Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САЗОВОРИ БОВАРИИ МАРДУМ
"Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”.
Паём. Эмомалӣ Раҳмон
Оғоз
Ду - се сол қабл бо тақозои вазифа ба сафари корӣ ба сӯи ноҳияи Темурмалик роҳ пеш гирифтем. Дар иртибот барои навиштани мақола аз фаъолияту рӯзгори бонувони фаъолу арзанда роҳбарони ноҳия ба мо тавсия доданд, ки ба Ҷамоатидеҳоти Кангурт биравем. Гуфтанд, ки раиси ҷамоатбонуест соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва дорои истеъдоди баланди сарварист. Воқеан ҳамраиси вақти ҷамоат Зуҳро Ҳакимзодаро ҳамчунон бонуи зебою чеҳракушод ва роҳбари муваффақ дарёфтем. Зимни суҳбат бо рӯзгору фаъолияти пурсамари кориаш ошно гардидем.
Бо дуои падар
Зуҳро Ҳакимзода дар деҳаи Оби Ширини Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ба дунё омадаву дар оилаи омӯзгор ба воя расидааст. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаиумумии рақами 8 бо дуои падар барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе рафт.Ба коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ дохил шуда, соли 2011 онро бомуваффақият хатм намуд.
Муддате дар мактаби зодгоҳааш ба ҳайси омӯзгор ва муовини директор оид ба корҳои таълимӣ фаъолият намуд. Бо донишу масъулиятшиносии баланд ва хислатҳои наҷиби инсонияш зуд байни шогирдон, ҳамкорон ва мардум соҳибэҳтиром гардид.
Солҳои 2015-2019 бошад ӯ боз вазифаи дигари пурмасъул- директори филиали Муассисаи давлатии “ Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон”-ро дар ҷамоати Кангурт ба уҳда дошт.Тамоми донишу таҷриба ва қобилияти худро барои софдилонаю сарбаландона иҷро намудани вазифаи ба дўшдоштааш сарф намуд. Натиҷаи фаъолияти хубу босамари ӯ буд, ки даҳҳо нафар сокини синну соли гуногун аз ҳамаи деҳаҳои Кангурт ва гирду атрофи он ба таълим дар Марказ фаро гирифта шуда, соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун гардиданд.
Дониши амиқ, кордонию маҳорати баланди ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ ва аз ҳама муҳим хислатҳои наҷиби инсониашро ба инобат гирифта, ӯро ба вазифаи боз ҳам баландтар- раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт таъйин намуданд. Акнун ба ӯ лозим меомад, ки доимо ҳамроҳу муниси мардум бошад. Дар иҷрои ин масъулият мунтазам дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, онҳоро басозандагию бунёдкорӣ даъват менамуд. Барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидани духтарони деҳаҳои ҷамоат талошҳои зиёд намуд.
Баробари фаъолияти пурсамару шоиста пайваста барои бардоштани донишу ҷаҳонбинии худ саъю кӯшиш менамояд. Дар ин давра ӯ тавонист ғоибона факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бомуваффақият хатм намояд.
Солҳои роҳбарии ин бонуи боҷасорату кордон дар Ҷамоати деҳоти Кангурт ба даврае рост омад, ки мардуми шарафманди тоҷик барои истиқболи шоистаю арзандаи 30- солагии Истиқлоли кишвар ҳаматарафа омодагӣ мегирифтанд.
Бахшида ба таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ дар ҳудуди ҷамоат зиёда аз 38 иншооти таъйиноти гуногун бунёд гардиданд. Қасри муҳташамифарҳанги Кангурт, бинои истиқоматии 8 ошёна, коллеҷи тиббӣ, беморхонаи ташхисию табобатии “ Мадади Акбар”, муассисаи таълими томактабии рақами 2, Маркази хизматрасонии “Гулшан”, Маркази фароғатии “ Салим”, корхонаи мебелбарорӣ, корхонаи истеҳсоли пойафзол, майдони варзишӣ бо7 ҳазор ҷойи нишаст, маркази хизматрасонӣ иборат аз чойхона, ҳаммом, дорухона ва бозори марказӣ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ маҳсуб меёбанд. Дар натиҷаи ин ҳама созандагиюбунёдкориҳо Кангурт ба як шаҳраки бисёр ободу зебо табдил ёфт. Илова ба ин 12 километр роҳҳои марказии ҷамоат мумфарш ва 14 километр роҳҳои байни деҳаҳо сангфарш карда шуданд.
Дар иҷрои ҳамаи ин корҳои бузург саҳми Зуҳро Ҳакимзода, ки он замон раиси ҷамоат буд, хеле назаррас мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлоияти давлатӣ ба Ҷамоати деҳоти Кангурт ташриф оварда, ба кору фаъолияти ин бонуи фаъолу кордон ва боирода баҳои баланд доданд.
Зуҳро Ҳакимзода ҳамаи фаъолияти шоёну пурсамар ва комёбиҳояшро аз дуо ва ҳидоятҳои падари бузургвораш медонад.
Рисолати роҳбарӣ
Баъд аз се соли фаъолияти шоёни ибрат ва пурмаҳсул ба симати раиси ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик ӯро ба вазифаи баландтару пурмасъул- муовини раиси шаҳри Норак таъйин намуданд.
Наздики ду сол мешавад, ки Зуҳро Ҳакимзода ин вазифаи ба хизматгузоштаашро бо дилу дида ва дасти пок, нияти неку нақшаҳои созанда ба сомон расонида истодааст. Дар ин давра соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг дар шаҳр хеле рушду нумуъ ёфт.
Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 4 синфхонаииловагӣ сохта ба истифода дода шуд.Сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди МТМУ- и рақами 15 дар арафаи анҷомёбист.Дар МТМУ – рақами 9 сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ ( бо маблағгузории сафорати кишвари Ҷопон) оғоз гардида, майдончаи варзишии муассиса бо дастгирии соҳибкорон таҷдиду азнавсозӣ карда шуд.
Бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумати кишвар таъмири асосию замонавии беморхонаи марказии шаҳр идома дошта, таъмини он бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Кормандони муассисаҳои фарҳангии шаҳр дар баргузории ҷашну санаҳои таърихӣ ва миллӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Бо ташаббусу дастгириҳои Зуҳро Ҳакимзода соли равон барои дар сатҳи баланд баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “ Илм – фурӯғи маърифат”, дар байни аҳолӣ хизматрасонии китобхонаҳои сайёр ташкил карда шудааст.
Дар фаъолияти кории ӯ рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон барои истироҳат, тамошо ва боздид аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳр ҷойгаҳи махсус дорад. Имрӯз дар шаҳр 4 меҳмонхона, 29 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, 46 мавзеъҳои сайёҳӣ, 1 осорхона 1 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 6 зиёратгоҳ ва як боғи фарҳангию фароғатӣ барои қабулу боздиди меҳмонон ва сайёҳон фаъолият доранд.
Ба ҷойи хулоса
Иҷрои садоқатмандонаи вазифаи давлатӣ дар наздаш масъулияти бузургеро вогузор намуд. Бо дониши баланду таҷрибаи бой, ташкилотчигию ташаббускорӣ ва садоқату иродаи қавӣ рисолати худро дар назди халқу Ватани азиз сарбаландона иҷро менамояд. Бо вуҷуди серкорию тараддудҳои зиёд боз муҳассили Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят мебошад.Мароми фаъолияти пурсамараш ифодагари байти зерини шоир аст:
Касе к-ӯ бовари халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Аъзам Бобоев, Бохтар – Норак – Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СУРУШ” ДИДАН КАРД
ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Тоҷикистон ватанам
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад