Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАВОНИ ВАТАНПАРВАР ВА ХУДОГОҲ
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», ки бо ибтикор ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал баргузор гардид, чеҳраҳои нави илму адаб, наврасону ҷавонони донишманд, худшиносу худогоҳ ва таърихдону ватандӯстро ба ҷомеа муаррифӣ намуд.
Дар гурӯҳи калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Ҳасани Назар- сарбози қисми ҳарбии №13483-и ноҳия Данғара ба дарёфти Шоҳҷоизаи ин озмуни бонуфуз сазовор гардид, ки он мояи ифтихори тамоми сокинони вилояти Хатлон гашт.
Ӯ дар оғози суҳбат иброз дошт, ки омӯзиши таъриху тамаддун ва фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик барои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистони азиз, ба хусус ҷавонон ниҳоят муҳим аст. Зеро таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ буда, қаҳрамониву диловарии гузаштагонамон намунаи олии ватандӯстӣ мебошад.
-Бо шарофати падари бузургворам дар айёми мактаббачагӣ китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуровро хонда будам. Он кас ба мо пайваста мегуфтанд, ки ҳар фарзанди Ватан бояд ҳатман ин шоҳасарро мутолиа карда, аз гузаштаи худ огоҳ бошад. Вақте насиҳати падарро ба ҷо овардам баъд фаҳмидам, ки ман кистаму гузаштагонам кистанд ва чаро бояд ман аз миллати худ ифтихор кунам - мегӯяд Ҳасани Назар.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа гардидани китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонадон боис шудааст, ки ин ҷавони худогоҳ дубора ба шоҳасари мазкур рӯ оварда, якчанд маротибаи дигар онро мутолиа намояд. Ба гуфтаи Ҳасани Назар ҳар боре, ки вай “Тоҷикон”-ро мутолиа менамояд, ҳамон қадар ба умқи таърих рафта, аз фарзанди ин диёр буданаш ифтихор мекунад. Зеро дар таърихи халқи тоҷик шахсиятҳои камназир ва чеҳраҳои мондагоре бо осори гаронбаҳо ва шоҳасарҳои арзишманди худ, баҳри пойдории миллат, илму фарҳанг, муаррифии тамаддун ва суннатҳои писандидаи аҷдодони сарбаланди мо нақши муассир гузошта, миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддунро ба ҷаҳониён ошно гардониданд.
Аз табори чунин шахсиятҳои камназир ва донишманди номвару соҳибхирд аллома Бобоҷон Ғафуров мебошанд, ки бо иншои асари гаронарзиши худ “Тоҷикон” ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори онро возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ инъикос намудаанд.
- Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки дар заминаи асарҳои мондагор ва оламшумули муҳаққиқону олимон ва таърихнигорону бостоншиносони маъруф навишта шуда, далелҳои раднашавандае дорад, ки мавҷудияти миллати моро ҳазорсолаҳо пеш илман исбот мекунад. Яъне ин асари гаронарзиш собит менамояд, ки мо – тоҷикон аз азал соҳиби давлат ва маданияти ғанӣ будем, - таъкид мекунад Ҳасани Назар.
Бузургони илму адаб беҳуда нагуфтаанд, ки худшиносӣ ва ходогоҳии миллӣ яке аз шартҳои муҳимми тарбияи насли наврас ба ҳисоб рафта, маҳз дар заминаи рушду равнақ додани он дар ниҳоди ҷавонон, мо метавонем, асолату дастоварди таърихӣ, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии хешро мустаҳкаму побарҷо нигоҳ дорем ва ба ҷаҳониён онро тарғибу ташвиқ намуда, муаррифӣ созем.
Ҳасани Назар дар тақвияти ин гуфтаҳо аз суханони пурҳикмати Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда чунин гуфт: “Моро зарур аст, ки худогоҳу худшинос бошем, таърихи пурифтихору фарҳанги оламшумули ниёкони сарбаланди хешро омўзем, ба хизматҳои беназири адибону мутафаккирони номдори пешинаамон арҷ гузорем ва барои ҳифзи суннату анъанаҳои неке, ки аз замони бостон то ба имрӯз боқӣ мондаанд, талош варзем, хотираи фарҳангиву таърихии худро тавсеа бахшем, барои пойдории истиқлолу озодии давлати миллиамон ва ҳар як ваҷаб хоки ин Ватани муқаддас ҳамеша омода бошем”.
Ҳангоми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» Ҳасан Назар дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат адои хизмати модар -Ватан мекард ва ӯ бар замми уҳдадориҳои ҳарбӣ ҳамчунин аз шароиту имконоти фароҳамовардашуда дар қисми низомии ноҳияи Данғара истифода бурда, ба ин сабқати зеҳнӣ омодагӣ дидааст.
-Дар қисми низомӣ китобхона мавҷуд аст, ки аз он мо- сарбозон самаранок истифода мекардем. Дар баробари обутоби бадан, ҳамчунин баҳри баланд бардоштани дониш ва ғановати фарҳангии худ аз китобҳои гуногуни бадеӣ мутолиа намуда, аз бардоштамон ба ҳамдигар қисса мекардем, ки он хеле ҷолиб буд, - нақл мекунад ӯ.
Маҳз ақлу идрок ва тарбияи ин фарзанди бонангу ор ва худогоҳу хештаншинос аст, ки вай дар ҳамаи даврҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» фаъолона ширкат варзида, бо донишу маърифати худ Шоҳҷоиза ва 70 ҳазор сомонӣ мукофотро ба даст овард.
Ба ин муносибат дар майдони марказӣ ноҳияи Данғара маросими бошукӯҳ баргузор гардид. Роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону хонандагон ва сокинон ин ҷавони хуштолеъро зери ливо ва садои карнайу сурнай бо гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд, то ин ки дигар наврасу ҷавон низ мисли Ҳасани Назрӣ намунаи ибрат гарданд.
МУҲАББАТ
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ – ВАСИЛАИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ 14:00К И Т О Б Д О Р 13:56ХАТЛОН. ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ» 13:50РИШТАИ МЕҲР 13:44УСТОДЕ, КИ АЗ ХУД МАКТАБ ГУЗОШТ 14:16САРГУЗАШТИ ИБРАТОМӮЗИ ХАБИСА ХОЛОВА 13:39ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: БАРРАСИИ КАМБУДИҲО ВА СУПОРИШҲОИ ҚАТЪӢ 13:34
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
ШАБАФРӮЗ: БОНУЕ ДАР МАСИРИ ЭҶОД
ЗАН ДАР МАЪБАДИ КИТОБ



