Бойгонӣ

Сафои истиқлол

Дар таърихи давлатдории халқу миллатҳои гуногуни олам санаҳои муҳими тақдирсозе  дарҷ гардидаанд, ки натанҳо ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад, балки мардуми кишварамон бо ҳисси 
ифтихору сарбаландӣ таҷлили ин рӯйдодҳои 
тақдирсозро босаброна интизорӣ кашида, 
онро ҳамчун ҷашни муқаддаси миллату 
давлатдорӣ истиқбол менамояд. Дар таърихи
навини Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор 
рӯйдодҳои сарнавиштсоз ба вуқӯъ пайвастааст, 
ки дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои 
заррин ҳаккокӣ шудааст. 

Санаи 9-уми сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдоди тақдирсоз барои миллати тамаддунофари тоҷик ба ҳисоб меравад, ки орзуву ормони ба ин замони 
саодатмандӣ расиданро ниёкони мо аз насл ба 
насл дар зеҳну замири худ парвардаву дар ин 
масири пуршараф ҷонфидоиҳои беназире нишон
додаанд. Гарчанде ки дар оғоз истиқлолияти давлатӣ барои ҷумҳуриҳои бародар саҳлу осон ба даст омад, валекин, дар ин миён бо љэҷурми иддае аз мансабталошону нафарони дар сиёсатҳои калон
бетаҷриба, мардуми Тоҷикистон барои ба 
даст овардани истиқлолияти комил товони бузурге
додаанд…
Ҳамин тавр, бо дахолате неруҳои бадхоҳи хориҷӣ ва фирефта шудани баъзе бо ном Ҳукумати вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби
муноқишаҳои шаҳрвандӣ печида, бар 
вари ҷавони кишвар ва ҷаҳду 
талошҳои ватандӯстонаи муҳтарам 
Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба 
мусолиҳа овардани ҷонибҳои мухолиф
дар таърихи 27-уми июни 
соли 1997 Созишномаи истиқрори 
сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо 
расид. Дар ҳақиқат раванди сулҳи 
тоҷикон, ки дар таърихи башарият 
беназир арзёбӣ мегардад, натанҳо 
имтиҳони бузурги сиёсӣ барои як 
сиёсатмадори ҷавон, балки намунаи
ибратомӯзӣ барои ҷомеаи 
башарӣ ба ҳисоб мерафт. Бо гузашти солҳо ҷомеаи 
Тоҷикистон ба дарки ин нукта расид, ки баъди ҳазорсолаҳои Ҷаҳду муборизаҳои фидокоронаи фарзандони фарзонаи миллати
тоҷик билохира аз миёни халқи одӣ
шахсияти таърихсозе бо фитрати асилу хиради
азалӣ зуҳур намуда, халқи азияткашидаи
Тоҷикистонро аз гирдоби муноқишаву 
парешониҳо ва сарзамини аҷдодии моро аз парокандагӣ наҷот бахшид. Ҳаминак, дар тӯли 
начандон зиёди таърихи соҳибистиқлолии 
кишвар тоҷиконро дар миқёси олам ҳамчун 
миллати тамаддунофар муаррифӣ намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои 
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷаҳду 
талошҳо дар раванди сулҳи тоҷикон ҳамзамон 
зиёда як миллион мардуми ба Афғонистону 
дигар кишварҳо ҳиҷратнамударо дубора ба ватани худ баргардонид. Баъди ба имзои расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва барқарорсозии 
оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ Сарвари
хирадманд бо масъалагузориҳои 
ҷадид ва саҳмгузориҳо дар амалӣ
гардидани ташаббусҳои сатҳи 
ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар ҷаласаву 
симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ
муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи 
ҷаҳониро ба ҳаллу фасли масъалаҳои 
глобалии башарият ҷалб менамояд. Бо 
мақсади муаррифии фарҳангу тамаддуни
миллати тоҷик дар арсаи олам 
ва роҳандозӣ намудани иқдомҳои ояндасоз 
фарҳангу арзишҳои миллии халқи тоҷикро аз нав эҳё намуд. Натиҷаи ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат мардумони кишварҳои олам халқи тоҷикро ҳамчун миллати
соҳибтамаддун ва меросдори илму 
фарҳанги воло мешиносанд.Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба расму 
анъанаҳои неки давлатдории гузаштагонамон
иқдомҳои ободгароиро пеша намуда, 
бо фарҳангу волои давлатсозӣ ва тарғиби 
овардани зиндагӣ шоистаи мардум ва 
пешнињоду масъалагузориҳои сатҳи 
ҷаҳонӣ миёни сиёсатмадорони сатҳи 
ҷаҳонӣ маъруфу маҳбубият пайдо 
карда, ҷомеаи башарӣ дар симои Сарвари
давлати мо Пешвои наҷотбахши 
миллат ва эҳёгари Тоҷикистони навинро
мебинад.Биноан, 31 соли даврони 
соҳибистиқлолии Тоҷикистон як давраи
муҳими таърихиро мемонад, ки бо 
роҳнамоии халқ ҷиҳати саъю талошҳо 
дар роҳи ватансозӣ таҳкими сулҳу 
ваздати миллӣ саъю талошҳо баҳри рушди самтзои гуногуни хоҷагии халқ, Пешвои 
миллат орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамонро
дар амал татбиқ карда истодааст. Дар 
ин давраи рӯи кор омадани ташббусҳои бузургисозандагӣ мардуми шарифи Тоҷикистон 
бо роҳкушоиву ҳидоятҳои хирадмандонаи 
Сарвари давлат масири ифтихори миллату 
давлатдории мустақилро паси сар намуда, бо 
дастоварду музаффариятҳои назаррас мақоми 
Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои рӯ ба рушди устувор тақвият бахшид.
Хизматҳои шоёни эҳёгари Тоҷикистони 
соҳибистиқлол достони сарнавиштсозеро
мемонад, ки инъикоси комили он дар як 
матлаб намеғунҷад. Зеро, насли солманди 
Тоҷикистони азиз шоҳиди воқеии 
солҳои аввали соҳибистиқлолии 
кишварамон мебошанд, ки мардум 
пешрафту дастовардҳо ва амалисозии
тарҳҳои бузургу тадбирҳои 
муҳими андешидашудаи имрӯзи 
ҷомеаи мо як сӯистад, ҳатто касе 
бовар надошт, ки андар сарзамини 
ба гирдоби муноқишаву даргириҳо 
замоне садои тир сокит шуда, 
марҳилаи ояндасозиву созандагиҳо 
оғоз меёбад. Ба бахту иқболи баланди миллати 
тоҷик наљэҷотбахши давлату халқи 
Тоҷикистон дар партави сиёсати 
хирадмандона ва таҳкими сулҳу 
ваздати миллӣ, ҳифзи истиқлолият, 
таъмини зиндагии шоистаи мардум
ва дигар андешаҳои бузурги 
ватансозӣ Тоҷикистонро ба ҷабҳаи бузурги 
созандагӣ табдил медиҳад.
Иқдомҳои ояндасози Пешвои муаззами 
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати 
Ҳидояти ҷомеа ба корҳои ободгароӣ танҳо дар солҳои истиқболи арзанда аз ҷашни 30- 
солагии Истиқлолияти давлатӣ то дар дурдасттарин
рустоҳои кишварамон самараи  дилхоҳ ба бор овард. Айни замон иқдомҳои ободониву ояндасоз ҷиҳати фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум бо суръати тоза идома дошта, мардуми меҳандӯсти Тоҷикистон барои ободии хонаву маҳали зисти хеш камари ҳиммат бастаанд.
                                               «САФО»
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019