Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Эътибори Мавлоно дар Ҳинд
(Ба ифтихори ворид шудани Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО)
“Маснавии маънавӣ” дар замони Султонвалад, яъне соли 1312 дар шибҳаи ҷазираи Ҳинд шинохта шуда буд.
Дар шимолии сарзамини Ҳинд аз соли 1206 забон ва адабиёти форсӣ забони идории он минтақа ба шумор мерафт.
Замоне, ки Мавлавӣ дар маснавии хеш овози найро меорад, банголиҳо найро муқоисае бо флути Кришно, ки боиштиёқ менавозад, мебинанд ва ба ӯ таваҷҷуҳ мекунанд. Чунки ҳиндуҳо ҳам бо флут мусиқии маънавӣ ва ирфонӣ менавохтанд.
Аз соли 1500 дар Ҳинд “Маснавии маънавӣ” ва “Девони Шамс” шинохтатар мешавад. Дар даврони Акбаршоҳ ва дар даврони Шоҳҷаҳон ва аз тарафи духтари Шоҳҷаҳон – Ҷаҳоноро тафсирнависӣ оғоз меёбад.
Дар асри XVII- XVIII наметавон дид, ки ҳеҷ осори манзумеро дар Ҳиндустон дар адабиёти форсӣ- тоҷикӣ бе таъсири “Маснавии маънавӣ” навишта нашуда бошад.
Дар Синд ҳанӯз соли 711- и мелодӣ таҳти ҳукумати исломї даромада буду забони форсӣ- дариро ҳамчун забони идорӣ ҷорӣ карда буданд, нахустин шуда бо забони ноби дарӣ дар он ҷо бештар “Маснавӣ”-ро мутолиа мекардагӣ шуданд.
Шоири бузурги синдзабон Шоҳ Абдулатиф (ваф. 1751) инъикоскунандаи тафаккури Мавлоно гашт.
Қутби дигари тасаввуф ҳамзамони Мавлоно Фахруддин Иброҳим ибни Бузургмеҳр ибни Абдуғаффори Ҳамадонӣ машњур ба Ироқӣ (1213- 1289) бо Мавлоно Ҷалолуддин дар Қуния вохӯрда, дар рақси самоъ ширкат кардааст.
Ироқӣ ва Мавлоно ҳар ду дар тасаввуф шомили мактаби ҷамол буданд. Ҷавлони амвоҷи пурҳарорати ишқи Мавлоно ӯро аз Ҳиндустон ба Қуния мебарад. Девону маснавиҳои ӯ “Ламаъот” ва “Ушоқнома” мунакискунандаи тафаккури Мавлоност. Барои исботи он чанд назираи ӯро намуна меорем:
Мавлавӣ: Биё, биё, ки шудам аз ғами ту савдоӣ,
Даро, даро, ки ба ҷон омадам зи танҳоӣ.
Ироқӣ: Биё, ки бе ту ба ҷон омадам зи танҳоӣ,
Намонд сабр маро беш аз ин шикебоӣ.
Мавлавӣ: Омадам ман бе дилу ҷон эй писар,
Ранги ман бин, роз бархон эй писар.
Ироқӣ: Сар ба сар аз лутф ҷонӣ эй писар,
Хуштар аз ҷон чист, онӣ, эй писар.
Шоири ҳавзаи адибони Кашмир Софиёи Сифаҳонӣ дар баҳри “Маснавии маънавӣ” маснавии хешро ба каломи мавзун овардааст. Қитъае дорад, ки мегӯяд:
“Маснавии маънавӣ”- и Мавлавӣ,
Мурдаи садсоларо бахшад навӣ.
Ин қадар донам, ки он олиҷаноб,
Нест пайғамбар(с), вале дорад китоб.
Дарвеши Ҷовид марди дарвешдӯсту дарвешниҳод ва сӯфии покизаэътиқод дар пайравии маснавии Мавлоно маснавӣ навишта, онро бо чунин сатрҳо оғоз бахшидааст:
Най, ки ҳар дам сад ривоят мекунад,
Аз лаби нойе ривоят мекунад.
Машнав аз най, бишнав аз соҳибнафас,
К -аз ҷимодӣ нола нашнидаст кас.
Халифа Иброҳим (и сонӣ) дафтари ҳафтуми “Маснавии маънавӣ”- ро навиштааст, онро дар ҳаҷми 6000 байт ба итмом расонидааст:
Чун Халифа муқтадои ҷузву кулл,
Он Бироҳими дувум, пири субул,
Дафтари ҳафтум бигуфт аз Маснавӣ,
“Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ.
Агар Мавлоно гуфта бошад:
Бади навмедӣ басе умедҳост,
Аз паси зулмат басе хуршедҳост.
Ҷамолии Деҳлавӣ мегӯяд:
Умед ҳаст баъд аз ноумедӣ,
Сиёҳӣ чун равад, ояд сапедӣ.
Муҳаммадафзали Сархуш (1640 1717) дар маснавии “Нур ало нур” достонашро бо ин байт оғоз кардааст:
Шиша аз қул-қул ҳикоят мекунад,
Ғамзаи соқӣ ривоят мекунд.
Дар манотиқи мусулмоннишини Ҳиндустон дар хонаву китобхонаҳо ҳатман “Қуръон”, “Маснавии маънавӣ” ва “Девони Ҳофиз” будааст. Ҳангоми дар Ҳиндустон буданам, дар “Муғулмасҷид”-и маҳалли “Кутубминор”-и шаҳри Агра китоби “Маснавии манавӣ”-ро дидам. Чун ба фақеҳи он масҷид Шукруллоҳ дар суҳбат шудам, ӯ ба зудӣ симои дигар гирифт, гӯё гумкардаи худро дарёфта бошад, самимона табассуми ширин дар лабонаш пайдо шуду бо забони ширини форсӣ чанд байтҳои маснавиро бадоатан қироат карда, пасон китоби “Маснавии маънавӣ”- ро боэҳтиром гирифту чанд саҳифа бархонду шарҳи онро бо забони урду гуфт, таассуф хӯрд, ки ӯ забони форсиро намедонад.
Дар маҳали “Ганҷулдарё” ва дар “Ҷамъияти муттарақии исломӣ” , дар Деҳлии куҳна бозори калони китобфурӯшӣ будааст. Аз он ҷо китоберо бо ҳуруфи ҳиндӣ дарёфт кардаам, ки “Базме сухан” ном доштааст, ки дар он шоирони форсизабони Ҳинд аз таъсирпазирӣ аз абёти Мавлоно назира ва татаъбу навиштаанд, гирд оварда шуда будааст.
Муддати дар Ҳиндустон буданам бо профессор Шариф Ҳусайн Қосимӣ вохўрдам, ки ӯ маро дар омӯзиши Мавлоно роҳбаладӣ карда, базе ҷузъиётҳои муҳимми мавлоношиносиро аз китобхонаҳо, Марказҳои фарҳангии Эрон ва Афғонистон дар Ҳиндустон ошно кард.
Ҳусайн Қосимӣ мавлоношиноси машҳури Ҳиндустон будааст, теъдоди зиёде рисолаву мақолаҳо дар бораи Мавлоно навишта будааст. Яке аз шоҳкориҳои азими ӯ китобе бо номи “A DESCRIРTIV CATFLOGUE OF THE MAUSCRIPTS AND EDITIOS OF MAULANA RUMIS WORKS IN INDIA ба чоп ҳозир кардааст, ки барои ҳамаи муҳаққиқони Мавлоно дар Ҳиндустон дастури раҳнамост. Дар китоб санад, таърих, муаллиф, номи шарҳи “Маснавӣ”, бо рақами котологии кадом китобхона дар кадом шаҳри Ҳиндустон маҳфуз аст, ба тартиб овардааст.
Дар китоб 419 шарҳ ва 166 шарҳи мукаммали “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоноро возеҳу равшан баён кардааст. Дар боби алоҳида 212 нафар муаллифони шарҳнависро ба хонанда ошно кардааст.
Фаҳмидам, ки дар он ҷо ба Мавлоно муҳаббати беандоза доштанд, зеро “Девони Кабир”, “Маснавии маънавӣ”, “Фиҳи мо фиҳи” ва “Мактубот” аз тарафи чандин муаллифон бо забони ҳиндӣ тарҷума шудааст. Китоби “Фиҳи мо фиҳи”-ро Мавлоно Шамси Барровӣ тарҷума карда будааст ва Шивнатҳ бо номи “Румӣ суфиёна ќалам” қаламкашони сӯфияро бо тарҷумаи ҳиндӣ гирд оварда будааст. Китобе бо номи “The spiritual couplets of Rumi Sufi Moifna Jalal ad din Rumi”-ро харидам, ки дар он сурудҳои ирфонаии Мавлоноро бо забони англисӣ тарҷума кардаанд.
Дар китобхонаи Донишгоҳи миллии Ҳиндустон дар Деҳлӣ “Шарҳи шарифи Маснавии маънавӣ”-и Баҳрулулумро дарёфта, мутолиа кардам, ки он аз беҳтарин шурӯҳи мавлоношиносӣ ба шумор мерафтааст. Аксари шарҳнависони минбаъда аз ин ганҷинаи бебаҳо ғановат гирифта, шарҳҳои шарифи худро навиштаанд. Мусташриқони Аврупо аз кабили Эва де Витри аз Франсия, Аннамери Шиммел аз Олмон ва Роналд Никелсон аз Британиё аз ин сарчашмаи муътамад истифода бурдаанд.
Никелсон тафсири олим ва муҳаққиқи ҳиндӣ Абдул -алӣ Баҳрулулум (1731-1815) -ро бо унвони беҳтарин тафсир шинохтааст.
Саромади мавлоношиноси дунё доктор Бадеъуззамон Фурӯзонфар дар Эрон “Шарҳи шарифи Маснавии маънавӣ”-и Баҳрулулумро дар даҳ ҷилд гирд овардааст.
Ҳар касе, ашъори Муҳаммад Иқболро мутолиа намояд, медонад, ки Иқбол то чӣ андоза мутаассир аз Мавлоно будааст.
Шоирони бешумори пасини Мавлоно дар Ҳиндустон рӯ ба Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ оварда, дар пайравии “Маснавии маънавӣ”-и ӯ маснавиҳои худро навиштаанд, ки шарњи њамаи он аз имкон берун аст.
Сайҳомиддин Назруллоев, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии маҳфили илмӣ- оммавии «Бонги най»
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД