Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗАМИН, КИ ОҚИЛОНА ИСТИФОДА ГАШТ...
Бозор аз маҳсулоти тару тоза фаровон, ниёзи мардум бароварда ва зиндагии деҳқон беҳ мегардад.
– Замин зар, деҳқон заргар асту қимати беҳамто доштани онро ҳам танҳо марди барзгар медонад.Ин андеша ҳамеша дар зеҳни қаҳрамони матлаби мо чарх мезанад. Ӯ низ бо ҳамин андеша умри худро сарфи деҳқонӣ кардаю бо заҳмат фарзандонро таълиму тарбия дода, ба воя расонид. Соҳиби хонаю дар ва оилаи мустақил намуд.
Раҳмоналӣ Юсупов яке аз деҳқонони пуркор, заҳматкашу ботаҷрибаи Ҷамоати деҳоти “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кӯшониён аст. Самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин ва аз он якчанд ҳосил рӯёнидан барои ӯ шуғли доимию дӯстдоштанӣ гаштааст. Аз ин рӯ, ба синну сол ва айёми пирӣнигоҳ накарда, ӯ ҳоло ҳам дар замин заҳмат мекашад.
– Ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ барои мо, деҳқонон натиҷаи меҳнату замини дар ихтиёрдоштаамон боигарии доимӣ ба шумор меравад, – мегӯяд бобои Раҳмоналӣ. – Зеро ҳосилро як бор ба даст меорем, аммо заминро тамоми умр истифода мебарем. Ҳамин аст, ки заминро ҳамчун боигарии худ дӯст дошта, талош мекунем то онро ҳеҷ вақт аз маҳсулоти кишоварзӣ холӣ нагузорем.
Ба андешаи ӯ нафареро, ки дар деҳот зиндагӣ мекунаду дар ихтиёри хеш замин дорад, ӯро деҳқон муаррифӣ мекунанд. Аммо, фаромӯш набояд кард,на ҳар нафаре, ки соҳиби замин аст, деҳқон буда метавонад. Ашхосеро, ки танҳо бо ном деҳқонанд, шинохтан мушкил нест. Зеро танҳо як суол, “Оё аз ҳисоби замин метавон зиндагии хуб бунёд кард?”, метавонад, деҳқон будану набудани эшонро равшан созад.
– Дар давоми умри худ, ки сарфи кори саҳро намудаам, бо нафароне рӯ ба рӯ шудаам, ки даҳҳо гектар замини зархез дар ихтиёр доранду корашон шикваю нолидан аз он аст, ки зиндагии хуб бунёд карда наметавонанд, – нақл мекунад ин деҳқони кордида. – Ҳар нафаре, ки таҷрибаи кофӣ надораду заминро дуруст истифода бурда наметавонад ва бо ҷалби қувваи кории атрофиён кишти худро ба гардиш медарорад, фикр мекунад, ки замин фоида намеорад. Аммо, ҳамчун як деҳқоне, ки солиёни зиёд инҷониб аз пушти меҳнат дар замин ва истеҳсолу ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзӣ рӯз мегузаронам, бо боварӣмегӯям, ки хоки мо зархез аст ва бо меҳнати ҳалол ва дуруст истифода кардани он имкон аст, кидар зиндагӣ соҳиби ҳама чиз шавӣ.Аз ин рӯ, тавсия медиҳам, ки заминро боядоқилона истифода кард.
Ба гуфтаи ин деҳқони таҷрибадор онҳобарои ҳосили пурбори дастранҷашонро дидан шабу рӯз меҳнат мекунанд, то тавонанд ҳам барои қонеъ гардонидани талаботи дусолаи худ маҳсулоти тару тозаро захира намоянд ва ҳам дастархони сокинонро ба маҳсулоти кишоварзӣ таъмин кунанд.
– Барои он ки замини дар ихтиёр доштаамон оқилона истифода гардад, мо дар як қисми он гармхонаҳои мавсимиамалкунанда бунёд намудаем, – мегӯяд бобои Раҳмоналӣ. – Дар саҳрои кушод ғалладонагию картошка кишт мекунем. Дохили гармхонаҳо бошад, қаламфури тезу ширин, помидору бодиринг ва баъзан кабудиҳо парвариш менамоем. Ин шабу рӯз, аллакай ҳосили дастранҷи худро аз дохили гармхонаҳо ба бозор бароварда, фоида ба даст меорем.
Дар воқеъ, фаъолияти деҳқонони асил ва кордону ботаҷрибаба гунаи акои Раҳмоналӣ натанҳо дар дилхоҳ фасли сол боиси истифода гаштани замин мегардад, балки маҳсулоти барвақтии аз ҷиҳати экологи тозаро ҳамавақт дар бозорҳо дастрас ва фаровон нигоҳ медорад.
Низоми ИСО, ноҳияи Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД