Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ БОТУЛИЗМ
Бо фаро расидани фасли сармо кадбонуҳо аз хӯришу ширинӣ ва дигар анвои дар тобистону тирамоҳ омодакардаашон васеъ истифода мекунанд. Аммо гоҳҳо ҳодисаҳои заҳролушавии сокинон аз консерваҳои хонагӣ ба назар мерасад. Агар консерваҳои дар шароити хона омодашуда ба тарзи нодуруст ва ё ба ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набуда тайёр карда шуда бошанд, ҳангоми истеъмол метавонад оқибати нохуш ба бор орад. Яке аз паҳншудатарин ва оризаноктарин беморие, ки баъди тановули маҳсулоти консервагӣ ба вуҷуд меояд ва дар байни аҳолӣ маъмул аст, ин бемории ботулизм мебошад.

Вобаста ба ин беморӣ бо мутахассиси ҷавон, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун Ҳомидҷон Абдулҳамидзода суҳбате анҷом додем.
-Аввалан дар бораи ин беморӣ каме маълумот медодед.
-Ботулизм – ин бемории вазнин ва барои ҳаёт хатарнок буда, ба системаи асаб зарар мерасонад. Он бемории шадиди сироятӣ буда, асосан аз истеъмоли маҳсулоти консервашуда ба вуҷуд меояд. Барангезандааш заҳр мебошад. Беш аз ҳама ботулизми ғизоӣ ҳангоми истеъмоли хӯришҳои консервашуда аз маҳсулоти сабзавотии туршиашон паст, аз қабили помидор, бодиринг, боимҷон, лаблабу, нахуди сабз ва замбурӯғҳо, ки нокифоя пухта ва тамиз карда мешаванд, пайдо мешавад.
-Агар шахс ба ин беморӣ гирифтор шавад, кадом аъзои бадан бештар осеб мебинад?
-Ботулизм дар натиҷаи аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз падид меояд. Яъне, ботулотоксин ба воситаи луобпардаи меъда ва рӯда ба хун ворид шуда, мушакҳоро аз фаъолият бозмонда, рагҳои хунро тангу фалаҷ ва мӯйрагҳоро осебпазир мегардонад. Аз таъсири ботулотоксин, хусусан нейронҳои муҳаррики ҳароммағз ва мағзи дарозрӯя зуд ҳассос мегарданд.
-Нишонаҳои ин беморӣ чи гунаанд?
-Аломатҳои бемории давраи ниҳонии ботулизм аз 2 – 12 соат то 7- шабонарӯз аст. Оғози беморӣ шадид буда, ба системаи асаби ҳаракат таъсири манфӣ расонида, қобилияти – биноӣ, нутқ, фурӯбарӣ ва кори дигар узвҳои нафаскаширо халалдор месозад. Сандуқи сина дард карда, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ пайдо мешавад. Бисёр вақт аломати аввалини ботулизм хушкидани даҳон ва хира шудани чашм аст. Пеши чашмро парда мегирад. Вокуниши бемор ба рӯшноӣ суст ё умуман нест мешавад. Ғӯзаи чашм беҳаракат ва пилки боло овезон гашта, одам нофаҳмо ва бо бинӣ ҳарф мезнанад.
-Чӣ бояд кард, ки шахс ба ин беморӣ гирифтор нашавад?
-Аввалиндараҷа бояд тозагиро риоя кард. Маҳсулоти хомро аз пухта ҷудо намоед. Ғизоро ба таври кофӣ пухта, нимхом истеъмол набояд кард. Маҳсулотро дар ҳарорати бехатар нигоҳ доштан лозим аст. Об ва маҳсулоти хоми бехатарро истифода бурдан лозим аст.
Агар шумо ақаллан нисбати як банди зикргардида шубҳа дошта бошед, ғизоро пеш аз истеъмол коркард кунед. Яъне, ғизоро то ҳарорати 80 дараҷа дар муддати – 15 дақиқа аз нав ҷӯшонидан даркор аст..
-Аввалин коре, ки баъди заҳролудшавӣ кардан лозим кадом аст?
-Дар сурати заҳролудшавӣ ҳарчи зудтар ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат намудану духтурро интизор шудан шарт ва зарур аст. То омадани духтур меъдаро шуста дорувории сорбентиро истифода баред, яъне ангишти фаъолкардашуда, энтеросгел ё смекта.
-Тавсияҳои шумо ба он нафароне, ки дар шароити хона маҳсулоти консервагӣ омода мекунанд.
-Барои дуруст консервакунонии ғизо дар шароити хона ҳамавақт зарфҳои шишагини тоза ва тамизшудаи ношикаста ва сарпӯши худмаҳкамшавандаро истифода бурдан даркор. Маҳсулоти тоза, беиллатро интихоб намуда, дар оби тоза шустан лозим. Баъзе маҳсулоти тару тоза, аз қабили каду, боимҷон, помидор, харбуза ва тарбуз пеш аз коркард бояд тоза карда шаванд. Усули бастабандии гармро истифода намоед. Ба баъзе маҳсулот, аз қабили помидор, каду ва хӯришҳо туршӣ, аз қабили ҷавҳари лимў ё сирко илова намоед.
Аз консерваҳое, ки эҳтимоли хатари ботулизм доранд-бонкаҳои сарпӯшашон варамида, рангаш хира гашта ва бӯйи нофорам доранд, худдорӣ намоед.
Сулаймон СУЛТОНОВ, н. Ҷайҳун
Добавить комментарий
Ахбор
Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд 15:26ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" 14:43СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ – СОЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР ХАТЛОН 14:372 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД. 14:34Шумораи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 14:30КОМЁБӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА РӮЙИ КОР ХОҲАД ОМАД 14:24АНҶИР: ҲАМ ҒИЗО, ҲАМ ДАВО 11:36ХӮРИШ АЗ АНҶИР 11:33
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД.
“ШОҲНОМА” БА БОХТАР ҲАМ РАСИД
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. ДАР ДАҲ МОҲ 43 ИНШООТ БУНЁД ШУД
Тақдими “Шоҳнома” ба сокинони ноҳияҳои Вахшу Абдураҳмони Ҷомӣ
ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Бунёди бинои 5 ошёнаи Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон
Ҷайҳун. 342 иншоот бунёд гардид
Насби дурбинҳои назоратӣ дар партовгоҳҳо



