Бойгонӣ

ВУСЪАТИ ФАЪОЛИЯТИ ИДЕОЛОГӢ ДАР ВИЛОЯТ

Дар баробари рушди бонизоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба пешбурди самараноки фаъолияти идеологӣ афзалият дода, дар ҳошияи дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, тадбирҳои муассир меандешад.

Дар ин бора ходими маҷаллаи “Сафо” бо Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон мусоҳибаи ихтисосие орост, ки фишурдаи онро манзури шумо – хонандагони азиз мегардонем. 

-Дар замони муракаби ҷаҳонӣ ва рушди василаҳои муассири таъсиррасонӣ ба фарҳанг ва афкори омма фаъолияти идеологӣ дар вилоят чӣ гуна вусъат дода мешавад? 

-Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва авҷ гирифтани чолишҳои геополитикӣ пешбурди дурусти фаъолияти идеологӣ хеле муҳим буда, он дар огоҳсозии ҷомеа аз таъсири манфии ҷараёни мазкур ва ба ҳаёти босуботу осоишта даъват намудани онҳо нақши муассир дорад. Албатта, аз ин раванд ҳеҷ ҷамъияте дар канор буда наметавонад. Зеро он бо роҳу усулҳои муосир ба афкори мардум таъсир расонида, танҳо нафаронеро ба коми худ мекашад, ки дониши зарурӣ надоранд ва аз таҳаввулоти дунё бехабаранд. Оид ба ин масоил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҳушдор дода, ҳамаи моро муваззаф намудаанд, ки дар ин самт фаъолиятамонро боз ҳам вусъат бахшем.  
Бо ҳамин мақсад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намуда, ба воситаи ташкили чорабиниҳои оммавӣ, аксияҳои иттилоотӣ, баргузории фестивалу озмунҳои гуногун тадбирҳои судманд андешида истодааст.  Дар ин доира бо ҷалби роҳбарону, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, зиёиёну фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони дин бо усули фардии “Хона ба хона” ба кӯчаю маҳалла ва деҳаҳои дурдаст рафта, миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаем. 

-Фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа дар баланд бардоштани маърифати аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Баназари Шумо дар самти кор бо занон ва оила кадом омилҳо боис ба пешрафт гардидаанд? 

-Нахуст, бояд гуфт, ки кор бо занон ва оила яке аз самтҳои афзалиятнок ва доманадори сиёсати фарогиру ояндабини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳти таваҷҷуҳва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баҳри фароҳам овардани шароити зарурӣ барои пурра зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ, татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ, риояи кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ дар оила, рушди соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифатнокии бонувон ва таъмини иштироки васеи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ талош менамояд.
-Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори иқтисодии занону духтарон ва соҳибкасбу ҳунар намудани онҳо дар баробари пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ҳамчунин, ҳамасола ба як қатор занону духтарони фаъолу кордон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар робита ба ин бо мақсади рушди соҳибкории занон грантҳои раиси вилояти Хатлон низ таъсис дода шудаанд. 
Хурсандибахш аст, ки имсол раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид дар Фестивали “Дониш ва навоварӣ” ба занон мужда доданд, ки ҳаҷми умумии грантҳои раиси вилояти Хатлон дар соли 2024 се баробар зиёд карда шуда, андозаи он аз 250 ҳазор сомонии солҳои қаблӣ ба 750 ҳазор сомонӣ баланд бардошта мешавад. Ин албатта имконият фароҳам меорад, ки  бонувони мо бо ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дӯзандагию пазандагӣ ва ҳунармандӣ фаъолияти соҳибкории худро боз ҳам рушд бахшида, ба дастовардҳои бештар ноил гарданд. 
Илова бар ин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҷалби шарикони рушд ғояҳои соҳибкории бонувонро дастгирӣ намуда, баҳри дарёфти манбаъҳои иловагии сармоягузорӣ кумак мерасонад. 

-Иштироки занонро дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Хушоянд аст, ки нақши занон на танҳо рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, балки дар хизмати давлатӣ низ сол то сол бештар мегардад. Зеро бо истифода аз шароиту имконоти фароҳам намудаи Ҳукумати мамлакат занону духтарон мавқеи худро дар ҷомеа баланд бардошта, дар ҳамаи самтҳо фаъолияти назаррас нишон дода истодаанд.
Соли ҷорӣ дар доираи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” ва курси омӯзишии “Зан сарвар” баргузор гардид, ки дар он бонувони вилояти Хатлон аз худ донишу малакаи хуб нишон дода, се ҷойи аввал ва ду ҷойи сеюмро сазовор гаштанд. 
Дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин”, “Зеби дастархон”, “Хӯришҳо ва шириниҳои миллию муосир” ва чандин тадбиру фестивалҳо занону духтарони вилоят фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.  
Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил, баланд бардоштани донишу малакаи онҳо маҳфилу озмунҳои гуногун доир ба рӯзгордорӣ, кадбонугӣ, ҳунармандӣ, касбомӯзӣ ва амсоли инҳо байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят гузаронида шуд. Ба ҳамин восита мо аз миёни бонувон чеҳраҳои донишвару ҳунармандро дарёфт карда, бо ташкил ва гузаронидани суҳбату вохӯриҳо таҷрибаи онҳоро ба дигарон низ меомӯзонем.

-Оила асоси зиндагӣ буда, пешрафту костагии ҷомеа ба он марбут аст. Дар ин самти фаъолият чӣ корҳо анҷом дода шуд?

-Шахсияти инсон маҳз дар оила ташаккул меёбад ва он аз рафтору кирдор ва донишу маърифати аъзои хонавода вобастагии калон дорад. 
Дар ин самт мо чорабиниҳои зиёде барпо намуда истодаем. Аз ҷумла, бо усули “Хона ба хона” дар шаҳру ноҳияҳои гуногун бо сокинон вохӯриҳо доир намуда, дар баробари фаҳмонидани масоили муҳими иҷтимоӣ ҳамчунин қонунҳои миллиамон -“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро бори дигар ба онҳо шарҳу тавзеҳ дода истодаем. 
Ҳамчунин ба воситаи ҷалби модарон ба муассиҳои таълимӣ ва иштирокашон дар дарсҳои хонандагон талош мекунем, ки волидайн аз сатҳу сифати дониши фарзандон ва рафтору кирдори онҳо огоҳ бошанд ва ба ояндаи фарзандони худ таваҷҷуҳи хоса равона созанд. Падару модароне, ки фарзандонашон дар озмун ва олимпиадаҳои фаннӣ комёб гардидаанд, бо сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз мегардонем. 
Ҳифзи нангу номуси ватандорӣ яке аз масоли муҳими имрӯзи ҷомеа аст. Мо бояд наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем, то инки онҳо барои хизмат ба Модар-Ватан омода бошанд. Ҷиҳати ҳавасманд намудани модароне, ки ду ва зиёда фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмати ҳарбиро адо ё сафарбар гардидаанд, ба аёдаташон рафта, арзи сипосу миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро расонидем.

-Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги мост, ки ҳифзу муаррифии он аз занону духтарон вобастагии калон дорад. Баҳри тарғиби анъанаҳои миллӣ кадом корҳо ба сомон расонида шуд? 

-Тарғиби либосҳои миллӣ кори пайвастаи мост.  Мо дар байни занону духтарон оид ба  либоси миллӣ ва аз байн бурдани фарҳанги ғайр ҳамеша кор мебарем.  Чандин маротиба бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ - чакан, адрасу атлас ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ аксияи “Тоҷикона мепӯшем” ва Фестивали “Сад ранги чакан” бо иштироки васеи занону духтарон дар шаҳру навоҳӣ, вилоят ва ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

-Дар пешбурди фаъолияти идеологӣ кадом усулҳо истифода бурда мешавад?

-Бояд ҳар яки мо ҳамқадами замон бошем ва мувофиқ ба талаботи давр фаъолияти худро ба роҳ мемонем. Имрӯз, ки наврасону ҷавонон вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд, мо албатта фаъолияти идеологиро ба воситаи онҳо низ ба роҳ мондаем.  
Ҷиҳати пешбурди корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонону занон оид ба таблиғи арзишҳои миллӣ, маърифати оиладорӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва даҳҳо масоили дигар гурӯҳҳои кории мақсаднок ташкил гардидаанд, ки бо усули фардии “Хона ба хона” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Ҳамчунин дар мавриди масъулияти шаҳрвандӣ, ифтихори ватандорӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, маърифати оиладорӣ, дастархонороӣ, эҳтироми ҳамдигар ва даҳҳои масоили дигар чорабиниҳои мухталифи иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаем, то ин ки дар якҷоягӣ дар ташаккули ҷомеаи солим саҳми намоён гузорем. 

Мусоҳибаи Амонҷон Маҳкамов


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019