Бойгонӣ

ИҶОБАТИ ДУОИ ПРЕЗИДЕНТ

  
Даричаи ошноӣ
  Маҳмадалиева Муҳаббат Раҳмоновна соли 2001 тибқи Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (ҳоло Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав») шомил гардида, соли 2006 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2006  ҳамчун ассистент, омӯзгор, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик фаъолият менамояд. Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба илм ва инноватсия.

- Дар Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳсили духтарон таваҷҷуҳи хосса дода шудааст. Аз ҷумла таъкид гардидааст, ки дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо Квотаи президентӣ хатм кардаанд. Шумо ҳам аз зумраи ба қавле “ духтарони Президент” ҳастед.
-Ба андешаи ман, соҳибмаълумоту соҳибихтисос гардидани занону духтарон на танҳо боиси боло рафтани маданияту маърифати онҳо, балки баҳри беҳбудии вазъи иқтисодии оила, таъмини фазои хуби хонаводагӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз зарур аст. Маҳз  таъкид ва дастгирии Пешвои миллат буд, ки  ҳазорҳо духтарону ҷавононро  ба идомаи  таҳсил дар макотиби олӣ раҳнамун сохт.
Ман ифтихорманд ва   хушбахтам, ки соли 2001 баъди хатми мактаби миёнаи №33-и ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ тибқи Квотаи президентӣ ба донишгоҳ дохил шудам. Азбаски  аз овони хурдӣ ба мутолиа, маърифати осори бадеӣ, эҳсосу идроки шеъру адабиёт рағбати самимӣ доштам ва шефтаи каломи ҳунарии адибон, бахусус суханварони адабиёти классикиамон будам, дар  факултети филологияи тоҷик  таҳсил кардам. Ин бароям имконияти илмомӯзӣ, шинохти адабиёти пурғановати ниёконамонро фарохтар намуд.  
-Бо Президент  боре вохӯрдаед? 
  -Мо, донишҷӯёни тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкарда ва гирандагони стипендияҳои президентиро ба вохӯриву чорабиниҳои зиёд даъват мекарданд. Се маротиба дар мулоқоти Президентамон бо ҷавонон ширкат доштам. Солҳои 2004, 2005 ва 2006. Аммо мулоқоте, ки соли 2005 тариқи онлайнӣ аз донишгоҳамон бо Президент доштем, дар хотирам нақш бастааст. Он  давра  ман дар курси чорум мехондам. Вақте ки Президент аз мо дар бораи вазъи таҳсил ва камбудиҳову дархостҳоям пурсиданд, пешниҳод кардам, ки барои донишҷӯёни донишгоҳи мо низ китобхонаи электронӣ ташкил карда шавад, биноҳои куҳна таъмир гарданд.
Президент табассум карда, пурсиданд:- Духтарам, ту дар донишгоҳ муаллима шуданиӣ?
-Нағз хон, муаллима шав,- гуфтани Президенти Тоҷикистон бароям як дуои падарона, раҳнамои ҳаёти минбаъдаи ман шуд.
Шояд иҷобати дуо буд, ки баъди хатми донишгоҳ, бароям таҳсил дар аспирантура, таҳқиқи мавзуи рисола ва дифои он, фаъолияти омӯзгорӣ дар факултет муяссар шуд.    
-Чаро  ба таҳқиқи адабиёти классикӣ рӯ овардед?
-Дар  пажӯҳиши адабиёти форсу тоҷик, меросу эҷодиёт, хазинаи маънавӣ ва ғояҳои ахлоқии намояндагони он лаззат ва малоҳате ниҳон аст, ки дар баробари хонандагону ҳаводорони каломи бадеъ таваҷҷуҳи аҳли илму ҳикматро низ ба худ ҷалб намуда, завқбахши фаъолияти эҷодиву илмии онҳо гардидааст. Пайроҳаи таҳқиқи мавзуи рисолаам ҳамвор набуд. Марги бемаҳали роҳбари илмиам профессор Худоӣ Шарифов, ба таъхир афтодани муҳокима маро руҳафтода накард. Бо маслиҳату дастгирии  устодонам ва  дӯстонам тавонистам онро ба итмом расонам. Зери роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Тағаймуродов Рустам рисолаи номзадиамро  дар мавзуи «Бобо Афзали Кошонӣ ва хусусиятҳои мавзуию бадеии рубоиёти ӯ» соли 2022 ҳимоя намудам. 
Модарам ҳамеша мутаккоям буданд. Воқеан, мо дар ҷомеа ҳар кӣ набошем, дастпарвардаи модаре ҳастем. Андешаи он, ки «Нахустин устоди худшиносии инсон модар аст ва агар зан намебуд, нобиғаҳои ҷаҳонро кӣ мепарварид?» мо занону духтаронро водор месозад, ки нақши муассири модарро эҳтиром кунем.   
Ҳамаи мо бояд дар қадршиносии модар ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ кунем. Дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб қомат афрохтани муҷассамаи «Модар», суханони самимӣ нисбати модар дар баромадҳояшон   далели таваҷҷуҳи пайваста ба ҷойгоҳу мартабаи модарон мебошад.
-Ҳоло ки худатон устод шудаед, дар бораи  шогирдонатон чӣ гуфтаниҳо доред? 
-Натиҷаи кори ҳар як устодро шогирдони лаёқатманду  босавод муаррифӣ мекунанд. Ба қавле “турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро” бояд онҳо аз мо ҳам пештару фаъолтар, донишмандтар бошанд. Дар давраи донишҷӯиям дар олимпиадаҳои донишҷӯёни ҷумҳурӣ ширкат мекардам. Солҳои 2003, 2004, 2005 ва 2006 ба гирифтани ҷойҳои дуюму сеюм мушарраф гаштам. Ҳаракати олимпии донишҷӯён дар мактаби олї яке аз масъулияти асосист. Омода кардани шогирдон ба озмуну олимпиадаҳо вазифаи мо, устодон мебошад.  Аз рӯйи  вазифа ҳам ба рушд кардани фаъолияти илмиву эҷодии устодону донишҷӯёни факулта масъул ҳастам. Хурсандам, ки машғулияти фардӣ бо шогирдон самари хуб доданд. Фархунда Шодиева дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик солҳои 2019, 2020 ва 2021 иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм шуд. Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Фарзона Сафарова соли 2020 ҷойи дуюм, Азамат Астанаев соли 2022 ҷойи ифтихорӣ, Маъво Хошокова соли 2023 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.  Ғолибияти шогирдон, баробари онҳо дар ҳаяҷон будан барои устод бахти баланду ифтихор аст. 
-Шумо шеър эҷод мекардаед . Олами шеърро  чӣ гуна дарёфтед?
-Овони мактабхониям шеъргуна машқ мекардам. Шодравон янгаам Муродбегим Сайидзода девони Ҳофизу Саъдӣ мехонду ба маҳфилҳои адибони хатлонӣ “Хайрандеш“ мерафт. Боре маро ҳамроҳ бурд. Аз вохӯрӣ бо эҷодкорон, муҳокимаву баҳсҳояшон асрори шеърро хубтар омӯхтам. Шеърҳои дар матбуоти маҳаллӣ чоп кардаамро ба озмун пешниҳод кардем. Соли 2006 ғолиби  озмуни вилоятии “Адибони ҷавон” шудам. Шеърнависӣ аз илҳому равони инсон вобаста аст. Барои модарам, кӯдаконам шеър менависам. Ин як навъ машғулияти дӯстдоштаи ман аст.  
Барои мусоҳиба ташаккур. Рӯзи модарро бароятон табрик гуфта, комёбиҳо таманно мекунем. 

  Мусоҳиб Дилором Маҳкамзода  


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019