Бойгонӣ

Фотеҳи қуллаҳои илм

2020-2040 -  Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф  
                                           Шир ғизои тифл асту 
                                             Илм ғизои руҳ.
                                                         « Авасто»
 Субҳи бо сафо медамиду хуршеди оламоро бо шуъоҳои  зарринаш гирду атрофро нурпошӣ мекард. Чун фасли хазон ҳукумронӣ мекунад, баргҳои зардшудаи дарахтон аҳён- аҳён аз боло ба сари роҳгузарон  мерехтанд. Миёни роҳгузарон марди қоматбаланду кушодачеҳра ғарқи андеша бо кўлбори илму дониш сўи коргоҳи  азизаш- Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шитоб дошт. Ўро шогирдонаш бесаброна интизоранд.
   Вақте ки барои дидорбинӣ ва суҳбат  ба утоқи кориаш рафтем, болои  мизи кориаш якчанд ҳуҷҷатҳои диссертатсионӣ мехобиду ў бо ду нафар суҳбат  дошт. Бо вуҷуди он, ки ҳамчун аъзои Шурои диссертатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба шаҳри Хуҷанд сафар дошт, барои суҳбат бо мо вақт ҷудо  намуд…
     Олими шинохтаю сеҳрмаҳсул, доктори илмҳои  педагогӣ, профессор Абдурасул Сатторов то расидан ба қуллаҳои баланди илм роҳи мушкилу пур аз шебу фарозро тай намудааст. Зеро фатҳи қуллаҳои баланди илм корест басо мушкилу заҳматталаб.
     Ҳанўз соли 1966 мактаби миёнаро аъло  хатм намуду бо маслиҳату тавсияи падараш- роҳбари яке аз хоҷагиҳои номдори ноҳияи Ҷиликўл  (ҳозира  Дўстӣ), Қаҳрамони  Меҳнати Сотсиалистӣ Эшбек Сатторов  ҳуҷҷатҳояшро  ба Донишгоҳи  давлатии  омўзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айнӣ супорид. Аз устодони ин боргоҳи донишу маърифат илм омўхт. Ин  мисраъҳои Саъдии бузург шиораш буд: 
          Маёмўз ҷуз илм гар оқилӣ,
          Ки бе илм будан бувад ҷоҳилӣ.
Аз омўзгору устодон, олимони шинохта ва сахтгиру серталаб  М. Каримова, Б. А. Элнатонов, Э. Рўзметов, П. Л. Хаимова сирру асрор ва асосҳои  илмҳои математика ва геометрияро аз худ намуд.
 Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард. Дониши баланд, интизоми намунавӣ ва масъулиятшиносии хосашро ба назар гирифта, маъмурияти Донишгоҳ ўро  ҳамчун мутахассиси ҷавону болаёқат дар факултаи математика ба кор қабул намуданд.
Тайи се соли фаъолият худро ҳамчун омўзгори фаъол нишон дода тавонист, таҷрибаю донишҳои нав аз бар кард ва аз санҷиши роҳбарияти  донишгоҳ сарбаландона  баромад. Фаъолияти педагогиаш рўз ба рўз сайқал меёфт.
  Роҳбарияти донишгоҳ барои ноил гардидан ба комёбиҳо ва фатҳи  қуллаҳои баланди илм омўзгори ҷавон Абдурасул Сатторовро ба сифати коромўз ба Донишгоҳи  Қазони  Федератсияи Россия фиристод. 
  Имтиҳонҳои ба аспирантура дохилшавиро бомуваффақият ва сарбаландона супорида, ба тадқиқи  яке аз проблемаҳои ҳанўз дар илми геометрия  номаълум «Геометрияи фазоҳои векторӣ ва ковектории зичнок» машғул гардид.
   Соли 1979 дар мавзуи номбурда таҳти роҳбарии доктори илмҳои  физика- математика, профессор Лукич Лаптев рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, номзади илмҳои физикию математикӣ гардид.
    Баъди хатми аспирантура ва ҳимояи рисолаи номзадӣ олими ҷавон Абдурасул Сатторов солҳои 1978-1993 дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айнӣ ба ҳайси саромўзгор ва дотсент сарбаландона фаъолият намуд. Дар ин давра фаъолияти илмии худро дар сатҳи баланд идома дода, даҳҳо мақолаҳои илмӣ рўйи  чоп оварда, ба тадқиқи мавзуъҳои муҳими илми математикаю физика шуруъ намуд. Заҳматҳои пайвастаю шабонарўзиаш буд, ки дар ин самт асарҳои калонҳаҷми илмӣ пайи ҳам рўйи чоп меовард.
Устод  Абдурасул Сатторов ҳамчун донишманди нуктадон ва олими пурмаҳсул дар бораи мавзуҳои  гуногуни самти фанҳои дақиқ ва риёзӣ то ба имрўз зиёда 300 мақолаҳои илмию методӣ ва 30 китобу дастурҳо таълиф намудааст.
    Бо даъвати роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар соли 1993 барои идомаи фаъолияти педагогӣ ва илмӣ ба шаҳри  Бохтар омад. Ба ҳайси мудири кафедраи алгебра ва геометрия ва сарвари омўзгорону олимони ҷавон тадбиру чорабиниҳои зиёди судмандеро ба сомон расонид. Ба ғайр аз фаъолияти омўзгорӣ ў ҳамчун олими асил ва фидоии баҳри беканори илм ҳамеша пайи тадқиқу омўзиши қарор дорад. 
   Заҳматҳои пайваста дар роҳи кашфи масъалаҳои нокушодаи таърихи математика, физика, геометрия ва дигар тадқиқотҳои нави илми риёзӣ ба ин ахтари олами илм шуҳрати  ҷаҳонӣ овард.
    Ў дар чандин ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ  дар  Россия, Чехия, Фаронса, Ўзбекистон, Белорусия, Лаҳистон, Латвия, Эстония иштирок ва баромад намудааст. 
  Мақолаҳои илмии олими сермаҳсулу тавоно Абдурасул Сатторов  борҳо дар маҷаллаҳои  илмии кишварҳои Лаҳистон, Чехия, Украина, Словакия ва Россия оид ба мавзуҳои  гуногуни илмҳои дақиқ ва риёзӣ нашр гардидаанд.
   Соли 1982 ў дар кишвари Чехословакия (имрўза Чехия) дар тўли 10 моҳи сафари хизматӣ бо олимони чех дар самти баъзе масъалаҳои математикию геометрӣ тадқиқоти зиёдеро ба анҷом расонид. 
  Ин олими пухтакору нуктадон соли 2011 дар мавзуи «Ақидаҳои  дидактикии олимони табиатшиноси асримиёнагии Осиёи Марказӣ ва Шарқи  Наздик оид ба математика ва тадбиқи онҳо дар раванди таълим» таҳти назари мушовири илмӣ, профессор А.Ш.Комилӣ  рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. 
   Донишу маърифати баланд, ташкилотчигию масъулиятшиносӣ ва хислатҳои наҷиби инсониашро ба  назар гирифта, ўро соли 1997 ба вазифаи ноиби ректор оид ба иқтисод ва таҳсили ғоибонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав таъйин намуданд. Ин вазифаи пурмасъулро ў бо сари баланд ва дасту дили пок то соли 2002 иҷро намуд. Ҳамчунин солҳои 2002- 2005 дар вазифаи ноиби ректор оид ба илм ва солҳои 2005 – 2007 дар  вазифаи директори Маркази имтиҳонгирии  компютерӣ ифои вазифа намуд.
  Олими  шарафманд, профессор Абдурасул Сатторов тайи 17 сол ( 1993- 1997) ва  ( 2007- 2020)  вазифаи мудири кафедраи алгебра ва геометрияи ДДБ ба номи Носири Хусравро содиқона ва сарбаландона иҷро намуд.
    Вай дар амалӣ  намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Бистсолаи  омўзиш  ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои  2020 -2040 саҳми босазои худро мегузорад. 
   Зери роҳбарӣ ва дастгирии  бевоситаи ин омўзгору олими бузург 12 нафар рисолаи  номзадӣ ҳимоя намуданд ва 2 нафар барои ҳимояи докторӣ омодагӣ мегиранд.
   Устод Абдурасул Сатторов боз як вазифаи ниҳоят пурмасъулият- раиси Шурои  диссертатсионӣ  оид ба ихтисосҳои методикаи таълими физика, математика ва  информатикиро дар байни  ҳамаи муассисаҳои олии кишвар ба уҳда дорад. Ин албатта аз обрўю нуфузи ў дар байни аҳли илми мамлакат шаҳодат медиҳад.
  Устоди шарафманд профессор Абдурасул Сатторов барои хизматҳои шоёну арзанда дар рушди илми тоҷик, тарбияи беғаразонаи шогирдону олимони ҷавон ва хизмати содиқона ба халқу Ватани азиз бо нишонҳои Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф» ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сафароз гардидааст.
   Соли 2020 ҷашни 70- солагии  ин олими маъруф дар сатҳи хеле баланд таҷлил гардид. Барои табрикаш ҳатто аз даҳҳо кишварҳои хориҷӣ номаҳои шодбошӣ ирсол гардид. Воқеан ҳам китоби  зиндагиномаи  устод рангину  моломоли меҳру муҳаббат, вафодорӣ ба халқу Ватан ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аст. Вақте ки ба чеҳраи нуронии  ин шахси хоксору меҳрубон, фозил, дурандешу  дарёдил ва хайрхоҳ назар мекунам, мисраҳои шеърии зерин ба хотир меояд: 
      Мўйи сафедро фалакам ройгон надод, 
       Ин  риштаро ба нақди ҷавонӣ харидаам.

                                     Аъзам Бобоев


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019