Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Истиқлолият омили шукуфоиву саодати миллат аст
Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин неъмати беназир барои миллати тоҷик аст, ки он аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи гузаштагони мо сарчашма мегирад. Ин рӯйдоди фархунда ба санаи 9- уми сентябри соли 1991 рост меояд, ки дар саҳфаҳои таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ гардидааст.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва фазои амнияту субот мо рӯ ба арзишҳо ва асолати миллии хеш оварда, бо ташаббусҳои ояндасозу ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар дастоварду комёбиҳои беназир ба хотири ҳифз, рушд ва эҳёи фарҳанги таърихи халқи куҳанбунёдамон ва анъанаҳои мардумӣ корҳои бузургеро ба сомон расонидаем.
Чуноне ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Воқеан ҳам дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳри таъсис ва бунёди муассисаҳои илмӣ- фарҳангӣ - китобхона, осорхона, театр, қасрҳои фарҳанг ва дигар марказҳои маърифатӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам омад.
Аз ҷумла, имрӯзҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар тадбирҳои зиёде амалї мешавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон хазинаи китобхонаи марказии шаҳри Бохтар ва зертобеи он 53 726 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 30 000 номгў китобҳои электронӣ мебошанд.
Дар радифи иқдомҳои ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба китобу китобхонаҳо ҳамзамон, бахшида ба ҳама ҷашнҳои миллӣ пайваста фестивалу озмунҳо баргузор менамоем. Дар ин росто, кормандони китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ дар баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бевосита таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Дар ин самт мо кормандони китобхона хизматрасонии сайёри китобро ба мардум роҳандозӣ намудем, ки самараи хуб ба бор овард.
Дар ҳақиқат китоб раҳнамо, донишафзо ва ҳамдаму ҳамнишини ҳамагон буда, дирӯзу имрӯз ва фардои ҷомеаро инъикос менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳар қадар, ки доираи хонандагону ҳаводорони китоб зиёд гарданд, ҷомеа бештар рушду пешрафт хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла соҳаи фарҳанг хеле рушд ёфт. Дар ин давра теъдоди нашриёту чопхонаҳо батадриҷ афзуда, сол аз сол аз ҳисоби адабиёти тозанашр хазинаи китобхонаҳои оммавӣ афзун мегардад.
Ҳамзамон, сол аз сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо таваҷҷуҳ ба китобу китобхонаҳо меафзояд, ки ин аз ояндаи дурахшони ҷомеа ва давлати мо дарак медиҳад, чаро ки муҳимтарин василаи маърифатнокии аҳолӣ, тарбияи ҷомеа дар руҳияи арзишҳои муҳимми миллату давлатдорӣ ин ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба мутолиаи китоб аст. Маҳз қудрати бузургу беназири илму донишандӯзӣ буда, ки бузургони илму ирфон таълими инсониятро бо паёми “Бихон!” оғоз бинмудаанд.
Қурбонгул Раҷабзода, директори Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



