Истиқлолият ва ормонҳои миллӣ
Таҷрибаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таърихи гузаштаву рӯзу рӯзгорони халқу миллатҳои ҷаҳони муосир собит менамояд, ки истиқлолият, озодӣ, сулҳу ваҳдат ва ҳаёти осуда на ба ҳама қавму миллатҳои олам насиб мегардад. Аммо кишварҳои пешрафтаву мардумони соҳибватану меросбари фарҳангу тамаддуни ниёгони хеш истиқлолияти давлатии сарзамини аҷдодии худро ба осонӣ ба даст наоварда- анд. Бешак, дар таърихи давлатдории миллату халқиятҳои олам ватандорон марҳилаҳои муҳими саропо аз муборизаву ҷонфидоиҳоро паси сар намудаву дар ин масири ифтихор фарзандони далеру шуҷои хешро аз даст додаанд. Таърихи пурфоҷиаи миллӣ ва ҳам даврони авҷу шуҳрату ва шукӯҳу ҷалоли халқи тоҷик ҳам дар ин маврид истисно нест. Гарчанде ки дар солҳои 1990-ум истиқлолияти давлатии собиқ ҷумҳуриҳои шуравиро натиҷаи заволи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ арзёбӣ менамуданд, аммо истиқлолияти воқеӣ ва доштани давлати соҳибистиқлоли мо санҷишу имтиҳони сангини таърихро дар пай дошт. Ба бахти мардуми азияткашидаи Тоҷикистон дар ҳамон даврони даргириву сарсониҳо аз миёни вакилони мардумӣ намояндаи халқи одӣ вакили ҷавону дар сиёсатҳои бузург муаррифӣ нашуда, зуҳур намуд, ки зимоми давлатдориро ба уҳда гирифта, аз минбари Иҷлосияи ХХV1- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми азияткашидаи Ватани худ ваъда дод: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ҳаминак, дар тӯли 30 сол, ки назди таъ- рих фурсати начандон зиёдест Роҳнамои халқ сарзаминро аз парокандагӣ ва миллатро аз парешонӣ наҷот бахшида, баъди барқарорсозии харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, бо даъвати мардум ба корҳои ободонӣ Тоҷикистонро ба кишвари сарсабзу шукуфо табдил дода истодааст. Пешвои муаззами миллат бо эҳё ва рушди анъанаҳои неки ниёгон дубора зинда кардани номи нухбагони миллат ва намои ду- бораи корномаи таърихии онҳо дар ҳифзи забону фарҳанг ва ҳимояи марзу буми Ватан, тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар ба оламиён муаррифӣ намуд. Ташаббусҳои гуногунҷабҳаи Сарвари давлат дар масири давлатдориву бунёди ҷомеаи навин бозгӯи он аст, ки Истиқлолияти давлатӣ аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгони мо ба ҳисоб рафта, баъди муборизаву ҷонфидоиҳои тӯлонии таърих ба рӯзу рӯзгорони наслҳои имрӯзи ин сарзамини муқаддас насиб гардидааст. Таҳкими ғояи ваҳдати миллӣ, таваҷҷуҳ ба тарбияи ватандӯстии насли ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқол баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби арзишҳои муқаддас ва ифтихор миллату давлатдорӣ ва ҳидояти мардум ҷиҳати дар амал татбиқ на- мудани андешаҳои созандагӣ аз иқдомҳои ояндасозеанд, ки мардумро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ва расидан ба ҳадафҳои пешги- рифтаи Сарвари давлат таҳрик медиҳанд. Дар умум, хизматҳои бузурги Пешвои муаззами милллат дар масири рушди устувори Тоҷикистон, татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ, иттиҳоду сарҷамъии мардум ва роҳнамоии онҳо ба сӯи ояндаи дурахшон аз корномаҳои мондагори таърихи се даҳсолаи охир аст, ки тавзеҳу тавсифи он дар як матлабу ҳатто достони таърихӣ имконнопазир аст. Аммо барои ҳифзи он ҳама муваффақияту дастовардҳои муҳиме, ки бо ташаббусҳои бевоситаи роҳнамои миллат дар замони Истиқлоли давлатӣ ба даст овардаем, аз яко- яки мо шаҳрвандони Тоҷикистони азиз ҳисси масъулиятшиносӣ мехоҳад. Биноан, дар шароити имрӯзи ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ боиси омезиши фарҳангу маданияти ҷомеаи башарӣ мегардад, дар ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи маънавиёти ҷомеа аз идеологияи хатарзо донишу амиқу ҷаҳонбинӣ васеъ, далериву шуҷоату ҷинфидоӣ ва азму иродаи шикастнопазир мебояд, ки бояд насли имрӯза ояндаи худро дар ин рӯҳия ба воя би- расонем.
«САФО»