Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАБИ ХУНИН ВА ПЕШГИРИИ ОН
Таби хунини Осиёи Марказӣ бемории шадиди вирусӣ буда, одамон дар натиҷаи газидани кана сироят меёбанд.
Ангезандаи таби хунрез вирусҳои аз ҷинси Nairovirus оилаи Bunуаviridae мебошад. Вирусҳои маризи дар организми ҳайвоноти ваҳшӣ ва хонагӣ (гов, буз ва гӯсфанд), ҳамчунин, канаҳо (20 намуд аз 8 ҷинс) вуҷуд дорад. Сироят дар натиҷаи газидани канаи НуаIomma plumbeum (дар Қрим), Н anafolicum (дар Осиёи Миёна, Африко) рух медиҳад. Таби хунрез бемории мавсимӣ буда, ҳини кору бор дар саҳро (моҳҳои июн - август) пайдо мешавад.
Давраи ниҳонии беморӣ аз 2-14 (ба ҳисоби миёна 3-5) рӯз аст. Давраи оғози беморӣ 3-6 рӯз идома хоҳад ёфт. Мариз ногаҳон табларза карда, ҳарорати бадан ба 39-40 С мерасад, ( миалгия ва артралгия), сар, гоҳо шикаму миён сахт ба дард медарояд. Даҳон хушкида, сар чарх мезанад. Бемор қай менамояд. Пас дар бадан, дасту пой доначаҳо медамад. Дар мавриди вазнин будани беморӣ аз вораҳои дандон, бинӣ, меъда, бачадон, рӯдаҳо ва шуш хун меравад. Таб 4-8 рӯз идома меёбад.
Ташхиси таби хунин дар асоси ташхиси вогирӣ ва озмоишҳои лабараторӣ, ҳамчунин ташхиси махсуси серологӣ, иммуноимиёнӣ, биологию молекулиярӣ, гоҳҳо намудҳои вирусиологӣ гузошта мешавад.
Оқибати маризӣ ҷиддӣ буда, фавт то 35-70 дарсад мерасад.
Таби хунин ба гурӯҳи беморони ниҳоят хавфнок дохил мешавад. Ҳатман бояд қоидаҳои пешгирӣ бо назардошти роҳҳои қатравӣ ва роҳҳои тамосиро риоя кунанд.
Беморро аз дигар беморон дар ҳуҷраи алоҳида мехобонанд. Кормандони тиб бо либосҳои муҳофизатӣ кор мекунанд. Барои кор бо бемор либосҳои алоҳида ва костюм табақи алоҳида ҷудо мекунанд. Ҷудо нигоҳ доштани беморон аз дигарон дар давоми 14- рӯз аз саршавии беморӣ давом мекунад. Одамоне, ки бо бемор дар тамос буданд дар давоми 14- рӯз назорат карда мешаванд ва 2 маротиба дар як рӯз ҳарорати онҳоро месанҷанд.
Бемор баъди муътадил шудани ҳарорати бадан, нишондодҳои хун, баъди 14-рӯз ба хона ҷавоб дода мешавад.
Дар вақти кор дар саҳро бояд либоси остиндароз пӯшида, кор кардан лозим аст. Ҳангоми дарёфти канаҳо дар ҳайвонҳо онҳоро бо пинсет канда сӯзонидан лозим мешавад. Дар фермаҳое, ки ба кана гирифтор будани ҳайвонҳо мушоҳида мегардад, корҳои безараргардонӣ гузаронидан зарур аст.
Ҳангоми дарёфти нишонаҳои дар боло зикркарда ҳатман ба духтури ҷои зист муроҷиат кардан лозим аст.
М. Бобоҷонов, духтури бемориҳои сироятӣ
(Акс аз интернет)
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



