Бойгонӣ

РОҲБАРИ ТАШАББУСКОР

Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар дастовардҳои бесобиқа, инчунин ба баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа нақши мондагор гузошт. Дастгирии занон дар сатҳи давлатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо фароҳам овардани шароити муосид аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳо занону бонувон низ фаъолияти густурда доранд. 
Яке аз ин гуна бонувони чашмикордон Дастагул Мирзоева мебошад, ки имрӯзҳо роҳбарии яке аз калонтарин ҷамоатҳо, Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахшро ба ӯҳда дорад.
Зери роҳбари ин бонуи ташаббускор симои ҷамоат хеле дигаргун гашта, дар ҳама бахшҳо пешравиҳо ба чашм мерасанд. 
Вобаста ба дастоварду дигаргуниҳо дар ҳудуди ҷамоат ходими адабии маҷалла бо Дастагул Мирзоева мусоҳабаеро анҷом дод, ки онро манзури хонандагон мегардонем. 

Мегуфтед, ки аҳли заҳмати Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод” соли 2023 – ро чӣ гуна ҷамъбаст намуданд? 

-Сокинон, хоҷагидорон, ташкилоту муассисаҳо ва дар маҷмуъ тамоми қишри ҷомеаи шаҳрвандии Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод” сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукуматро дар роҳи тинҷию оромӣ, созандагию бунёдкорӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, соли сипаригардидаи 2023 – ро бо як қатор дастовардҳо ва пешрафтҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
Барномаи давлатӣ оид ба тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ дар ҷамоат дастгирии худро ёфта, соли 2023 заҳматкашони хоҷагиҳои ҳудуди ҷамоат ба он муваффақ гардиданд, ки дар майдони 2136 гектар маҳсулоти кишоварзӣ кишт намоянд. Аз ҷумла хоҷагидорон дар майдони 1510 гектар пахта, дар 220 гектар ғалладонагиҳо, дар 186 гектар сабзавот ва дар 34 гектар картошка кишт намуданд, ки дар натиҷаи риояи дурусти корҳои агротехникӣ ҳосили фаровон ба даст оварданд.
Пахтакорони ҳудуди ҷамоат истеҳсоли ҳосили пахтаро ба 3525 тонна ё худ 101,9 фоиз расонида, дар ноҳия аввалин шуда нақшаи истеҳсоли ин ашёи хоми саноатиро барзиёд таъмин намуданд. 
Инчунин баҳри иҷрои нақшаи маҳсулоти содиротӣ, ки 576 тоннаро дар бар мегирифт, аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, иҷроиши нақшаро пурра таъмин карданд. 
Ҳосили зироатҳои кишоварзӣ аз қабили гандум ба 8930 тонна, полезиҳо ба 25 ҳазор тонна ва сабзавот ба 27 ҳазору 710 тонна расонида шуд, ки дар ин кор саҳми хоҷагиҳои деҳқонии “Рашт”, “Шоназрӣ”, “Сафар Ғаюр”, “Хуршед”, “Роғун 2” ва “Амонат” назаррас мебошад. 
Ҳолати тозакунии заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагӣ ва дохили хоҷагӣ идома дошта, соли сипаригардида дар ҳудуди ҷамоат зиёда аз 21 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шудаанд.

-Мусаллам аст, ки дар ободу зебо гардонидани маҳалли хеш саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас мебошад. Ҳамкриҳои Шумо бо соҳибкорон дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Чун имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ қисмати зиёди иншооти ҳаётан муҳим бунёд мешаванд, дар ҷамоати мо низ ҳамкорӣ бо соҳибкорон хуб ба роҳ монда шудааст. Феълан дар қаламрави ҷамоат 67 нафар соҳибкорон зиндагӣ менамоянд, ки аз ин шумора 30 нафар дар соҳаи савдо, 5 нафар дар соҳаи хизмати маишӣ ва 32 нафар дар соҳаи нақлиёт фаъолият менамоянд. Дар якҷоягӣ бо соҳибкорон дар ҳудуди ҷамоат даҳҳо иншооти хурду бузург бунёд шудааст, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо сокинони зиёди ҷамоат бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ҷалб шудаанд ва ман аз ин фурсат истифода намуда ба он ҳама соҳибкороне, ки дар ободу зебо гардидани ҳудуди ҷамоат саҳми хешро гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям. 

-Мо шоҳид ҳастем, ки дар сартосари мамлакат бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар корҳои назаррасе амалӣ шудаистодаанд. Мегуфтед, ки дар ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод” ба ифтихори ин ҷашн чӣ тадбире рӯи даст гирифта шудааст?

-Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни пурифтихори миллат, дар ҳудуди ҷамоат бунёди 46 иншооти ба деҳот хос ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай то ин давра 12 – тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Аз ҷумла бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду муассисаи хуштарҳу замонавии таълимӣ, китобхона, корхонаи бетоншӯрӣ барои сохтмони биноҳо, сехи истеҳсоли хишти бетонӣ, дорухонаю мағозаҳо ва копруки монишгузар бунёд шудаанд, ки дар онҳо даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо дилгармӣ кору фаъолият доранд. Инчунин 36 километр роҳҳои ҳудуди ҷамоат таъмиру бозсозӣ шудаанд, ки дар онҳо рафтуомади сокинон ва нақлиётҳо таъмин мебошад. Илова бар ин айни замон дар ҳафт иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд, ки баъди бунёди онҳо боз даҳҳо нафар аз сокинони ҳудуди ҷамоат бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.
Чун сокинони заҳматқарини Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод” соли сипаригардидаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбат намуданд, имсол низ ҳама кӯшишу заҳмати хешро ба он равона менамоем, ки дар ободсозии як гӯшаи диёр саҳми арзандаи хешро бигузорем. 

-Ташаккур барои як суҳбати хубу самимӣ. Ба Шумо дар идомаи фаъолияти корӣ барору муваффақият орзумандем.

Саломату сарбаланд бошед. 

Даричаи ошноӣ
Дастагул Мирзоева, 23 январи соли 1975 дар ноҳияи Вахш дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.
    Соли 1982 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Вахш ба синфи 1-ум рафта, соли 1992 маълумоти миёнаи синфи 10-ро гирифтааст.
    Баъди хатми мактаби миёна ба кори эҷоди шуруъ намуда, соли 1999 нахустин китобашро бо номи «Ошёнаи меҳр» аз чоп баровардааст.
    Соли 2000 тибқи Квотаи Президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар, ба номи Ноисри Хусрав дохил шуда, соли 2005 донишгоҳро бо муваффақият хатм намудааст.
    Айни замон донишҷӯӣ бахши 4-уми факултети Идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
    Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1996 оғоз карда, аз соли 1996 то соли 2000-ум дар Омӯзишгоҳи касбии техники №60-и ноҳияи Вахш ба ҳайси лабарант ва аз соли 2000-ум мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Ҳукумати ноҳияи Вахш фаъолият намудааст. Солҳои 2002 то соли 2019 муовини раиси Ҷамоати дехоти “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ва аз соли 2019 то ин ҷониб ба ҳайси раиси Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”  фаъолият карда истодааст.


Суҳбаторо Сулаймон СУЛТОНОВ, н. Вахш.


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019