Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Машварати августии маорифчиёни вилояти Хатлон
Имрӯз,19-уми августи соли равон дар шаҳри Бохтар машварати августии кормадони маорифи вилояти Хатлон доир шуд, ки дар он вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода,мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону фаъолони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёна ва дигар шахсони масъули соҳа иштирок доштанд.Қабл аз оғози аз машварати августии кормандони соҳаи маориф дар саҳни Қасри Фарҳанги шаҳри Бохтар намоиши дастовардҳои маорифчиёни вилояти Хатон пешниҳод меҳмонону иштирокчиён карда шуд.
Сипас, дар толори Қасри Фарҳанг машварати августии кормандони соҳаи маорифи Хатлон оғоз ёфт. Саравал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, доир ба бурду бохти соҳаи маорифчиён ибрози андеша кард.

Гуфта шуд, ки маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, омили муҳими пешрафти давлату Ҳукмат маънидод мегардад. Бо ин мақсад маблағгузории соҳа аз буҷети давлатӣ сол ба сол афзуда, барои таълиму тарбияи насли наврас шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъмини адабиёти таълимӣ инчунин, ҳамасола дар назди муасссиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода мешавад. Аммо бинобар афзоиши нуфуси аҳолӣ сол аз сол дар қиёс ба хатмкунандагони мактабҳо шумораи кӯдакони ба синфи якум қабулшуда нисбатан зиёд аст. Агар дар соли ҷорӣ муассисаҳои таълимии вилоятро 45 ҳазору 973 нафар хонандагони синфи 11 хатм карда бошанд, пас, шумораи кӯдакони ба синфи якум қабулгардида ба 102 ҳазору 274 нафар мерасад. Бинобар ин, ҳамасола дар шаҳру навоҳии вилоят талабот ба муассисаҳои наву замонавии таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ зиёд мешавад.
Дар идомаи суханронӣ хеш раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки соли ҷорӣ хонандагони муассисҳои таълимии вилояти Хатлон дар даври ниҳоии Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ то имрӯз 620 ҷойи ифтихориро соҳиб гаштаанд, ки аз инҳо 82 медали тилло, 184 медали нуқра ва 354 медали биринҷӣ мебошад, ки нисбати соли гузашта 195 медал зиёд ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштаанд.
Таъкид карда шуд, ки дастовардҳои муасссиаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаи сатҳи байналмиллалӣ сазовори61 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки дар маҷмӯъ дастовардҳои толибилмон681 ададро ташкил менамояд. Бори аввал муваффақияти Худойқулова Омина – хонандаи синфи 9, литсейи №1-и ноҳияи Восеъ ғолиби ҷойи аввали озмуни байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ дар давлати Англия боиси фараҳмандии аҳли маорифи вилоят гардид, ки ин мояи сарфарозиву ифтихори маорифчиён аст.
Дар идомаи кори машварати августии кормандони соҳаи маорифи Хатлон вазири маориф ва илми Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баромад намуда, бо ёдоварӣ аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашнҳои пуршукӯҳи кишвар дар баробари бунёди иншооти гуногнуи хизматарсонӣ, ҳамзамон, садҳо муассиаҳои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шуд.
Инчунин, дар рафти машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон аз ҷониби роҳбарияти вилоят ва Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Озмуну Ҷоизаҳои таъсисдодаи Раёсати маорифи вилоят Сипосномаву мукофотпулиҳо тақдим карда шуд. Нахуст, тибқи натиҷагирӣ аз дастовардҳои соҳаи маориф Ҷоизаи “Парчами сайёри ғолиб” бо мукофоти 20 ҳазор сомонӣ, ба раиси ноҳияи Данғара ва мудири маорифи ин ноҳия супорида шуд.
Ҳамчунин, дар маросими тантанавӣ ба хотири ҳавасмандии насли наврас, хонандагоне, ки муассисаҳои таълимиро бо медали тилло ва нуқраи универсалӣ хатм намудаанд ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва ба устодони онҳо ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ мукофопулӣ ва ба волидони хонандагон Ифтихорномаи ҳукумати вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки имсол Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи касабаи вилоят Озмуни “50 номанитсияи беҳтарини маорифи Хатлон” –ро эълон карда буд, ки дар ин рӯз ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо бо ҷоизаву мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар идомаи маросими қадрдонии кормандони соҳаи маориф ҳамчунин ба собиқадорони соҳа, олмону пажуҳишгарон, роҳбарони муассисаҳои таълими оливу миёна, пешоҳангони Марказҳои рушди кӯдак ва технологияи информатсионӣ ва дигар нафароне, ки дар рушду пешрафти илму маориф саҳми арзанда гузоштаанд, бо унвони “Аълочии маориф ва илми”- Ҷумҳурии Тоҷикистон, диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳаминтавар машварати августии кормадони соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар Қасри Фарҳангии шаҳри Бохтар хубу хотирмон ва дар сатҳи баланд ҷамбаст гардид.
Далер Шарифов
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


