Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Гулғунчаи Ишкошим
Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияи навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад.
Омодасозии саҳнаҳо, қироати шеърҳо, ороиши мӯй, рӯй ва сарулибос ва ҳамчунин, ҷалби диққати аҳли оила ба худ яке аз орзуҳои наврасии Дилнозаи Орзумамад буд. Аз хурдсолӣ ба оинаи нилгун назар медӯхту аз баромади ровиёни барномаҳо ва рӯзноманигорон чашм канда наметавонист. Пас аз тамошои барнома ҳатман як саҳнае омода месохт, дар курсӣ нишаста аз пайвандонаш хоҳиш мекард, ки ба маҳорати ӯ баҳои сазовор диҳанд. Яъне, касби рӯзноманигорӣ дар қалби ин ҷавони пурэнерҷӣ аз хурдӣ маъво гирифтаву ин орзуҳои нек ӯро аз ноҳияи Ишкошим ба Хатлон овард. Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ Дилноза тибқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ихтисоси омӯзгори забони англисӣ дохил шуда, тӯли як сол дар донишгоҳи мазкур таҳсили илм менамояд. Ҳарчанд таҳсил дар донишгоҳ хуб мегузашт, аммо Дилноза баҳри амалишавии орзуҳояш тасмим гирифт, ки соле пас боз ҳуҷҷатҳояшро ба ихтисоси рӯзноманигорӣ супорад. Ин навбат иқбол ба рӯи Дилноза хандид. ӯ ба ихтисоси рӯзноманигорӣ аз рӯи самтҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, бо дуои неки волидайн сӯи баҳори орзуҳояш, ба вилояти Хатлон раҳсипор мегардад.
Ниҳоят фурсати муносиб фаро расиду Дилнозаи донишҷӯ барои таҷрибаандузӣ ба Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон нахустин қадамҳояшро гузошт. Барояш ворид шудан ба ин даргоҳ ба ҷуз амалигардии орзуҳояш дигар чизе набуд. Аз рӯзҳои аввал бо кунҷкобӣ, серталабӣ ва баланд бардоштани дониши хеш талош дошт. Ҷидду ҷаҳди хастанопазираш буд, ки ӯро ба қуллаи мурод ва ҳадафҳои некаш расонд. Дар баробари донишҷӯӣ Дилноза боз дар барномаҳои телевизиони Хатлон “Субҳи Хатлон” ва “Интихоби бинанда” саҳми назарраси хешро мегузорад, ки ин барояш орзуи дерина буд. Дар ин боргоҳи маърифат, ки барояш макони сайқали ҳунару эҷод аст, худро хушбахт меҳисобаду пайи эҷод аст.
-Пеши худ мақсад гузоштаам, ки пас аз хатми зинаи бакалаври Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳуҷҷатҳоямро барои идомаи таҳсил дар зинаи магистрӣ ба хориҷи мамлакат супорида, пас аз хатми бомуваффақият боз ҳам фаъолиятамро дар Идораи телевизиони ва радиои вилояти Хатлон идома хоҳам дод. Зеро ин макони маърифат бо шахсони равшанфикру дурандеш даричаи орзуҳоро ба рӯям боз кардааст,- мегӯяд Дилнозаи Орзумамад.
Дилнозаи Орзумамад зодаи деҳаи Туғгози Ҷамоати деҳоти Путупи ноҳияи Ишкошим мебошад. Беҳтарин лаҳзаи кӯдакиву наврасиаш маҳз дар ин мавзеъ бо зодмандонаш гузаштааст. Замони таҳсил дар мактаби миёна дар олимпиадаҳои фаннӣ, аз ҷумла, дар олимпиада аз фанни забони англисӣ бештар иштирок мекард. Ҳоло забонҳои русиву англисиро балад аст. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ чӣ дар шаҳру ноҳия ва ҳатто дар вилоят ровигии онро ба уҳда дошт. Ҳатто дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки рӯзе орзуи кӯчакаш ӯро аз ин деҳи зодгоҳаш ба шаҳру канораҳои дуродури Ватан мебарад.
–Кӯҳҳои сарбаафлоки зодгоҳ, муҳаббати волидон, дӯстони даврони наврасиро сахт пазмон мешавам, аммо муҳаббат ба касб, илму дониш маро неру бахшида, боист барои худсозиву ояндасозӣ қадамҳои устувор гузорам. Дар ин ҷодаи расидан ба орзуву ормонҳои хеш азми ман ин аст, ки боварии зодмандон ва Пешвои маҳбуби миллатро сазовор бошам. Чуноне ки Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми хеш дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд: “Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо – фарзандони миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд. Исбот кунед, ки насли Куруши Кабиру Муқаннаъ, Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон фарзонагони далеру шуҷои Ватан ҳастед!”
Мо ҷавонони даврони Истиқлол аз суханони падаронаи Пешвои миллат боз ҳам руҳу илҳоми тоза гирифта, азм дорем, ки дар ҷодаи илму дониш ва ҳунаромӯзӣ ҳамчун ватандӯстони масъулиятшинос саҳми хешро гузошта бошем. Зеро маҳз бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон мо насли ҷавон озодона дар дилхоҳ муассисаи таълимӣ таҳсил дошта, мавқеи худро дар ҷомеа ёфта истодаем,-иброз медорад Дилноза.
Дилноза худ духтари ташаббускору масъулиятшинос буда, дар баробари илмомӯзӣ, пешбурди барномаҳои телевизионӣ инчунин, ҷиҳати солимгардонии хеш ба варзиш намуди волейбол ва шоҳмот низ машғул аст. Ба гуфтаи ӯ бозии шоҳмотро аз падараш омӯхтаву то имрӯз дар мусобиқаҳо ғолибият ба даст меорад. Замони донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев буданаш бештар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки онлайнӣ сурат мегирифт, ширкат варзида, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида буд.
Ҳамасола, бахшида ба моҳвораи ҷавонон дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ саҳми боризи хешро мегузорад. Бахусус, дар донишгоҳ, ки аъзои фаъоли Созмони ҷавонон мебошад, сардори гурӯҳ буда, миёни духтарон бозии волейбол ва шоҳмотро ташкил менамояд ва ҳам дар мусобиқаҳои гуногуни байни ҳамсолонаш фаъолона ширкат меварзад. Вақтҳои фориғ аз таҳсилу кор бештар ба варзиш машғул шуда, вақти қимати худро зоеъ намегузаронад. Ҳамдарсонашро ба ин риштаи варзиш ҷалб намуда, дар мусобиқаҳои байни донишгоҳҳо миёни ҷавондухтарон ва бонувони ташкилоту муассисаҳо сазовори ҷойҳои намоён гаштааст.
Махфират ШОИМОВА
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



