Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
05 июл 10:03АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
Рушди саноат
- Гӯшт ва тухми мурғи Ҳамадонӣ, қаймоқу ҷурғоти корхонаи шири ноҳияи Данғара дар мағозаҳои ноҳияҳои Фархор, Восеъ бозгӯи заҳмат ва муваффақияти соҳибкорони ин ноҳияҳо мебошад, ки бо бунёди корхонаҳои саноатӣ саҳми худро дар рушди иқтисодиёти ноҳия гузошта истодаанд, - мегӯянд сокинони ноҳияи Восеъ, ки аз муштариёни доимии маҳсулоти маҳаллӣ мебошанд.
Агар фаъолияти соҳибкоронро дар байни шаҳру ноҳияҳои минтақа таҳлилу муқоиса намоем дар ҳақиқат солҳои охир беҳбудие дар фаъолияти соҳибкорони ноҳияи Ҳамадонӣ бештар ба чамш мерасад. Исботи ин гуфтаҳо ба пуррагӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ мумфарш кардани масофаи 13 километр роҳи моҳияти ҷумҳуриявидоштаи байни деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ ва маркази ноҳияи Ҳамадонӣ мебошад.

Шарифхон Иброҳимов, сокини деҳаи Сайёди, Ҷамоати деҳоти Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар корхонаи мурғпараварии «Мурғи Сайёд» фаъолият дорад. Ба гуфтаи ӯ дар корхонаи мазкур чор нафар кор мекунанд. Музди маоши онҳо то 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Корхонаи мурғпараварии «Мурғи Сайёд» соли 2020 ба фаъолият оғоз намуда, айни замон саршумори мурғро ба 11 ҳазор сар расонидааст. Рӯзе дар ин коргоҳ то 9 ҳазор дона тухм истеҳсол шуда, моҳона то 27 ҳазор дона тухм ба нуқтаҳои савдо барварда мешавад. Маҳсулоти коргоҳи мазкур бештар ба мағозаҳои ноҳия бароварда шуда, инчунин соҳибкорони ноҳияи Фархор низ тухми истеҳсолкардаи ин коргоҳро ба деҳу деҳкадаҳои ноҳияи худ мебаранд.

Дар назди «Коперативи истеҳсолии 2010» барои истеҳсоли ашёи хом замин низ дорем ва дар он хӯрокаи паранда, яъне ҷуворимакка ва гандум корида мешавад. Хӯрокаро бо осёби махсуси барои хӯроки паранда орд карда шуда, ба он боз 7-8 номгӯи дигари консентратро илова мекунанд.
Талабот ба маҳсулоти гӯштӣ дар бозорҳои кишвар зиёд буда, барои паст кардани арзиши он истеҳсолро бояд зиёд кард. Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду корхонаи парандапарварӣ фаъолият мекунанд, ки дар ин корхонаҳо сол ба сол шумораи мурғ ва истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда зиёд мегардад.
Коперативи тиҷоратии «Наҷмиддини Ҳаёт»-и Ҷамоати деҳоти Дашти гулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ моҳи июни соли 2022 ба фаъолият оғоз карда, дар он мутахассисони маҳаллӣ ва ҳам аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд кору фаъолият доранд. Дар марҳилаи аввал дар ин коргоҳ парвариши нуҳ ҳазор сар чӯҷаи гӯштиро ба роҳ монда буданд. Баъдан, то ба имрӯз саршумори мурғи гӯштӣ ба 16 ҳазор сар расонида шуд. Дар ин коргоҳ чӯҷаҳои гӯштиро муддати 45 рӯз парвариш намуда, баъдан гӯшти онро ба мағозаҳои бароварда мешавад.

Баъди 45 рӯз боз аз сари нав чӯҷа меорему парвариш мекунем. Ба ҷӯҷаҳо то 10 рӯзагӣ як намуди хӯрока ва баъди он то ба 25 рӯзагиаш дигар хӯрока ва баъди 25 рӯзагӣ пурра дигар хӯрокаи серғизо медиҳем. Дар муддати як сол панҷ маротиба гӯшти паранда истеҳсол кардаем. Ҳар маротиба 29-30 тоннагӣ гӯшт истеҳсол шудааст. Дар давоми сол бошад 150 тоннаро ташкил мекунад. Арзиши як килограмм гӯшти парандаи истеҳсолкардаи мо 22-23 сомониро ташкил мекунад. Маҳсулоти гӯшти парандаи истеҳсол кардаи мо ба мағозахои ноҳияи Ҳамадонӣ ва дигар шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб ва ба шаҳри Душанбе низ бурда мешавад. Баъди ба истеҳсоли гӯшти паранда шуруъ кардани корхонаи мо арзиши гӯшти мурғ дар бозорҳо ва мағозаҳои ноҳия ва минтақа паст шуд. Дар вақти истеҳсол кардани гӯшт 45 рӯз баъд муваққатан 10-15 нафар бонувонро барои тоза кардани мурғ ба кор ҷалб мегарданд, – мегӯяд Ҳилолидин Ёров, коргари корхонаи парандапарварии Кооперативи тиҷоратии «Наҷмиддини Ҳаёт».
Тоҳир Рафиев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ иброз медорад, ки Коперативи тиҷоратии «Наҷмиддини Ҳаёт»-и ноҳияи Ҳамдонӣ як сол пеш бо иқтидори 15 ҳазор чӯҷа барои гӯшти паранда ба фаъолият оғоз кард. Майдони кооператив васеъ буда, бунёди биноҳои иловагӣ ва зиёд кардани саршумори паранда дар нақшаи роҳбарияти корхона ҳаст. Заминҳо барои кишти маҳсулоти хӯроки паранда низ мавҷуд аст.
Корхонаи «Мурғи Сайёд» низ барои васеъ кардани корхонаи парандапарварӣ чунин имкониятҳоро дорад.
Б. Халилиён, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД




