикастааст. Духтури ҳалиму меҳрубон бо суханони нарму таскинбахш кӯдакро бори дигар аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ҷиҳати нигоҳубини фарзандашон дар шароити хона ба падару модари ӯ тавсияҳои судманд дод.
Дар байни мардум масале аст, ки “шарти аввали табиб будан ҳабиб, яъне меҳрубон будан аст”. Оре, Ҷумъагелдӣ Ҳакимов аз зумраи он табибонест, ки бо чеҳраи гарму кушода, меҳрубонӣ ва суханони гарму таскинбахш ба беморон сиҳатӣ мебахшад.Чуноне ки зимни суҳбат бо мо Ҷумъагелдӣ Ҳакимов иброз дошт, ӯ баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба факултети табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил мешавад. Аз хурдӣ ба ин касби пуршараф меҳру рағбати беандоза дошту ба қавле касби духтурӣ ҳанӯз аз овони наврасӣ дар дилаш маъво гирифта буд.
Баъди хатми донишгоҳ як сол дар орденатураи Донишкадаи баъдидипломӣ таҳсил намуда, аз соли 1985 ҳамчун духтури осебшинос дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиликӯл (ҳозира Дӯстӣ) фаъолият дорад. Тули начандон зиёди фаъолият Ҷумъагелдӣ ба донишу қобилияти баланд ва масъулиятшиносиву хислатҳои наҷиби инсониаш миёни ҳампешагон ва мардум соҳибэҳтиром гардид.
Баъди як соли фаъолият бинобар норасоии духтурон ӯро ба беморхонаи № 1-и шаҳраки Гароутӣ (имрӯза 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон) ба кор фиристоданд, ки дар ин шаҳраки сокинонаш гуногунмиллат содиқона фаъолият бинмуда, таҷрибаи касбии худро сайқал бахшид. Тавре худ иқрор меояд аз табобат дида пешгирӣ кардани бемориҳо беҳтар аст. Мутаассифона, дар бисёр аз ҳолатҳо одамон баъди осеб дидан аз ин ё он беморӣ ё зарб хӯрдани бадан сари вақт ба духтур муроҷиат накарда, назди бо ном табибони халқӣ ё ба истилоҳ “шикастабандон” мераванд. Ё ба худтабобаткунӣ машғул шуда, баъдан, бо ҳолатҳои вазнин ба духтури осебшинос муроҷиат мекунанд.
Баъзан нафароне ба мо муроҷиат мекунанд, ки баъди чанд муддати осеби ҷисмонӣ дидан ҷойи бастаи даст, пой ва ё миён аллакай каҷ шудааст. Ин албатта раванди табобатро душвор мегардонад.
Ба гуфтаи Ҷумъагелдӣ Ҳакимов солҳои охир осебдидагон аз ҳисоби наврасону ҷавонон зиёд шуданд ва аз рӯи пурсишу мушоҳидаҳо бештари онҳо дар натиҷаи рӯй додани садамаҳои нақлиётӣ (дучарха, скутерҳо, автомобилҳо) ҷароҳат бардошта, ба беморхона оварда мешаванд. Осебдидагон вобаста ба синну сол ва ҷойи осебдида ба муҳлати аз 30 рӯз то 70 рӯз ба табобат фаро гирифта мешаванд.
-Боиси хурсандист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи пайваста ва дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар ҳамасола муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо таҷҳизоту техникаҳои наву муосир таъмин карда мешаванд. Аз ҷумла, чанде пештар ба Муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи мо таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз ҷумла рентгени компютерӣ ворид карда шуд, ки ин иқдом кори мо табибонро хеле осон намудааст,- мегӯяд мусоҳиби мо.
Ҷумъагелдӣ Ҳакимов аз зумраи табибонест, ки ҳамчун зиёбахши дилу дидаҳо зиёда аз 40 сол боз пайи ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашад. Давоми фаъолияти пурсамар барои такмили ихтисос ва иштирок дар конфронсҳои илмӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Қазон, Масква, Санкт- Петербург, Минск ва Тошканд сафар бинмудааст.
Айни замон Ҷумъагелдӣ Ҳакимов дар Муассисаи КАТС-и ноҳияи Дӯстӣ фаъолият дошта, дар баробари муоинаву табобати осебдидагон, ҳамзамон, дӯсти шафиқу маслиҳатгари онҳост, ки бо ин хислатҳои ҳамидааш сокинони ноҳия ӯро дӯст медоранд.
Азамҷон Бобозода, ноҳияи Дӯстӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



