Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАРУНРАВӢ ВА РОҲҲОИ ТАБОБАТИ ОН
Бо фарорасии фасли гармо бемориҳои мавсимӣ низ авҷ мегиранд. Яке аз ин бемориҳо сирояти шадиди меъдаю рӯда дар байни калонсолон ва кӯдакон мебошад, ки барангезандаҳои дарунравӣ бактерия ва вирусҳое ҳастанд, ки ба меъдаю рӯдаи инсон ба воситаи дастҳои ифлос дохил мешаванд. Аммо бештари волидайн ба ҳолати кӯдак аҳмияти ҷиддӣ надода, онро ба дандонбарории кӯдак рабт медиҳанд, ки оқибати ногувор дорад. Фавти кӯдакон аз ин гуна бемориҳо дар ҷои аввал меистад. Бинобар ин волидайнро мебояд, ки ҳангоми мушоҳидаи аввалин ҳолати шикамравии кӯдак сари вақт ба духтур муроҷиат кунанд.
Нишонаҳои бемории дарунравӣ кадомҳоянд?
- Наҷосати обакии чандкарата дар муддати кӯтоҳ.
- Наҷосати хунин.
- Дилбеҳузур шудани кӯдак ва пай дар пай партофтан
- Баланд шудани ҳарорати бадани кӯдак
- Кӯдак аз хӯрок хурдан даст кашад.
Дарунравӣ бадани кӯдакро дар муддати кӯтоҳ камоб мегардонад.
Ба кӯдакон ҳангоми дарунравӣ чӣ бояд диҳем?
Нигоҳубини кӯдакони бемор диққати ҷиддиро талаб мекунад. Ба кӯдакони синнашон аз шашмоҳа боло аз ҳар вақта бештар шири сина макондан лозим аст. Инчунин, маҳлули регидрон диҳед. Истеъмоли ҷурғот низ аз манфиат холӣ нест.
Ҳангоми дарунравӣ ба кӯдакон дар як рӯз на камтар аз 6 маротиба миқдори кофии хӯроки ҳархела додан лозим аст, то ин ки моддаҳои ғизодиҳандандаро дар ҷисми кӯдак ва вазни ӯро нигоҳ дорад.
Бе тавсияи кормандони тиб ба кӯдаки бемор ягон гуна дору ғайр аз ОРС надиҳед.
Тарзи тайёр кардани маҳлули регидрон.
Як халтача ОРС – ро кушода, хокаи онро ба банкаи 1 л андозед ва 1 л оби ҷӯшонидашудаи ширгармро илова кунед. Онро то ҳал шудани хока омехта кунед. Маҳлули тайёршударо фақат то 24 соат истифода баред. ОРС - ро ба кӯдак то қатъ шудани дарунравӣ додан лозим аст.
ОРС – ро ба кӯдак чӣ тавр додан лозим аст?
ОРС- и тайёршударо ҳар 2 дақиқа бо қошуқча ба кӯдак диҳед. Барои кӯдакони то синни 24 моҳа 50- 100 мл ( чоряк ё ним пиёла )
Ба кӯдаки синнаш аз 2 сола боло:
Аз 1 то 2 пиёла ( 100 – 200 мл ) баъд аз ҳар дарунравӣ нӯшонед.
Агар баъд аз истеъмоли ОРС кӯдак қай кард, то 10 дақиқа сабр кунед, баъд аз он оҳиста- оҳиста боз бинӯшонед.
Чӣ тавр пеши роҳи дарунравиро гирифтан мумкин аст?
Шаш моҳи аввал ба кӯдак фақат хӯроки навтайёркардашуда ва оби тозаи ҷӯшонидашуда диҳед;
Ҳангоми тайёр кардани ғизо ва додани таом ба кӯдак аз зарфҳо, пиёлаҳо ва қошуқчаҳои тоза истифода баред;
Дастҳоятонро пеш аз тайёр кардан ва хӯрдани хӯрок ва пас аз қазои ҳоҷат бо собун бишӯед ( ҳама аъзоёни оила );
Тавре дар боло қайд намудем волидонро мебояд, ки гигенаи шахсии кӯдаконро ҳатман риоя намоянд, тарзи дурусти ҳаёти солимро пеш баранд кӯшиш намоянд, ки ба кӯдакони худ хӯрокҳои серғизо диҳанд ва онҳоро пайваста ба варзиши бадан талқин намоянд.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39



