Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дидори ояндабин
Бардоштҳо аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.
Нахуст Сарвари давлат иштирокчиёни вохўрӣ ва кулли сокинони кишварамонро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику муборакбод намуда, дар баробари парҳезгориву эҳсонкорӣ ва хайру саховат бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин ва дигар фазилатҳои пурарзиши моҳи рӯзадорӣ, ҳамчунин, оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” риояи қатъии муқаррароти қонунҳо ва рафъи камбудиҳои дар ин самт ҷой дошта андешаронӣ намуда, ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.
Бешаку тардид, дар шароити густариши равандҳои пешбининашавандаи ҷаҳонишавӣ ва хавфу хатарҳои гурўҳҳои террористиву экстремистиву падидаҳои фитнаангезиву мунозираҳои диниву мазҳабӣ, ки ба кишварҳои амну осоишта хатари ҷиддӣ метавонад дошта бошад, омӯзишу баррасӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна равандҳои хатарзои замони муосир, дар чунин як мулоқот бо масъулону фаъолони ҷомеа ва ходимони дин муҳиму саривақтӣ аст.
Тавре зимни суханронии Пешвои муаззами миллат дар ин вохўрӣ зикр гардид, давоми як моҳи рӯзадориву тақводорӣ ҳамзамон покизагии забону поксозии зоҳиру ботин, пешгирӣ аз исрофкориву амалҳои зиёдаравӣ ва инчунин, тарғиби сабру таҳаммулпазирӣ ва гуфтори неку амалҳои нек аз ҷониби ҳар яки мо аҷру савоби дучанд дорад.
Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз китоби муқаддаси Қуръон иброз доштанд, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ садди роҳи беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Ҳамзамон, вобаста ба сафарҳои такрории шаҳрвандон ба ҳаҷ зикр гардид, ки беҳтар аст фарди мусулмон маблағи хароҷот барои ҳаҷи такрориро барои беҳбудии шароитҳои хонаводаҳо, таълиму тарбияи фарзандону наберагон, ободии маҳали худ, бунёди мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва ба хотири кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намоянд, ки аз ин ҳисоб савоби бештарро ба даст меоранд.
Қобили зикр аст, ки даврони соҳибистиқлолии кишвар бо роҳнамоиҳои ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат дар ҳама самтҳои давлатдорӣ ва ҳам соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии мардум беҳбудиву навовариҳои бениҳоят бузург ба вуқуъ пайвастааст. Дар ин росто бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат расму ойинҳои миллӣ, ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада, маросиму идҳои динии Рамазон ва Қурбон ва дигар маросимҳои мардумӣ аз нав эҳё гардида, дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.
Гузори солҳои Истиқлоли давлатӣ бо иқдомҳои хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат китоби Қуръони карим се маротиба нашр гардид ва тафсиру тарҷумаи дигар асарҳои оламшумули нобиғаҳои миллати тоҷик нашр шуда, ҳамзамон, як ќатор чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ аз ҷумла, Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таҷлил карда шуд. Шоёни ифтихору сарбаландии мо мардуми саодатёри Тоҷикистони азиз аст, ки Сарвари давлат зимни суханронии хеш дар мулоқот бо ходимони дину донишмандон ва аҳли ҷомеаи кишвар иброз доштанд, ки бо мақсади пок нигоҳ доштани асолати динии мардум чунин ташаббусҳо, аз қабили чопи тоҷикии матни Қуръони карим минбаъд низ идома хоҳад ёфт, то ин китоби муқаддас дар ҳар як хонадони кишвар мавҷуд бошад.
Воқеан ҳам ин ташаббусҳои нек ҷиҳати ташаккули афкори солим ва такмили донишу саводи диниву дунявӣ ва маърифатнокии мардум ва он ҳама ташаббусҳои муаррифкунандаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳомии исломи ноб буд, ки ҳамасола дар феҳристи 500 нафар мусулмонони ҷаҳон номи Пешвои муаззами миллати мо дарҷ гардида, инчунин, дар соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳони ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг шаҳри Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардида буд.
Илова бар ин, чуноне ки зимни суханронии Роҳбари давлат дар мулоқоти мазкур зикр гардид, имрӯз дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо арзи вуҷуд доранд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар 2000 сокини Тоҷикистон як масҷид рост меояд. Ин дар ҳолест, ки ин нишондод дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Мутаассифона, новобаста ба дастоварду навгониҳо ва фароҳам овардани шароитҳои хуб ҷиҳати анҷоми фаризаҳои динӣ барои сокинон, боз ҳам зуҳуроти нохушоянде ба мисли таассубу хурофотпарастӣ, зиёдаравию анҷоми баъзе амалҳое гӯё динӣ, аммо дар асл мухолифи арзишҳои диниву аҳкоми Қуръони шариф мушоҳида мешавад. Дар ин маврид Пешвои миллат зимни суханронии хеш дар мулоқот бо ходимони дин ва аҳли ҷомеа чунин изҳор доштанд:
“Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд”.
Роҳбари давлат бо ёдоварӣ аз оқибати сиёсисозии ислом ва тавассути таъсиргузории исломи сиёсӣ халалдор намудани суботу амнияти баъзе кишварҳои олам аз ҷониби баъзе ҳизбу ҳаракатҳои хатарзо таъкид доштанд, ки сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ буда, дар таълимоти ислом ҷойгоҳе надорад ва дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.
Умуман, суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми масоили иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи асолати дину оинҳои мардумӣ ва пешгирӣ аз хурофотпарастиву зиёдаравӣ ва муқовимати дастаҷамъона алайҳи равандҳои хатарзои замони муосир буд. Бинобар ин, андешаву пешниҳодҳои созандагиву дастуру супоришҳои дар мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин, ироагардида, роҳнамои ҷадидест барои расидан ба зиндагии шоиставу ҳаёти солим ва он ҳамчун дастурамали омӯзишӣ барои кулли масъулон, ходимони дину фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва омӯзгорону ҳам волидон, ки тарбияи насли ояндаи кишварро бар уҳда доранд.
Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ин мулоқот таъкид доштанд, ки “Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад”.
Воқеан ҳам, тақвият бахшидани мафкурасозии созанда дар ҷомеа, тарбияи насли ояндаи мамлакат дар руҳияи одобу ахлоқи ҳамида ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ вазифаи имониву виҷдонист. Зеро бидуни насли бомаърифату донишманд ва дорои ҳунару касбияти баланду ихтисосмандони ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир давлат рушду пешрафт нахоҳад кард. Аз ин лиҳоз, бояд дар радифи таваҷҷуҳи ҷиддӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар мулоқот ироагардида, ҳамзамон, атрофи ин нуктаи муҳими таъкиднамудаи Сарвари давлат ҷиддӣ тамарккуз намоем: “Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд”.
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД