Бойгонӣ

Сарнавишти ибратомӯз

Азизулло Авзалов зодаи мавзеи зебою биҳиштосои Сарихосор мебошад. Қуллаҳои сарбафалаккашидаи барфпӯшаш ба дастори мӯйсафедон шабеҳ дошту ҳамвориҳою марғзоронаш ба домони сабзпӯши баҳори нозанин.
Азизуллои наврас ҳангоми чаронидани бузу гӯсфандҳояш ҳамроҳи ҳамсолони худ аз накҳати тароватбахшу дилкаш ва ҳавои софу дилангези деҳаи Пуштаи зардолуҳо роҳат мебардошт. Шилдирроси оби мусаффои ҷӯйборону чашмаҳои софи кӯҳӣ, чаҳ-чаҳи булбулони сари шохсорон, садои руҳнавози найи чӯпон аз домани кӯҳсорон ба ӯ руҳу равони тоза мебахшиду суруд мехонд ва аввалин шеърҳои худро эҷод мекард…
Ӯ дар оилаи яке аз шахсиятҳои муътабари диёри Балҷувон Авзал Саидов ба дунё омадаву тарбияи хуби хонаводагӣ гирифтааст. Падараш раиси хоҷагӣ ва ҳамзамон вакили мардумӣ дар Шурои Олии кишвар буд.
Соли 1951 оилаи онҳо аз кӯҳистони Балҷувон ба таҳдашт - ба ноҳияи Ҳамадонӣ, баъдтар ба ноҳияи Фархор кӯч бастанд. Азизулло Авзалов баъди хатми бомуваффақияти мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуд. Пас аз хатми коллеҷи омӯзгорӣ муддате ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуд. Барои боз ҳам баланд бардоштани савияи илму дониш ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, онро  соли 1961 бо дипломи аъло хатм намуд. Солҳои 1963-1966 ба ҳайси директории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Восеъ сарбаландона фаъолият намуд. Дониши баланд, кордонию ташкилотчигиашро ба назар гирифта, ӯро котиби ташкилоти ҳизби коммунистии (парторг) хоҷагии овозадори ба номи Ленини ноҳия таъйин намуданд. Дар ин вазифаи басо пурмасъул худро ҳамчун ташкилотчии фаъол ва роҳбари масъулиятшинос нишон дод. Ба роҳбарии оқилона, дониши баланд ва қобилияту истеъдоди нотакрораш пири деҳқонони Хатлонзамин, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев баҳои баланд додааст.
Дар давраи ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ кор карданаш (солҳои 1970-1978) бо ташаббусу талошҳои пайвастаи ӯ даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бунёд гардиданд.
Даҳҳо нафар омӯзгорон сазовори унвонҳои баланди «Муаллими халқии СССР», «Муаллими хизматнишондодаиТоҷикистон» шуданд.
Азизулло Авзалов аз соли 1979 то соли 1983 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор буд. Дар рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли навраси ояндасоз хизмати бузург намудааст. Баъд бо сабаби беморӣ ба нафақа баромада, айни ҳол ба кори эҷодӣ машғул аст.
Вай ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ аввалин шеърҳояшро эҷод намудааст. Бо Шоири халқии Тоҷикистон устод Ҳақназар Ғоиб дар як курс таҳсил мекарданд. Аввалин шеърҳояш зери таҳрири Ҳақназар Ғоиб рӯи чоп омаданд.
Нахустустодаш шоир ва ҳофизи халқӣ Сайидалӣ Вализода аст ва аз ӯ дар ҷодаи шоирӣ дуои хайр гирифтааст. То имрӯз маҷмуаи шеърҳояш бо номи «Марди Сомон», «Садои дил», «Якшаб биё», «Ҷаҳоноро», «Номаи дил», «Мешиносам поймониҳои ту», «МанзумаиТемурмалик» ва асарҳои насрии «Раиси Афзал», «Калиди бахт», «Сарнавишт» ба табъ расидаанд.
Азизулло Авзалов воқеан ҳам яке аз беҳтарин донандагони адабиёту санъат ва фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Шеърҳояш пурмазмун, сода ва оммафаҳманд.
Аз ҷумла, дар як ғазал, ки дар пайравии ашъори Бедили бузург эҷод намудааст, омадааст:
Ин чархи фалак бар сари мо сад ҳила дорад, 
Гӯё, ки сари сахти маро ӯ сила дорад.
Моро ба сари дор бароранд, чӣ тадбир?
Дарду аламаш дар дили мо силсила дорад.
Не шоҳу гадоему на махдуми рақибем,
Борони ҷафо бар сари мошил-шила дорад.
Беҷурму гунаҳ кист дар ин олами фонӣ?
Дастони ҳама аҳли ҳунар обила дорад…
Ҳамчун вассофи кишвари азизу табиати дилфиреби он одамонро барои дӯстдорию гиромӣ доштани Ватан ҳидоят менамояд:
Эй дӯст вафо ба ҷумла ҷонон фарз аст,
Донистани қадри моҳи тобон фарз аст.
Фарзанди азизи Тоҷикистон бошем,
Донистани қадри Тоҷикистон фарз аст.

Ё дар шеъри дигаре чунин нигоштааст:

Рӯзе, ки агар Ватан нагӯям,
Гар хоки Ватан даме набӯям.
Гар дар ҳақи он ғараз бигӯям,
Он рӯз маро ҳаром бодо…
Устод Азизулло Авзалов корҳои созандагию бунёдкорӣ, рушду суботи бемайлони кишвари азизамон, баландшавии обрӯю нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, дар шеъри «Ба гардун меравад» чунин тасвир намудааст:
Номи тоҷик бар ҷаҳон ҳар лаҳза афзун меравад,
Шуҳраташ чун Ориё аз мулк берун меравад.
Давлати пуршони мо дунёи нав бунёд кард,
Рафтааст он даврае, ки «Даҷла пурхун меравад».
Обшорон гаштааст кӯҳу чаман, саҳрои мо,
Оби софи чашмасор, файзе ба Ҷайҳун меравад…
Дар айни камолоти зиндагӣ бар асари беморӣ вай аз дидаи бино маҳрум гардид. Бовуҷуди ин нокомӣ дилхаста нест ва ба оянда назари нек дорад:
Ба даври зиндагӣ даъво надорам,
Агарчи дидаи бино надорам.
Агарчи зиндагӣ сад ҳила дорад,
Ба дарду кулфаташ парво надорам…
Умри устод Азизулло Авзалов ба синни 86 расидааст. Гоҳе аз умри рафта ва даврони пирӣ чун Рӯдакии бузургвор шикоят мекунад:
Сад вою дареғ,  ки зиндагӣ пирам кард,
Ғавғои сарои бандагӣ пирам кард.
Аз рӯзи азал зиндагӣ борам шуд,
Гаҳвора ба пушту кудакӣ пирам кард.
Дунёро бо чашми ақлу дил бояд дид,
Ду чашми сиёҳи Рӯдакӣ пирам кард…
Азизулло Авзалов аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Аз он шоду мамнунаст, ки заҳматҳояш дар пайи ободии кишвар, рушди мактабу маориф, тарбияи насли наврас аз назари давлату ҳукумат дурр намонд. Хизматҳои шоёнаш бо унвонҳои Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи ИҶШС, Корманди шоистаи Тоҷикистон ва чандин ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст.
Шоири халқии Тоҷикистон устод Ҳақназар Ғоиб дар бораи ашъори ӯ навиштааст: «Ман дар ашъори Азиз Авзалзода сарнавишти як нафар инсонеро таҳаммул мекунам, ки ӯ бо панҷаи сахти зиндагӣ панҷа нарм менамояд ва бо пирӯзӣ назар ба рӯзгори худ  менамояд. Барои манн шоистааст, ки ӯро дар мавқеи арзишманд – зиндакунандаи шеъри пурбору ранги халқӣ мебинам ва ин мартабаи мубора каст».
Воқеан ҳам Азизулло Авзалов инсони заминию хоксор, меҳнатқарин, донишманд ва ватандӯст аст. Симои ин марди бузург дар романи нависандаи маъруфи тоҷик устод Ҷалол Икромӣ–«Хатлон» бо номи Азиз Маҳкамуф хеле хуб тасвир шудааст.
Орзуи ҳамешагии ӯ дӯстию рафоқат байни одамон, ваҳдати миллӣ ва садоқату хизмат баТоҷикистони азизи аст, ки мегӯяд:
Аз шумо, эй дӯстон, манн шукр дорам то абад,
Хизмати халқу Ватан бошад шиорам то абад.

Аъзам Бобоев, ноҳияи Фархор


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019