Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ОҒОЗ ГАРДИД
Дирӯз дар ноҳияи Дӯстӣ маъракаи чиниши пахта оғоз гардид, ки дар рафти ҷамъоварии ин ашёи хоми саноатӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид низ иштирок кардааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ба "Сафо" иттилоъ доданд, чиниши пахта дар ҶСП " Ҷунтай-Хатлон-Син Силу"- и ҷамоати деҳоти "Нури Вахш"- и ноҳияи оғоз шудааст, ки нашъунамои пахта дар заминҳои ин ҷамъият хуб арзёбӣ мегардад.

Имсол саҳмдорони ҷамъияти болозикр дар масоҳати 3 ҳазору 568 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ” кишт кардаанд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ буда, имкон аст то 33 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шавад.
Дар маҷмуъ,тибқи дурнамо кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ нақша доранд 18 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд, ки аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна беш аз 33 сентнерӣ рост меояд.

Раиси вилоят бо кишоварзон ва саҳмдорони ҶСП "Ҷунтай-Хатлон-Син Силу" сӯҳбат карда, ба онҳо хирмани пурбори "тиллои сафед"-ро орзу кард.
Иттилоъ гирифтем, ки Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” аз соли 2015 инҷониб дар ноҳияи Дӯстӣ фаъолият карда, дар вақти кишту парвариш ва ҷамъоварии ҳосили пахта зиёда аз ду ҳазор сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



