Меросбари ашъори падар

                   
 (Дар суҳбати соҳибдиле) 
Ба ростӣ боиси ифтихор медонам, ки солҳои дар Кӯлоб кору фаъолият доштанам, ба ман муяссар гардид, ки дар як чанд нишасту вохурӣ  ва суҳбатҳо, ки бо иштироки адиби шинохтаю маъруф, Шоири халқии Тоҷикистон устоди зиндаёд Ашӯр Сафар баргузор гардида буд, иштирок намудам. Аз дастурхони устод нону намак хӯрдам. Медонистам, ки писари калониааш Гурез Сафар шоири хуб аст.
 Бо ашъори диловезу рангинаш аллакай байни ҳаводорони адабиёт маҳбубият пайдо намудааст. Писари дигари устод Файзи Ашур, ки хатмкардаи факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аст, хеле барвақт машқи шеър мекард. Падари бузургвораш Ашӯр Сафар бародари калони Гурез Сафар (ҳоло Шоири халқии Тоҷикистон), ки дар майдони адабиёт гомҳои устувор мебардоштанд. Файзи Ашӯр ашъорашро расонаӣ намекард. Воқеан ҳам ӯ яке аз хоксортарин ва маҳбубтарин     шоирони минтақаи Кӯлоб аст. 
    Якчанд бор тариқи телефон тамос гирифта, суҳбат кардем ва суҳбати сарироҳӣ ҳам анҷом додем. Аммо ин ба ҳузури дили ӯ рост наомад ва гуфт: Суҳбат сари дастархон  гуворост. Оре, ӯро мисли қиблагоҳаш устод Ашӯр Сафар хушсухан, хоксору меҳрубон, хайрхоҳу саховатпеша ва дарёдил дарёфтам…
     Нахустин шеърҳояшро, ки бо маслиҳату дастури падари бузургвораш рӯйи чоп овард ва аз ҷониби ҳаводорони адабиёт хеле хуб пазируфта шуданд. Устод Файзи Ашӯр аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, «аввалин маҷмуаи шеърҳояшро бо унвони «Карашмаи субҳ» пешкаши хонандагон гардонидааст. 
     Мавзуи шеърҳои ин шоири хушбаёну дардошно фарогири мавзуҳои инсондӯстӣ, ватандорӣ, хислатҳои наҷ иби инсонӣ, ҳамдилию ҳамдигар фаҳмӣ, накукорию хайрхоҳӣ, сулҳу ваҳдатгароӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ  мебошад.
      Бо меҳри бепоён ва садоқати беандоза шоир дар шеъри «Қасри миллат» овардааст:
       Сангинирода бошад меъмори Қасри миллат,
       Чун кӯҳ устувор аст девори Қасри миллат.
       Дар оташи муҳаббат пухтем обу хокаш,
       Ҷои саломи дилҳост толори Қасри миллат, 
       Нақшаш ҳисоб кардам, дилро китоб кардам.
       Ҷо дар ҳазор  дил шуд осори  Қасри миллат…
    
Дар шеъри «Эҳдо ба сарварони ду кишвари бародар» ба Презденти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Презденти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ишора намуда, навиштааст:
        Ба ҷуз қалбе, ки мехонад суруди ошноиро, 
        Чӣ орад бар хиҷ олат сози ноҷ ӯри ҷудоиро?
        Кушодед аз сари сидқу вафо дар ҷодаи тақдир,
       Миёни қалбҳо роҳи заминию ҳавоиро.
       Гулистонҳо ҳама гирди шумо ҷамъ омаданд имрӯз.
       Ки то ин дам надиданд инчунин булбулсадоиро,
       Биҳиштиед, зеро чун бародарҳои бофарҳанг,
       Шумо кардед шод арвоҳи Ҷомию Навоиро.
Шоири ширинкалом бо арзи эҳтиром аз ифтихори   ватандорӣ  ва арҷ гузорӣ  ба фарҳанги бойи миллати куҳанбунёдамон  бо сатрҳои заррин  менависад:
        Ҳар кӣ бошад посбони обрӯи миллатам,
        Парварад дар мағзи ҷонаш орзуи миллатам.
        Гулшани умри абад дар ин ҷаҳон сабзондаем,
        Хизр нӯш кардааст аз оби ҷӯи миллатам.
        Бо забони аҳли ҷаннат ҳарфи мо аз дӯстист,
        Дузахи бошад, касе бошад адуи миллатам.
Шоир, ки чун як фарди бомаърифати ҷомеа аз қиблагоҳи бузургаш тарбияи хубу арзандае ба мерос гирифтааст, барои дар оянда ҳам чун насли сазовор тарбия ёфтани фарзандонаш заҳмат мекашад.
    Ин арзу ниёзи ӯ дар шеъри «Насиҳате ба фарзанд» чунин баён гардиааст:
      Эй ҷони падар, ҳуш бар сар доштанат беҳ,
      В – аз ҳуш назар, балки ҳунар доштанат беҳ.
      Аз ҳарфи падар ҳеҷ зарар нест ба фарзанд,
       Дар хотири худ ҳарфи падар доштанат беҳ. 
       Ноаҳл чӣ донад раҳи мардони накуро,
       Аз ҳамраҳи ноаҳл ҳазар доштанат беҳ.
Шоири ширинсухану хушқалам Файзи Ашӯр дар ҳамаи маҷмуаҳои ашъораш ранҷҳои бедорхобӣ, меҳру шафқат ва ғамхорию дилбастагии модарро нисбат ба фарзанд хеле моҳиронаю устодона ба қалам додааст. Шумораи шеъру ғазалҳояш дар васфи модар хеле зиёданд ва шабеҳи «Модарнома»-и шоири шаҳири тоҷик, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ мебошанд:
     Модарам пир шудааст,
     Модарам пири асогир шудааст.
     Қиргун мӯйи сараш гашта сафед,
     Метавон гуфт, ки чун шаршараи шир шудааст.
     Гирди чашмони харобаш сияҳӣ рӯйида,
     Ҳамчу ду ҳалқаи занҷир шудааст.
     Ва дар ин ҳалқаи занҷири ду чашми модар,
     Қувваи ҷозиба кайҳост, ки ҷогир шудааст…
Шоир ба мардуми шарафманди ҳамаи манотиқи Тоҷикистон меҳри беандоза дораду онҳоро самимона дӯст медорад. Зеро медонад, ки асоси пойдории миллат сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ аст.
     Ман аз ҳар фарди хатлонии шайдои бадахшонӣ,
     Салом овардам бар пиру барнои бадахшонӣ.
     Вале аслан саломи ман ҷавобе бар саломи ӯст,
    Ки бишнидам варо аз Панҷ - дарёи бадахшонӣ.
    Гаҳе дар дида бошад, гоҳ дар дил, гоҳ ба рӯи даст,
    Куҷо ҷон аст яъне, ҳаст он ҷои бадахшонӣ.
    Фурӯғи чеҳрааш моро чу савғоест беҳамто,
    Ба рӯи чашм хоҳам бурд савғои бадахшонӣ.
Аз шеърҳои содаю пурмазмун ва марғуби шоири дардошною хушсухан пайдост, ки ӯ як шахси дилсӯз, хоксору заминӣ, росткору ростқавл буда, дили бузургу соф ва замири пок дорад:
   Сахт метарсам аз дил озурдан,
  В-аз касеро ба ғусса биспурдан.
  Натавонад лаби дилоҳангам,
   Бори ҳарфи дурӯғро бурдан.
   Тану ҷонам ҳалол мехоҳанд,
   Фориғам аз ҳаром хӯрдан.
    Огаҳӣ   дорам аз баду аз нек,
   Монам ин гуна, кош то мурдан!
Хулласи калом, ҳар касе аз ҳаводору ихлосмадони адабиёт агар ашъори пурмазмуну пурғановат ва саросар инсонпарваронаи шоири ширинкалом устод Файзи Ашӯрро мутоила намояд, ба баҳри беканори пур аз маърифат ғӯта мезанад ва аз он як ҷаҳон маънӣ  мебардорад.
   Ӯ тавонистааст бо истеъдоди баланди худододӣ, заҳматҳои пайваста, шабҳои бедорхобӣ ва ба қавле «қатрае аз хуни ҷигар кам карданҳо» маҷмуаҳои ашъорашро бо номҳои «Карашмаи субҳ», «Касби падар», «Хоки роҳ», «Ғамномаи нотамом», «Аз ёдҳо бар ёдҳо», «Се тори ҳамнаво», «Оре, манам дарахт» рӯи чоп оварда, пешкаши ҳаводорони ашъори нобаш гардонад.
   Аз он ифтихорманд аст, ки маҷмуаҳои ашъораш зери унвони «Ғизои андеша» сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Шамсиддин Шоҳин, «Дунёест саҳна» Ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар ва маҷмуаи «Аз пайраҳо то роҳ» бо Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода сазовор шуданд. 
   Устод Файзи Ашӯр аз зумраи шоирони шинохтаю маъруф аст, ки на танҳо бо эҷоди шеърҳои марғубу пурмазмун, инчунин бо навиштани драмаҳои назмию насрӣ байни хонандагону тамошобинони театр ҳаводорони зиёд пайдо намудааст.
    Драмаҳои эҷоднамудааш бо унвонҳои «Марди ҳақ», «Дарди шоир», «Фоҷиаи даврон», «Давлати Сомониён», «Фиғон Хусейни аробакаш», «Солори Аҷам», «Катан» аз тарафи мунаққидони театршинос ва тамошобинон баҳои баланд гирифтанд. Драмаи манзуми таърихиаш бо номи «Катан» дар фестивал- озмуни ҷумҳурияви «Парасту-2023» сазовори дипломи «Беҳтарин асари таърихӣ» гардид. 
    Мо ба ин шоири ширинкалом ва маҳбуб тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва парвозҳои боз ҳам баланди эҷодиро таманно мекунем.

    Азам Бобоев, Бохтар – Кӯлоб- Бохтар


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий