Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз ҳавои гарм эҳтиёт кунед
Нафарони гирифтори бемории фишорбаландӣ пеш аз ҳама бояд доимо нишондиҳандаҳои фишори поёнӣ ва болоӣ, фарқияти байни онҳоро назорат кунанд. Шахсоне, ки аз бемории қалб азият мекашанд, бояд дар хотир дошта бошанд, ки худро аз таъсири муҳити зист эҳтиёт намоянд. Хусусан, дар мавсими гармо, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаи гармтарин мебошад.
Аз ҳамин лиҳоз беморони гирифтори бемориҳои қалб ва фишорбаландӣ дар асоси тавсияҳои табибони қалб бояд амал кунанд. Гаштугузор, корҳои саҳроӣ, корҳои ҷисмонӣ дар соатҳое, ки ҳарорати ҳаво нисбатан муътадил аст, хусусан пагоҳӣ барвақт ва бегоҳӣ ба роҳ монда шавад. Дар фасли гармо интихоби либос низ барои беморонӣ қалб ва рагҳои хунгард ва умуман, барои ҳама шахсон моҳияти калон дорад.
Барои иқлими минтақаи мо либосҳое, ки аз матои пахтагин аст, мувофиқ мебошад. Бояд ба инобат гирифта шавад, ки либосҳои пахтагини истифодашаванда рангҳои сафед дошта бошад. Зарур аст, ки аз чатр ва кулоҳ низ истифода бурда шавад. Муҳим ин аст, ки дар фасли тобистон аз гармии зиёд организми инсон ба об хеле эҳтиёҷ дорад. Дар вақти сафар ва аз хона берун баромадан бо худ обҳои нӯшокии сифатнокро гирифтан зарур аст. Хусусан, кӯдакон, пиронсолон ва занҳои ҳомила инро бояд дар хотир дошта бошанд. Зеро тамоми равандҳои биохимиявӣ дар организми инсон бо иштироки миқдори зарурии об амалӣ мегардад. Дигар ин, ки дар ҳолати таъмин нагардидани организми инсон бо миқдори зарурии об дар хун миқдори об кам гардида, ба фаъолияти дурусти дил ва рагҳои хунгард таъсири манфӣ мерасонад.
Барои беморони гирифтори қалб ва фишорбаландӣ тарзи дурусти истеъмоли ғизо хело муҳим мебошад. Хусусан, дар фасли тобистон аз меваву сабзавот ба таври васеъ истифода бояд бурд. Дар истеъмоли маводи ғизоӣ ба гуногунӣ ва маданияти истеъмоли ғизо аҳмияти зарурӣ бояд дод. Боиси зикр аст, ки истеъмоли нӯшобаҳое, ки аз меваву сабзавотанд, хусусан, аз зардолу, себ олуча, олуболу, шафтолу ва ғайра хело муҳим буда, барои фаъолияти организми инсон хеле муҳим мебошанд. Бояд ба инобат гирифт ҳар гуна нӯшокиҳои ташнагишикан, ки барои ҷалби шаҳрвандон аз рангҳои ҳархела истифода мебаранд, бояд худдорӣ кард. Зеро чунин нӯшокиҳои ташнагишикан талаботи организмро қонеъ нагардонида, баръакс метавонад ба организми инсон таъсири манфӣ расонад. Истеъмоли маводи ғизоии аз донагиҳо, ба монанди лӯбиё, нахӯд, мош, наск, каду ва лаблабу, ки дар фасли тобистон фаровону дастрасанд, бояд ба таври васеъ истифода бурд. Чунки дар таркиби онҳо моддаҳои минералӣ ва витаминҳо хело зиёданд.
Дар фасли гармо истеъмоли маводи ғизоии қувватнокиашон баланд ба организм манфиатовар набуда, ба шахсони гирифтори бемориҳои қалб ва фишорбаландӣ зарар дорад. Аз ҷумла, оши палав, гӯштбирён, қурутоб, манту ва самбӯса. Бояд дар хотир дошт, ки истеъмоли маҳсулоти ширии камравған дар фасли тобистон барои инсон хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Маҳсулоти ширӣ - ҷурғот, чака, панири камравған ва ғайра барои ҳам беморон ва шахсони солим дар афзоиши ақлонӣ, ҷисмонӣ, равонӣ ва пешгириҳои баъзе бемориҳо манфиатовар мебошанд.
Худ ва наздиконатонро дар рӯзҳои гарми ҳаво эҳтиёт кунед!
Мутахассиси МТТҲС-и
вилояти Хатлон Ашуралиева Майсара
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД


