Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗИЁДА АЗ 2900 ҲОЛАТИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗАМИН ОШКОР ГАРДИД
Дар нимсолаи аввали соли равон, аз ҷониби нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон 2903 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони умумии 4514 гектар ошкор карда шуд.
Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Холзода Маҳмадшариф зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки барои дар маҳал бартараф кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 2903 адад дастурҳо, 2608 адад протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардида, қонунвайронкунандаҳо ба маблағи 1 миллиону 398 ҳазору 488 сомонӣ ҷарима шуданд. Аз ин маблағ беш аз як миллион сомонии он ба суратҳисоби махсуси Кумитаҳои замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шуд.
Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Кумитаҳои идораҳои замини шаҳру ноҳияҳо 355 ҳолати худсарона забт намудани қитъаҳои замин дар майдони умумии 71,24 гектар, аз ҷумла 44,64 га заминҳои кишоварзӣ ва 26,6 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ ошкор гардида, 255 ҳолати худсарона ишғол намудани замин дар майдони 35,93 гектар ба ҳолати аввала баргардонида шуд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



