Бойгонӣ

МАШЪАЛАФРӮЗИ РОҲИ ИЛМ

Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон охири моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023” баргузор гардид, ки дар он вилояти Хатлонро омӯзгори фанни физика ва астрономияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳори Сулаймон намояндагӣ карда,  бо нишон додани малакаи баланди касбӣ ғолибият ба даст овард ва сазовори Ҷоизаи "Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023" гашт. 

Даричаи ошноӣ
Абдуқаҳҳори Сулаймон 8 июли соли 1992 дар ноҳияи Темурмалик дар оилаи табиб ба дунё омадааст. Соли 2010 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ба номи Хоҷа Давлатови ноҳияи Темурмаликро бо баҳои хубу аъло хатм карда, тибқи Квотаи президентӣ ба факултети физика ва метематикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил мешавад. Фаъолияти омӯзгориашро ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-шаҳри Кӯлоб ба ҳайси омӯзгори фанни физика оғоз карда, баъдан соли 2019 ба Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб ба кор мегузарад.   

Роҳи шараф 
Абдуқаҳҳори Сулаймон бо самимияту азми қавӣ гомҳои устувори хешро дар ҷодаи пурмашаққати омӯзгорӣ гузошта истодааст. Чун аз сидқи дил заҳмат мекашад, маҳсули заҳматаш самар оварда    истодааст. 
- Аз овони мактабхонӣ шавқу рағбати ман ба фанҳои дақиқ ниҳоят зиёд буд, - ба ёд овард Абдуқаҳҳор. 
- Пайваста дар олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон аз фанни физика иштирок мекардам ва борҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаам. Бо роҳнамоии устодони муассисаи таълимии №4-и ба номи Хоҷа Давлатови ноҳияи Темурмалик ба монанди Сайдамир Одинаев, Кенҷа Хамаев, Алишер Алладустов, Равшан Қишиқов, Маҳмадраҷаб Муродов ва Даврон Адаев тамоми нозукиҳои фанҳои дақиқро меомӯхтам. Сахтгириҳои ин устодони мушфиқу ғамхор буд, ки имрӯзҳо ман ба ин мартаба расидам. Аз ин лиҳоз ба ҳар кадоми онҳо изҳори сипос менамоям. Ҳамаи ин омӯзгорон ба қавле барои ман идеал буданд ва ҳамеша дар дил орзу доштам, ки чун бузург шавам ҳатман касби пуршарафи омӯзгориро интихоб мекунам,- бо хушнудӣ гуфт Абдуқаҳҳори Сулаймон.
Чун азмаш қавӣ буд, баъди хатми донишгоҳ Абдуқаҳҳор ба орзуи деринаи худ мерасад ва соли 2019 фаъолияташро дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб ба ҳайси омӯзгори фанни физика оғоз мебахшад. Дар як муддати кўтоҳ дар ин боргоҳи илму маърифат ӯ тавонист ба дастовардҳои зиёде ноил гардад. 15 нафар шогирдонаш дар олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ва беш аз 20 нафари дигар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Бо ташаббуси ӯ дар ин муассисаи таълимӣ маҳфили “Дӯстдорони физика” роҳандозӣ карда шуд, ки ҳаводорони зиёдеро ба ҳам овардааст.  Илова бар ин шогирдонаш дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” фаъолона иштирок карда, дар даври ҷумҳуриявии ин озмун ҷойҳои ифтихориро сазовор гаштанд. 

Дар баробари шогирдон худи ӯ низ дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунад. Соли 2022 бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020 – 2040 дар озмуни “Ҷоизаи давлатии барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” иштирок намуда, ғолибият ба даст меорад ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Диплом ва 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад. Инчунин, барои натиҷаи баланди меҳнатӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст. 
Абдуқаҳҳор дар давоми солҳои фаъолияти омӯзгорӣ дастикам 4 дастури таълимӣ - методӣ таҳияву нашр кардааст. Ҳоло рисолаи илмии худро дар самти астрономия зери роҳбари доктори илмҳои таърих, профессор Хайёл Бобоев мехоҳад ҳимоя кунад.
- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба рушди он диққати махсус медиҳанд. Ҳамин дастгириҳост, ки ҷавонон рӯз то рӯз рушд намудаву дар озмунҳои дохилию байналмилаӣ ҷойҳои намоёнро ишғол карда истодаанд. Таъсиси Квотаи президентӣ худ намунаи волои ғамхории Президенти кишварамон нисбат ба ояндаи ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ мо омӯзгорони ҷавон вазифадорем, ба қадри ин ҳама корнамоиҳои бемисли Сарвари маҳбубамон расем ва атрофи ин марди таърихсозу таърихофар муттаҳид шуда, барои ободонии Ватани азизамон талош намоем ва дар таълиму тарбияи насли наврас ҳиссаи арзандаи хешро гузорем, - мегӯяд ин омӯзгори ҷавон. 

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,...
-Донишманди машҳури рус Антон Семёнович Макаренко дар хусуси нақш ва ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа фармудааст: «Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хидмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт». Даме, ки устод шогирди бо ҷон парвардаашро соҳибкамол мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст, зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Агар ҳар инсон пеши худ мақсаду маром гузораду баҳри амалишавии он аз сидқи дил талош варзад, ҳатман, ба орзуяш мерасад. Танҳо кӯшишу заҳмат лозим,-гуфт дар фарҷоми суҳбат Абдуқаҳҳори Сулаймон.

Сулаймон СУЛТОНОВ, ш. Кўлоб


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019