Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚАРЗДИҲӢ АЗ ҶОНИБИ БОНКҲО ЗИЁД ШУДААСТ
Аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Тавре мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Самадзода Фирдавс зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, қарзҳои додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 319,7 миллион сомонӣ, ё 36,4 фоиз зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳиссаи асосии қарзҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ – 30 фоиз, саноат – 4,4 дарсад, сохтмон – 3 фоиз, нақлиёт – 0,5 фисад, хӯроки ҷамъиятӣ – 0,1 фоиз, хизматрасонӣ – 7,3 фоиз, савдои хориҷӣ – 9,9, истеъмолот – 42,2 ва дигар соҳаҳо 2,8 фоизро дар бар мегирад.
-Бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар гардиш ва рушди иқтисодиёти минтақа иштирок доранд, ба санаи 30 июни соли равон 1,8 миллиард сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 506,5 миллион сомонӣ, ё ин ки 40,6 фоиз зиёд мебошад, - гуфт Самадзода Фирдавс.
Рӯзноманигорон бобати мушкилоти ҷойдоштаи фаъолияти бонкҳо суолҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



