Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДУОИ РАҲНАМО
Меҳру муҳаббати самимӣ, садоқат ба касб ва эҳтироми воло нисбати бонуи хушгуфторе, ки 30 сол мешавад дар ҷодаи рӯзноманигорӣ ба қавле бо нӯги қалам рӯзгори пурсаодатро паси сар мекунад, водорам сохта, ки хома ба даст гираму чанд сатре рӯи авроқи сафед аз муҳаббату вафодорӣ ва заҳматдӯстиаш биёрам.
Ҷумъагул Мирзоева дар оилаи соҳибмаърифату донишманд ба камол расидааст. Духтараки соҳибзавқ бо эҷодаш, бо ширингуфториву дидадароияш қалби падару бародарон ва ҳатто устодонашро тасхир карда буд. Ӯ аз овони наврасӣ ба қаламу коғаз муҳаббати бепоён дошт. Менавист, мутолеа менамуд. Ҳанӯ з дар синфи ҳаштум матлаби эҷоднамудааш дар нашрияи «Байрақи дӯстӣ»-и ноҳияи Коммунистӣ имрӯза Кӯшониён ба табъ мерасиду барояш тариқи почта ҳаққи қаламме фиристоданд. Духтараки эҷодкор бо вуҷуди толибилм буданаш аллакай бо нашрияҳо робитаи зич пайдо намуда буд. Замони дар синфи даҳум таҳсил намуданаш Ҷумъагул Мирзоева бо «Радиои Тоҷикистон» риштаи ҳамкориро пайваст. Барномаҳои «Падида», «Ҳамроз», «Айём» ва дигар гуфторҳое буданд, ки Ҷумъагули наврас гӯш мекарду пешниҳодҳои хешро тариқи телефон ё ин ки мактуб ба унвонии радио ирсол медошт.
- Он давраҳои ноорому бесарусомониҳо буд. Банда бештар барномаҳои таҳлилӣ ирсол менамудам, ки ҳаёти воқеӣ ва рӯзгори талху сангини мардумро қисса мекард. Аз идораи “Радиои Тоҷикистон” зимни тамос гуфтанд Ҷумъагул ту ҳанӯз мактабхонию ба чунин мавзуъҳои сиёсӣ даст мезанӣ ва бештар барномаҳои таҳлилӣ пешниҳод менамоӣ, магар аз оқибати кор наметарсӣ. Гуфтам на, ҳаргиз. Ман аз касею чизе ҳарос надорам. Ҳаёти воқеии мардумро ошкоро гуфтан магар ҷиноят аст? - нақл мекунад ӯ.
Муҳаббат ба касби рӯ зноманигорӣ дар қалби Ҷумъагул ҳанӯз аз даврони наврасӣ бедор шуда буд. Ҷумъагул Мирзоева зодаи ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира хоҷагии Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён) буда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ҳамин ноҳияро хатм намудааст. Он давраҳо барои идомаи таҳсили духтарон аз ҷониби зодмандон монеа эҷод мешуд. Бештари духтарон пас аз хатми мактаб ба касбу ҳунар ҷалб ва кори рӯзгор машғул буданд. Вале майлу хоҳиш ва рағбати Ҷумъагули ҷавон нагузошт то ӯ дар хона нишинад. Бо дастгирии падару бародараш ӯ ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил мешавад.
- Фаъолияти меҳнатиамро соли 1993 нахуст аз идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» оғоз бахшидам. Сармуҳаррири нашрияи мазкур устод Шералӣ Яҳёев буданд. Кор дар матбуот бисёр хуб буд, ҳар боре, ки матлаби эҷоднамудаам дар рӯзнома нашр мешуд, худро хушбахт меҳисобидам ва он шумораро ба аҳли хонадон нишон медодам, то ин ки маҳсули эҷодамро баҳо диҳанд ва ё маслиҳати хуби зодмандонро ҳамчун хонандаи одӣ мунтазир мешудам. Шералӣ Яҳёев барои санҷиши дониши банда матлабҳои барои нашри шумора пешниҳодшударо ба наздам гузошта гуфтанд, «Ҷумъагул ин мақолаҳоро хонда, таҳрир карда биёр». Пас аз таҳрир назди устод бо тарсу ҳарос воридшуда, нишон додам. Аз таҳрири матлабҳо шод шуданду гуфтанд аз ту оянда рӯзноманигори хуб мебарояд. Ин суханон маро боз ҳам ба фаъолияти рӯзноманигорӣ руҳу илҳоми тоза мебахшид, - ёд меорад Ҷумъагул Мирзоева аз оғози фаъолият дар рӯзнома.
Сабаби аз матбуот ба телевизион роҳ ёфтани Ҷумъагул Мирзоева ҳаваси ӯ буд. Аз баромади наттоқон рӯзноманигорони хушсалиқа хушҳол мегашту роҳ ёфтан ба ин даргоҳро орзу мекард. Тасмимаш ки ҷиддӣ буд ба Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ба кор омад. Рӯзи аввал роҳбари онвақтаи Идораи телевизион ва радио Боймурод Сайдалиев аз мақсад ва ҳаваси духтараки ҷавон огаҳ шуда, назди коргардон мефиристад, то ин ки маҳорати сухангӯии Ҷумъагул Мирзоеваро бисанҷанд. Коргардон равоншод Бобоҷон Зиёев матнеро пешниҳод намуду бо таҷҳизоти наворбардорӣ сабт намуданд. Пас аз тамошо баҳои хуб доданд ва гуфтанд садои форам, нутқи бурро ва равиши хондани хуб дорӣ Ҷумъагул.
- Замони ба ин боргоҳи маърифат ворид шуданам, бо шахсони накуном, соҳибмаърифат ва донишмандон шиносоӣ пайдо намудам, як олами илму маърифатро ба рӯям боз намудам. Роҳбари идора устод Боймурод Сайдалиев маро барои бозҳам баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омӯхтани нозукиҳои соҳа назди рӯзноманигорони варзида Шералӣ Саидов, Сайдалӣ Бобохонов ва Ҳусейн Маликов фиристоданд. Устодони ман бисёр серталабу сахтгир буданд. Мудом такрор ба такрор мегуфтанд агар хоҳӣ рӯзноманигори асил бошӣ бештар китоб, рӯзномаю маҷаллаҳоро мутолиа намуда, донишатро баланд мебардорӣ,- ёд меорад суханони устодонашро Ҷумъагул Мирзоева.
Аз фаъолияти эҷодиаш Ҷумъагул Мирзоева басо хушнуд асту худро хушбахт меҳисобад, ки тули 30 – соли ҳаёташро дар ин боргоҳи маърифат паси сар намудааст. Давраи оғози фаъолияташ, ки соли 1994-ум басо мушкил ва ноором буд. Аз деҳот то ба Идораи телевизион пои пиёда омадан бисёр хавфу хатар дошт. Вале муҳаббат ва садоқат ба касб, иродаи қавӣ чун аслиҳае буд барои Ҷумъагули ҷавон, ки баҳри расидан ба ҳадафи неку созандааш ин мушкилиро бо сарбаландӣ паси сар намуда, фаъолиятро тарк накард. Дар он давраҳои ноамн рӯзноманигорон якҷоя бо ҳукуматдорон баҳри ҷамъоварии халъи силоҳ аз дасти мардум дар шаҳру навоҳии вилоят ҳамоишҳо доир намуда, мардумро ба осоиштагӣ, суботу оромӣ даъват менамуданд. Ҷумъагул Мирзоева дар ин гурӯҳ бо шодравон Ҳамро Салимов шомил буданд. Бо вуҷуди ин баҳри иҷрои рисолати касбӣ Ҷумъагул Мирзоева тавонист бо барномаҳои таҳлилӣ, фарҳ ангӣ, сиёсӣ, маърифатӣ миёни омма мақоми шоистаеро касб кунад.
- Бори аввал вақте ки дар телевизион баромад мекардам, ҳарчанд падарам аз эҷодиётам бохабар буданд, аммо аз маҳорати сухангӯиям огаҳӣ надоштанд, чун барнома пахш шуду ровигии барномаро камина ба уҳда доштам, падарам аз шодӣ ашк рехтанду даст ба дуо бардошта, бароям иқболи баланд, пирӯзӣ ва муваффақият хостанд. Маҳз ин дуои қиблагоҳам буд, ки дар ин ҷода муваффақ гаштам,- мегӯяд Ҷумъагул Мирзоева муҳаррири варзидаи Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон.
Ҷумъагул Мирзоеваро дар баробари таҳияи хабару гузоришҳо, барномаҳои таҳлилӣ, фарҳ ангӣ инчунин бо барномаи «Шифо», ҳозира «Мадади Сино» бештар мешиносанд. Ба гуфтаи ӯ ҳадафи асосии таҳияи барномаи «Шифо» дар он солҳои ноором, ки мардум барои табобат назди пизишкон омада наметавонистанд, ин пеш аз ҳама аз тавсияи мутахассисони соҳаи тиб бархурдор шудани ҷомеа буд. Феълан барномаи «Мадади Сино» баҳри солимии ҷомеа равона гардида, мутахассисони соҳаи тандурустӣ аз тарзи ҳаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо маслиҳатҳои судманд медиҳанд.
Барномаи «Тақдир», ки муаллифаш Ҷумъагул Мирзоева буд, бештар аз хона – интернатҳо, хонаи пиронсолон ва аз қисмати талхи шахсоне таҳия мешуд, ки маъюбанду нотавон ё рӯзгори талху сангин ҳамсафарашон гашта. Феълан ин барнома бо номи «Дунёи меҳр» манзури бинандагон мегардад. Ҳадаф аз таҳия ва пахши ин барнома ба воситаи он даъвати саховатмандон ба дастгирию кумаки маъюбону ниёзмандон буд. Маҳз тавассути ин барнома чанд нафар соҳиби аробачаи маъюбӣ, сарулибос, маводи ғизоӣ ва барои муолиҷа бо доруворӣ таъмин шудаву ба Ҷумагул изҳори миннатдорӣ намудаанд.
Барои як бону, ки зан асту модар ва вазифаҳои муҳими рӯзгор ба дӯшаш вогузор аст, боз ҳам баҳри пешрафти ҷомеа талош намудан ин аз ғамхорӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба касби рӯзноманигорӣ мебошад.
Махфират ШОИМОВА
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР