ПАЙВАНДГАРИ НАХЛИ ОРЗУҲО

   Зимни нахустин дидорамон бо Рухшона Яҳёева, ки бояд мусоҳиба анҷом медодем, ӯ бо супориши роҳбарияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тараддуди сафари хизматӣ ба ноҳияҳои Ҷайҳуну Ҷалолиддини Балхиро дошт. Ин буд, ки бо хоҳиши ӯ мусоҳибаро ба вақти дигар гузошта будем. Ҳаминак, дар рӯзи муайянгардида, ӯ дар ҳуҷраи кориаш моро истиқбол менамояд.
   Муҳити кору шуғлҳои дӯстдоштаи мусоҳибам буда, ки ҳуҷраи кориаш як гӯшаи боғчаи сарсабзро мемонд. Гулҳои хушбӯю рангоранг, тасвирҳои зебою манзараҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз ва аксҳои шаршараю дарёҳои мусаффо ба ҷойи кори Рухшона ҳусну таровати дигар бахшида буд.
Ӯ дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш як тан аз рӯзномангорони номдори вилоят собиқ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” Шералӣ Яҳёев дар тарбияву ташаккули ҷаҳонбинии ӯ ва дигар фарзандон нақши ниҳоят муҳим дорад. Барои фарзандон шароиту имкониятҳои хуберо фароҳам овардааст, то насли ояндаи ӯ дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расида хизматгузорони содиқи меҳани хеш гарданд.
  Рухшона дар овони наврасӣ орзуи рӯзноманигор шуданро дар дил мепарварид ва чун ба падар меҳри беандоза дошт, касби ӯро низ дӯст дошта буд. Аммо мурури солҳо тасмимаш тағйир ёфта, пешаи дигарро интихоб мекунад.
Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил мешавад. Овони донишҷӯӣ монанди рӯди равон бегумон гузашту замони хатми донишгоҳ ҳамчун мутахассиси ҷавон ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ба кор омад. Инак зиёда аз 20 сол мешавад, ки Рухшона дар ин ҷода фаъолият дорад.
  Тавре худ иброз медорад, солҳои аввали фаъолият бидуни мушкилу монеаҳо набуд, аммо бо сабру таҳаммул ва талошу заҳматҳои пайваста шебу фарози ин ҷодаро паси сар намуд. Чуноне бузургон  фармудаанд: “Мушкилу монеаҳо бо заҳмати содиқона бартараф мешаванд”. Бо дарки ин нукта Рухшона Яҳёева низ ба азму иродаи устувор ва меҳнати софдилона дар иҷрои вазифаву масъулияти касбии хеш муваффақ гардида, имрӯз ба ҳайси сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят фаъолият дорад.
  - Воқеан ҳам Тоҷикистони азизамон дорои мевзеъҳои хушманзара ва табиати зебою биҳиштосо мебошад,- мегӯяд Рухшона Яҳёева. Обҳои зулоли дарёҳою чашмасорон, гулу гиёҳҳои шифобахш, кӯҳҳои осмонбӯс ва ҳавои софу беғубораш таваҷҷуҳи ҳамаи меҳмонону сайёҳонро ба худ ҷалб месозад. Аз ин рӯ, қарзи инсонии ҳар соҳибватан аст, ки ба қадри ободии кишвар ва ҳифзу озода нигоҳ доштани муҳити зист ва табиати нотакрори он бирасад.
   Ба гуфтаи ӯ ҳамасола то охири моҳи март дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ идома ёфта, масъулони ҳифзи муҳити зисти вилоят ҳам дар баробари сокинон ҷиҳати ободониву кабудизоркунии муҳити зист саҳми худро мегузоранд. Имсол бинобар сард омадани боду ҳаво дар оғози моҳи март ин маърака дар ноҳияҳои кӯҳистон то миёнаҳои моҳи апрел идома меёбад.
  Тибқи нақша соли равон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 миллиону 600 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ, 8 миллиону 348 ҳазору 450 бех гулу гулбуттаҳои гуногун шинонида шуд. Дар майдону гулгаштҳо ва заминҳои назди корхонаву муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бошад ҳудуди  200 ҳазор метри кубӣ алафҳои ҳамешасабз кишт карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки шуруъ аз моҳи июн  кормандони Сарраёсат ҳолати нашъунамои гулу ниҳолҳо ва дарахтонро аз санҷиш мегузаронанд.
   Натиҷаи фаъолияти пурсамар ва масъулияти баланди кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист аст, киҳамасола маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст карда мешавад. - Мавриди зикр аст, ки дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Бохтар аксияи “Ниҳолшинонӣ” баргузор гардид, ки дар он раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид ва роҳбарияти шаҳри Бохтар иштирок намуданд. Ба ин монанд давоми соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии шоҳроҳ” гузаронида мешавад,- мегӯяд Рухшона Яҳёева.
   Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ аз сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати арзишҳои табиат, тозаю озода нигоҳ  доштани хонаву манзил ва умуман муҳити зист масъулияти бештар эҳсос намоянд. Вобаста ба ин ва натиҷаҳои бештар дар самти тозагиву сарсабзии диёри азизамон ва рушду нумуи он Сарвари давлат чунин изҳор доштанд: “Бо дарназардошти тағирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд”.
   Ба гуфтаи мусоҳиби мо тайи солҳои охир маърифати экологии мардум боло рафта, мардум ба дарки ин нукта расидаанд, ки ҳифзи муҳити зист ин ҳифзи Ватан ва дӯст доштани он аст. Файласуфи бузург Абуалӣ ибни Сино дар асараш “Тадбири манзил” навиштааст, ки тозагии муҳити зист аз хона сар мешавад.  Дуруст аст, мо бояд тозагии муҳити зистро аз муҳити хонаи худ шуруъ намоем ва аз сӯи дигар, ободию тоза ва пок нигоҳ доштани муҳити зист аз ҳар яки мо вобастагӣ дорад.
  Мутаассифона, то кунун баъзан наврасону кӯдакони аз назорати падару модар дар канор мондаро вомехӯрем, ки нисбат ба тозагии муҳити зист беэътиноӣ зоҳир намуда, гулу буттаҳои ороишии дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сарсабз намудаи боғпарваронро поймол намуда,  шохаҳои ниҳолони сояафкану ороиширо мешикананд. Барои пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳо бояд ҳар фарди ҷомеа дар ҳифзу тозагии муҳити зист, ҳиссибаланди масъулияти шаҳрвандӣ дошта бошад,- иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Рухшона Яҳёева. 

Аъзам Бобоев


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий