Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 авг 14:16АСОСӢ / Ахбор / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Маслиҳати муфид
Зӯроварӣ дар оила
Зӯроварӣ рафтори номуносиби ҷисмонӣ, равонӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ буда, то рафт дар ҷомеа доман паҳн мекунад, - гуфт дар оғози суҳбат равоншинос Шоҳсанам Қарабоева.
Ҳарчанд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ ва маърифати оиладорӣ миёни аҳолӣ тадбиру ҳамоишҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд, аммо ҳамоно ин кирдори ношоиста зиёд ба назар расида, ташвишовар боқӣ мемонад.
Ба андешаи коршиносон ин дар ҳолест, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон то андозае баланд гардида, муроҷиати ҷабрдидаго нихушунат назар ба солҳои пеш ба мақомоти давлатию ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба маротиб бештар гаштааст.
Шоҳсанам Қарабоева мегӯяд, ки хушунат дар оила асосан нисбат ба занону кӯдакон мушоҳида мегардад. Вақтҳои охир ҳатто ҷавонписарон иддао мекунанд, ки баъд аз оиладор шуданашон муносибати волидайн бо онҳо тағйир ёфта, боиси нофаҳмӣ миёни навхонадорон гашта истодааст.
-Аксарияти волидайн писарони худро хеле барвақт оиладор карда, духтарони акнун ба синни никоҳ расидаро келин мекунанд. Вале хушдоманҳо дидаю дониста, ки духтари ҷавон дар рӯзгордорӣ омода нест, ҳар амалу рафтор ва камбудии келинро шумурда, аз ӯ ба шавҳараш шикоят мекунанд. Дар натиҷа ҷавонписарон ҳамсарони худро дашном ва лату кӯб карда, зӯровариро нисбати онҳо раво мебинанд – нақл мекунад равоншинос.
Ӯ мегӯяд, ки дар бештари ҳолат занони хушунатдида аламашонро аз фарзандони хурдсолашон мегиранд. Онҳо кӯдаконро дашном дода, барои одитарин амалу ҳаракат таъна мезананд. Кӯдакон ҳам гирифтори зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ мегарданд. Вақте кӯдак дар чунин муҳит ба воя мерасад ӯ низ дар оянда ба зӯроварӣ даст мезанад.
-Ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ пеш аз ҳама ба кумакӣ равонӣ ниёз доранд. Ба онҳо нафаре лозим аст, ки ба суханонашон гӯш диҳанд. Инҷо бояд равоншиносон, духтурон, кормандони иҷтимоӣ, фаъолони маҳалла ва масъулини бахши кор бо занон оила дар якҷоягӣ кор кунанд. Падару модар, ҳамсояҳо ва пайвандон метавонанд ба ҷабрдидагони зӯроварӣ кумак кунанд, аммо ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки онҳо вазъиятро наомӯхта, таҳлил накарда, ба ҷойи ҳалли масъала ба баррасии кӣ гунаҳкор будан мепардозанд, - иброз медорад равоншинос.

Баҳри пешгирӣ аз ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо ва зӯроварӣ нисбати занону кӯдакон ва баъзан мардон ду усул бакор бурда мешавад. Аввал машварати оилавӣ ва баъдан агар зарурат пеш ояд ҳамоиши оилавӣ гузаронида мешавад.
Дар машварати оилавӣ зану шавҳар рӯ ба рӯ кардашуда, суханони ҳарду шунида мешавад ва барои такрор наёфтани чунин ҳолат ба онҳо роҳи ҳалли масъала баён мегардад.
Конференсияи оилавӣ бошад, ҷамъомади нисбатан калонтар аст, ки он бо иҷозати ҷабрдида ва иштироки наздикони зӯровар, масъулини бахши кор бо занон ва оила, раиси маҳалла, корманди иҷтимоӣ, равоншинос, нозири минтақавии милитсия ва ғайра гузаронида мешавад. Ҳамаи онҳо вазифаи худро иҷро мекунанд. Ин ҳамоишро корманди иҷтимоӣ ташкил мекунад ва он моҳҳо давом меёбад. Мутахассисон дар алоҳидагӣ бо ҷабрдида, зӯровар ва аъзои оилаи ҳам зан ва ҳам мард кор мекунанд. Ин таҷриба дар Маркази буҳронии занони шаҳри Бохтар ва Маркази дастгирии равонии шаҳри Левакант истифода бурда мешавад, ки натиҷаи хуб медиҳад, - зикр менамояд Ш. Қарабоева.
Равоншинос дар идомаи суҳбат таъкид намуд, ки баъзан вақт занони аз зӯроварӣ ҷабрдидаро на оилаи шавҳар қабул мекунад ва на падару модар. Ин ҳолат ниҳоят бад ва хатарнок аст. Инсон дар зиндагӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавад ва баъзан ба он тоб наоварданаш ҳам мумкин аст, ки дар чунин вазъият бояд ба ӯ фавран кумак расонида шавад вагарна бо фоҷиа хотима меёад.
-Ҳоло як падидаи номатлуб дар миёни ҷавонони муҳоҷир ба қавле“мӯд”шудааст. Бархеи онҳо оиладор шуда, бо гузашти андак вақт ҳамсарашонро ба назди падару модар ва бародаронашон гузошта, худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Ин амали онҳо тамоман нодуруст аст. Зеро ҷавонони акнун издивоҷкарда ба ғамхории ҳамдигар ниёз доранд ва ҳолати мазкур бештар ба равони зан таъсири манфӣ мерасонад. Шоҳиди ҳол будам, ки ҷавоне азми сафар ба Россия кард ва аз падараш дуо хост. Падар дар посух ба писараш гуфт, ки дуоят медиҳам, кӯдакатро нигоҳубин мекунам, аммо ман ба номуси занат кафил буда наметавонам, - аз таҷрибаи кории худ қисса кард ӯ.
Коршиносон мегӯяд, ки солҳои охир кӯдакон бо ҳаргуна бемориҳо таваллуд шуда истодаанд, ки яке аз сабабҳои он ҳангоми ҳомиладории зан бо хушунат рӯ ба рӯ гаштани ӯ мебошад.
-Зӯроварии равонию ҷисмонӣ ба занон, хусусан,ҳангоми ҳомиладорӣ боис мегардад, ки онҳо фарзандони маъюб ба дунё оранд.
Имрӯз зиёданд кӯдаконе, иллатҳои гуногуни модарзодӣ доранд. Барои ҳамин ҳамҳангоми ҳомиладорӣ аз ҳар вақти дигар бештар бояд мардон ба ҳамсарони худ меҳрубон ва ғамхор бошанд, то ҳамсаронашон фарзандони солим таваллуд кунанд, - мегӯяд ҳамсуҳбатамон.
Шоҳсанам Қарабоева таъсиси утоқи равоншиносро дар муассисаҳои таълимӣ зарур мешуморад. Ба гуфтаи вай солҳои охир дар миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кӯдакони зиёд ба чашм мерасанд, ки худбаҳодиҳиашон суст аст, онҳо худро аз дигарон дар канор мегиранд ва ҳатто наврасоне ҳам ҳастанд, ки ба волидайни худ таваҷҷуҳ надоранд. Албатта, ин оқибати зӯроварӣ дар оила ҳаст, ки ба кӯдакон низ таъсири манфии худро расонидааст.
Амонҷон Маҳкамов
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
Тоҷикистон – Ватанам



