Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Шурои ҳамоҳангсозӣ
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилоят ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи мухаддир дар вилояти Хатлон, аъзоёни Шуро, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд. Муовини раиси вилоят А. Абдусаломзода оид ба фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъадор, пешгирии нашъамандӣ, табобату офиятбахшӣ андешаронӣ намуд.

Зикр гардид, ки Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 қабул гардидааст, ки ҳадаф аз он таъмини амният ва солимии аҳолӣ мебошад. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегия таҳия гардида, чорабиниҳои зиёд ҷиҳати пешгирӣ аз ин падидаи номатлуб корҳои зиёди маърифатию фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гаштааст.
Гуфта шуд, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм маҳсуб меёбад ва оқибатҳои ногувор дорад. Барои коҳиш додани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба маводи нашъаовар бояд дастҷамъона мубориза барем. Таъкид гардид, ки фаъолияти Шуроҳо дар шаҳру навоҳии вилоят ва дар ҳамбастагӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор самарабахш ба роҳ монда шавад.
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



