Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Роҳнамо
Баъди хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ ба зодгоҳам деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод омадам ва дар МТМУ№34 ба ҳайси омўзгор ба фаъолият шуруъ кардам. Аз ҳамон вақт ғоибона бо директори муваффақ Раъно Мирзоева (Раҳимзода) ошноӣ пайдо намудам.
Баъди он ки бо амри тақдир маро дар мактаби №34-и деҳаамон директор таъйин карданд, бо зани отифаю оқила, ки он вақт ҷонишини раиси ноҳия буданд, аз наздик шинос шудам. Дар ҷамъомадҳо, ҷаласаҳои ҷамоати деҳот ва дигар чорабиниву вохӯриҳо ӯро медидам. Салиқаи суханрониҳояш писандам меомад, ки андешаҳои худро бо гуфтаҳои Президенти кишвар ва суханони ибратбахши бузургони адаб тақвият бахшида, ба мардум мерасониданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суҳбаташон бо занони муваффақ гуфта буданд: «Шумоён нигини тоҷи миллатед». Ин баҳои беназире буд, ки Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарон дода буданд. Бемуболиға ба ин баҳои Сарвари давлат бонувони фаъол мисли Раъно Раҳимзода арзандаанд. Зеро аз овони мактабхонӣ ва баъдан дар куҷое таҳсил карда фаъолият намуда бошанд, ҳамеша намунаи ибрати дигарон буданд. Мактаби миёнаро бо медали тилло ва Донишгоҳи омӯзгориро бо дипломи аъло хатм карда, дар фаъолияти минбаъдаашон аз зумраи сарварони муваффақ буданд. Баъдан, ба ҳайси мудири шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, муовини раиси ноҳия ва раиси ноҳияи Фархор кор карда, бо садоқату заҳмати шабонарӯзӣ миёни мардум маҳбубият пайдо кардаанд. Солҳои дар вазифаи сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ давлатии вилояти Хатлон фаъолият бинмуданашон дар ҳаллу фасли мушкилоти бонувон ва оилаҳои ҷавон муваффақиятҳои зиёд доштанд.
Раъно Раҳимзода барои фаъолияти назаррас дар ҷодаи таълиму тарбия ва рушди соҳаи фарҳанг бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Соли 2013 бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» ва соли 2022 «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Камина имрӯз дар вазифаи сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор фаъолият дошта, ҳамеша аз маслиҳату роҳнамоиҳои ӯ баҳравар мебошам. Раъно Раҳимзода имрўз ҳам донишу таҷрибаи андухтаашро дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби ғояҳои ватанпарастӣ, маърифати оиладорӣ ва роҳнамоии ҷавонон истифода намуда истодааст. Эшон барои пешрафти мо мутахассисони ҷавон пайваста таъкид медоранд, ки сатҳи донишатонро баланд бардошта, такмил диҳед.
Воқеан ҳам, рӯзгору фаъолияти Раъно Раҳимзода ва заноне чун ў ибратбахшу омўзанда мебошад. Зеро бо хулқу ахлоқи ҳамида ва фарҳанги баланд дар зеҳну замири бонувон маъво гирифтааст, ки ҳамарӯза аз ин ё он ноҳия занг зада, ҳолпурсиаш мекунанд.
Зубедамо Салимова, ноҳияи Фархор
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



