Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
14 май 15:49АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Маслиҳати муфид
БАДАХШОН ДАР ХАТЛОН
Гулазор Гулшерова аз ҳунармандони чирадастест, ки дар ноҳияи дурдасти Носири Хусрав ҳунари бофандагиро рушд бахшида, бо ин васила урфу одати мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро муаррифӣ месозад. Муҳрабофию дӯхтани тоқию ҷӯробҳои бадахшӣ сабаб шуд, ки ӯ зиндагии созгоре, дур аз зодгоҳ ва хешу ақрабои хеш бунёд кунад.
Ин ҳунарманди асил ҳанӯз соли 2004 ҳамроҳи шавҳар ба ноҳияи дурдасти Носири Хусрав муҳоҷир шуда омада буд. Дар оғоз барои ӯ ва шавҳар унс гирифтану одат кардан дар боду ҳавои офтобии ин минтақа хело душвор буд.
– Вақте ки ба инҷо кӯчида омадем, барои таъмини бори рӯзгор, ҳунари бофандагии ман хуб мусоидат кард,-мегӯяд бону Гулазор. – Дар он шабу рӯз сокинони зиёди дигари ВМКБ низ ба ин водии офтобӣ муҳоҷир шуда буданд. Аз ин рӯ, дар он вақт ба фурӯш гузоштани маҳсули дастии мо, мушкиле пеш намеовард.

Ба нақли ин бонуи ҳунарманд чун урфу одати мардуми Бадахшон аст, ки дар пешорӯи иду маросимҳо пироҳанҳои гулдӯзиву дастпона, гарданбанди аз муҳраҳо бофташудаву тоқиҳои гуногунранги миллиро ба бар мекунанд. Аз ин рӯ, дар он замоне, ки мо ба ин минтақа кӯч бастем, талабот ба дастранҷҳои мо хеле зиёд буд. Ҳаминтариқ, ҳунари худро рушд бахшида, то имрӯз бо ин васила рӯзгори хешро пеш бурда истодаем.
Дар ноҳияи мо, қисми зиёди мардум ба кишоварзӣ машғуланду аз ҳисоби заминдорӣ рӯзгори хешро пеш мебаранд, – иброз медорад ҳунарманд Гулазор Гулшерова.
– Дар солҳои аввали ба ин минтақаи аграрӣ омаданамон мо таҷрибаи кор дар замин надоштем. Ҳунари бофандагӣ василаи рӯзгузаронии мо буд. Хушбахтона, ҳоло дар корҳои саҳроӣ низ таҷриба дорем ва ҳунари бофандагиро рушд бахшида, шогирдони зиёде омода намудаем.
Ба гуфтаи ин зани ҳунарманд маҳз ташвиқу тарғиби ӯ буд, ки бонувону гулдухтарони зиёди маҳалла пеши вай шогирд истода, ҳунари бофандагиро аз худ карданд. Ҳоло дар баробари ӯ занҳои хатлонӣ ҳам аллакай ҳунари бофтани гарданбанду дастпона ва дӯхтани тоқию пироҳанҳои бадахширо аз худ кардаю ҷӯроб ҳам мебофанд.

– Шукронаи сулҳу субот ва тинҷию тифоқии сокинони Тоҷикистон, ки имрӯз мо дар дилхоҳ маҳал метавонем зисту зиндагонӣ намоем, – мегӯяд бонуи Гулазор. - Хушбахтона, имрӯз мо сокинони маҳалҳои гуногун дӯсту тифоқ ҳастем.
Ба андешаи бону Гулазор онҳо низ эҷодкоранд. Чун бо диду нигоҳи ба худ хос ва завқу ҳавас дар руйи матоъ гул, бо риштаҳои ранга ҷӯроб ва бо муҳраҳои гуногун гарданбанду дастпонаҳои ороишдиҳанда меофаранд. Ба гуфти ӯ ҳар нафаре, ки диди эҷодкорӣ надорад, ҳунарманд шуда наметавонад. Аз ин ҷо танҳо онҳое дар ин ҷода муваффақ мегарданд, ки аз меҳру муҳаббати беандоза ба ин ҳунарҳои мардумӣ сабру таҳаммулро пеша мекунанд.
Гулазор Гулшерова сокини деҳаи “Бадахшон”-и Ҷамоати деҳоти “Фирӯза”- и ноҳияи Носири Хусрав аст. Зиёда аз 20- сол боз ба бофандагӣ машғул асту дур аз зодгоҳи кӯдакии хеш, урфу одат ва фарҳангу маданияти мардуми кӯҳистони Роштқалъаи ВМКБ-ро миёни ҷавондухтарону сокинони маҳалли зисташ, ташвиқу тарғиб мекунад. Мувофиқ ба анъанаю суннатҳои мардуми кӯҳистон барои наварӯсон тоқию ҷӯроб, муҳраю рӯймолчаҳои зебо меофарад ва ҳам даҳҳо тан гулдухтарони маҳаллиро соҳибҳунар мегардонад. Аз баракати ин ҳунари аҷдодӣ сатҳи зиндагии хешро беҳтару хубтар намуда, ҳамзамон ҳунарҳои ниёгонашро ба ҳамсояву ҳамдиёронаш меомӯзад.
Низоми ИСО, ноҳияи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



