Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Соли маърифати ҳуқуқӣ
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо таваҷҷуҳ ба тақвият бахшидани фаъолияти соҳаву сохторҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳамзамон, тақвият бахшидани фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ баҳри иҷрои вазифаҳои дар соли ҷорӣ, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.
Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таваҷҷуҳи умум, бахусус, тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеашиносону коршиносони масоили сиёсиву иҷтимоӣ ва сиёсатдонҳои дохилу хориҷи кишвар ҳамовозӣ пайдо кард, -иброз медорад судяи Суди ноҳияи Кӯшониён Зебонисо Сатторзода. - Тавре ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд; «Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад». Роҳбари давлат бо ёдоварӣ аз амалӣ шуда истодани сеюмин барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 дар мамлакат таъкид доштанд, ки дигар аз масъалаи муҳиме, ки дар низоми ҳуқуқии кишварамон нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб меёбад.
Ба андешаи Зебонисо Сатторзода барои бунёди ҷомеаи адолатгустар дар баробари кафолати адолати судӣ ва таъмини шаффофият дар баррасии парвандаҳои судӣ ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносии ҷомеа ба риояи қонунҳои мавҷуда ва Конститутсия, пеш аз ҳама, бояд маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро боло бурд.
-Дар масири амалӣ гардидани ҳадафҳои пешгирифта ҳамаи мо, кормандони ҳокимияти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахшу зертобеъҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро мебояд, ки бо дасти поку амри дил ва садоқат ба халқу Ватан дар иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаамон, ҳисси масъулиятшиносӣ зоҳир намоем, -иброз дошт Зебонисо Сатторзода. - Зеро ҳадаф аз эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» натанҳо баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқшиносии ҷомеа, балки риояи адлу ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳкими қонуният дар ҳама ҷанбаҳои ҳаётӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти тамоми сохтору ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати иҷрои вазифаҳо дар ин самт арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни баррасии парвандаҳои ба ҳокимияти судӣ воридгардида мушоҳида мегардад, ки бештари ҳодисаҳои ҷинояткорӣ, қонуну қоидавайронкуниҳо аз қабили хушунату зӯроварӣ нисбат ба инсон, бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзандон, риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва расму оинҳои мардумӣ» ва дигар кирдорҳои номатлуб аз ҷониби шаҳрвандон аз асари надонистани қонун ва дарк накардани оқибати кирдорҳои дар ҳолати хашму рашк ва дигар авзои равонӣ содир гардидаанд.
Аз 454 парвандаҳои дар соли 2023 барои баррасӣ қабул намудаам, 232 адади онро парвандаҳои оилавӣ ва 110- тои онро парвандаҳои маъмурӣ ташкил медиҳанд, ки ин аз омори баланди баҳсу муноқишаҳои оилавӣ ва ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои маъмурӣ дарак медиҳад.
-Бо дарназардошти пешгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳо, дар ин давра аз шумори умумии парвандаҳои баррасинамуда 82 адади онро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намудаам, ки дар он аъзои оилаҳои тарафҳои баҳс ва хешовандону ҳамсояҳои онҳо ширкат варзиданд. Илова бар ин, ба хотири фаъолгардонии бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонону ноболиғон ва дигар сохторҳои маҳаллӣ дар самти корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ, вобаста ба 84 парвандаҳои баррасигардида таъйиноти хусусӣ бароварда шуда, ба унвонии масъулони бахши кор бо занон ва оила, ҷавонону дигар соҳаву мақомоти дахлдор ирсол карда шуд,- иброз дошт З. Сатторзода.
Аз таҳлилу мушоҳидаҳо судяи суди ноҳияи Кӯшониён бармеояд, ки як роҳи асосии пешгирӣ аз баҳсу мунозираҳо ва хушунату зӯроварӣ дар оила ин дучанд бештар ба роҳ мондани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва ташаккули афкори ҷомеа дар руҳияи ҳамдигарфаҳмиву рушди фарҳанги оиладорӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, соли сипаригардида дар доираи баррасии парвандаҳои оилавӣ 32 парванда тариқи мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, 28 таъиноти хусусӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуд. Ҳамчунин, дар ин давра 35 адад парвандаҳои маъмурӣ дар судҳои сайёр баррасӣ гардида, ҷиҳати рафъи мушкилот ва пешгирӣ аз қоидавайронкуниҳо 30 таъиноти хусусӣ ба унвонии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва бахшҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ирсол карда шуд, иброз дошт дар идомаи Сатторзода Зебонисо. - Илова бар ин, дар доираи баргузории 60 вохӯриву чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар идораву ташкилотҳо ва суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба роҳҳои пешгирӣ аз хушунату зӯроварӣ дар оила, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва дигар мавзуъҳои рӯзмарраи ҷомеа маърӯзаҳо доштем.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём изҳор доштанд, “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”. Бо дарназардошти ин нуктаҳои муҳим ҳар яки мо намояндагони ҳокимияти судӣ назди хеш мақсад гузоштаем, ки ҷиҳати рафъи мушкилу камбудиҳо ва пешгирӣ аз ҷинояткориҳо аз ин ба баъд ҳам бештару бештар кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар соли маърифати ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ ва маърифатнокии аҳолӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Юсуфи Собир, ноҳияи Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД